Аз саргирии ҳамалоти ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза

Низомиёни режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар дувумин рӯз аз поёни оташбас дар Ғазза, ҳамалоти ҳамаҷонибаи худ алайҳи шаҳрвандони мазлуми ин борикаро аз саргирифта ва беш аз 178 фаластиниро ба шаҳодат расонданд.

Режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ, ки ба ҳеҷ як аз усул ва мабонии инсонӣ ва қавонини байналмилалӣ пойбанд нест дар сояи ҳимояти Амрико ва сукути ҳақиронаи давлатҳои исломӣ ва ҳуккоми арабӣ пас аз 7 рӯз оташбаси муваққат, бори дигар ҳамалоти ваҳшёна ва бераҳмонаи худро алайҳи мардуми бедфоъ ва мазлуи Навори Ғазза оғоз кардааст.

Неруҳои муқовимати Фаластин дар Навори Ғазза шанбе 7 октябри 2023 дар вокуниш ба ҷиноёти мустамари режими ишғолгар аз ҷумла куштори фаластинён, ҳатки ҳурмати Масҷидулақсо, таҷовуз ба муҳофизони он, ҳамлаи пайдарпайи шаҳракнишинон бо ҳимояти низомиёни саҳюнистӣ, бо иҷрои амалиёте бо унвони “Тӯфони Ал-Ақсо” мавозеъ ва пойгоҳҳои режими ишғолгари Қудсро бо даҳҳо мушак ҳадаф қарор доданд. Расонаҳои исроилӣ низ изъон карданд, ки ин режим дар тӯли таърихаш шикасте дар ин сатҳро ба худ надида буд.

Режими саҳюнистӣ ба думболи ин шикасти низомӣ, аз рӯзи амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” ҳамалоти мудовим ва ҷинояткоронааш аз ҷумла бомбаборони мустамарри манотиқи маскунӣ, куштори ғайри низомиён, занон ва кӯдакон, иҷрои сиёсати ҷинояти ҷангӣ, муҷозоти дастаҷамъӣ ҳамчун қатъи об ва барқи фаластиниёни Ғазза, бомбаборони бемористонҳо, омбулонсҳо, мактабҳо ва паноҳгоҳҳо ва истифода аз бомбаҳои мамнуъа ва фасфориро оғоз кард.

Нақзи пайдарпайи оташбас аз сӯи режими саҳюнистӣ дар муддати як ҳафта

Пас аз гузашти 48 рӯз аз оғози таҷовузоти ваҳшиёнаи режими палид ва ҷиноятокри саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва ҷиноятҳои бешумори ин режим алайҳи ғайринизомиён, ки тибқи оморҳои мунташиршуда, беш аз 15 ҳазор фаластинӣ шаҳид шудаанд, тавофуқи оташбас бо миёнҷигарии Қатар, Миср ва Амрико имзо шуд, ки шомили озодии теъдоде аз зиндониёни саҳюнистӣ назди муқовимати исломим Фаластин дар Навори Ғазза дар баробари озодии теъдоде аз занон ва кӯдакони фаластинии асир дар сарзаминҳои ишғолӣ ва низ тасҳили вуруди мошинҳои имдодӣ ба сокинони Ғазза мешавад.

Дар ин муддати як ҳафтаӣ, саҳюнистҳо аз ҳеҷ гуна харобкорӣ ва тахриби амволи фаластиниён фурӯгузорӣ накарданд ва ҳаргуна ҷиноятеро, ки метавонистанд бар сари ин мардуми мазлум овараданд ва борҳо шоҳиди нақзи мукаррари тавофуқи оташбас аз сӯи ин режими хабис будаем, ҳамон гуна, ки дар охирин мавриди тавофуқи оташбасе, ки 24 ноябр оғоз шуд низ нақзи оташбас буд, дар ҳамин росто, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) нақзи оташбаси муваққат аз сӯи тарафи саҳюнистро таъйид кард ва гуфт: ишғолгарон бо бомбаборон дар Ғазза, ки ба шаҳодати ду фаластинӣ мунҷар шуд, тавофуқномаро нақз карданд. Дар айни ҳол як ҳавопаймои ҷосусии режими саҳюнистӣ дар ҷануби Навори Ғазза расад шуд.

Вай афзуд: ишғолгарон ба банди марбут ба ирсоли кумакҳои имдодӣ ба шимоли Ғазза пойбанд нестанд, ки ин мавзӯъ кулли тавофуқро таҳдид мекунад.

Шанбе гузашта хабаргузории Фаластини Вафо гузориш кард, дасти кам ҳафт фаластинӣ дар натиҷаи ҳамла ба минтақаи Ал-Дара дар ҳоле, ки талош мекарданд ба хонаҳои худ воқеъ дар шимоли Навори Ғазза бозгарданд, захмӣ шуданд. Аҳмад Ҷамил Азим, устоди равобити байналмилали донишгоҳи Қатар низ гуфт: агари саҳюнистҳо ҳар фурсате барои иҷро накардани тавофуқ биёбанд, аз он дареғ нахоҳанд кард ва ҳатто барои пойбанд набуданашон ба тааҳҳудот ҳазорон узр ва баҳона метарошанд ва нисбат ба корҳояшон узрхоҳӣ намекунанд.

Лузуми қатъи иртиботи кишварҳои дунё ба хусус кишварҳои исломӣ бо саҳюнистҳо

Иқдомот ва таҷовузоти ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ дигар бар ҳеҷ фарди озодае пӯшида нест ва бар ин асос ҳеҷ фарде наметавонад ҷиноёти рух дода алайҳи мардуми бедифоъ ва мазлуми Ғаззаро мункир шавад.

Бинобар ин лозим аст сарони кишварҳои дунё хусусан арабӣ ва исломӣ бояд бидуни ҳеҷ вақфае ҳамаи равобити иқтисодии худ бо режими ғосиб ва ҷинояткори Исроилро қатъ кунанд. Имрӯза ҳайбати низомии саҳюнистҳо фурӯрехта ва ҳувияти сиёсие, ки дар ҳоли бурузи он буданд низ аз байн рафтааст; Бинобар ин кишварҳои дунё бояд бо таҳрими иқтисодии Исроил, реша ва сохтори иқтисоди ин режими ҷинояткорро хушк кунанд.

Кишварҳои озодихоҳ ва мустақили дунё имрӯза ба ҳар наҳве дар садади иқдом алайҳи саҳюнистҳо ҳастанд. Ба унвони мисол бархе аз кишварҳои африқоӣ қавонинеро мусавваб кардаанд, ки тамоми муровидоташон бо саҳюнистҳо масдуд мешавад.

Бидуни шак агар иқтисоди саҳюнистҳо дучори хадша ва осеб шавад, онҳо дигар маҷоле барои идома додан ба ҳамалоти ваҳшёнаи худ дар Ғазза нахоҳад дошт.

Ҳамчунин имрӯзаи саҳюнистҳо ниёзҳои худро аз кишварҳои мухталифе ворид мекунанд, лизо зарурат дорад сарони ин кишварҳо низ иқдоми ҷиддӣ анҷом диҳанд ва бидуни фавти вақт аз содироти маҳсулоти худ ба режими Исроил ҷилавгирӣ кунанд.

Ҳеҷ макони амне дар Навори Ғазза вуҷуд надорад

Дафтар иттилоърасонии давлати Фаластин дар Ғазза бомдоди шанбе эълом кард, беш аз 6 ҳазору 500 фаластинӣ дар Ғазза ҳамчунон зери хонаҳои бомбаборон шудаи режими саҳюнистӣ ҳастанд.

Ба гузориш пойгоҳи хабари Мао Фаластин, дафтари иттилоъ расонии давлати Фаластин дар Ғазза гуфт: шумори шуҳадо аз оғози ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза ба беш аз 15 ҳазор нафар аз ҷумла 6 ҳазор ва 150 кӯдак ва беш аз 4 ҳазор зан расидааст.

Бар асоси ин гузориш, беш аз 6 ҳазору 500 нафар дар Навори Ғазза ҳамчунон зери овор ва хонаҳои бомбаборон шудаи режими саҳюнистӣ ҳастанд ва беш аз 37 ҳазор нафар низ дар ҳамалоти ин режими ҷинояткор ба ин борика захмӣ шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки низомиёни режими палиди саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа ва дар аввалин рӯз аз поёни оташбас дар Ғазза, ҳамалоти ҳамаҷонибаи худ алайҳи шаҳрвандони ин борикаро аз сар гирифта ва беш аз 180 фаластиниро ба шаҳодат расонданд.

Сукути муддаиёни ҳуқуқи башар дар баробари ҷинояти режими саҳюнист

Яке аз осори муҳимми ҷанги Ғазза, зери савол рафтани эътибори ахлоқии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо дар мавзӯъоти ҳуқуқи башарӣ будааст. Имрӯз муҳиммтарин ҳомии режими саҳюнистӣ барои идомаи ҷиноятҳояш ва адами расидан ба оташбас дар Ғазза, давлатмардони амрикоӣ ва аврупоӣ ҳастанд ва ин масъала бо хостаи мардуми ин кишварҳо фосила дорад. Эътибори ахлоқии Ғарб зери савол рафтааст ва аз ин ба баъд тавони асаргузории Ғарб барои нуфуз бар мавзӯъоти ҳуқуқи башарӣ ё ҳуқуқи дунёӣ нисбат ба гузашта коҳиш ёфтааст, чаро ки кишварҳои ҷаҳон ва миллати худи онон ин рафтори мунофиқонаи сардамдорони худро дар қиболи мардуми мазлуми Фаласти ва Ғазза ба вузуҳ диданд ва пай ба дуруғи он бурданд.

Иллати мухолифати Нетаняҳу бо оташбаси пойдор дар Ғазза

Нетаняҳу бо ин нигаронӣ мувоҷеҳ аст, ки рӯзе, ки амалиёти низомӣ дар Ғазза поён ёбад ва режими саҳюнистӣ аз ин шароити ҷангии худ хориҷ шавад, аввалин муттаҳам барои нотавонӣ дар пешбинии амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо”, худи ӯ хоҳад буд ва бояд дар муқобили кумитаҳои таҳқиқотӣ посухгӯ бошад. Албатта Нетаняҳу чанд парвандаи бози қазоӣ дигар дорад ва замоне, ки аз ҷойгоҳи нахуствазирӣ фосила бигирад, бояд дар муқобили додгоҳ дар бораи он парвандаҳо, ки маъруф ба «ҳазор», «ду ҳазор», «се ҳазор» ва «чаҳор ҳазор» аст, посухгӯ бошад ва бар ин асос, манфаати шахсии Нетаняҳу он аст, ки ин ҷанг идома пайдо кунад ва битавонад барои идомаи ҳукмронии худ дар режими саҳюнистӣ замон бихрад.

Дар канори ҳамаи ин маворид, режими саҳюнистӣ ҳеҷ дастоварди қобили дифоъ ва қобили ироа ба ҷомеаи худаш барои бозгашт ба шароити пеш аз 7 октябр надорад ва тӯлонӣ кардани ҷанг шояд дар зеҳни бархе аз таҳлилгарон ва мақомоти саҳюнистӣ бештар ин суратро дошта бошад, ки битавонанд дастоварде аз ин даргирӣ дошта бошанд, албатта ҳушмандии муқовимат ва тавонмандии онон токунун монеъи ин масъала шудааст ва тӯлонӣ шудани ҷанг ба навъе бештар шабеҳи дасту по задан дар ботлоқе барои режими саҳюнистӣ аст, чаро, ки бо мухолифати бештари афкори умумии байналмилалӣ ва коҳиши ҳимояти ғарбиҳо ва намоиши бештари нуқоти заъфи онон ҳамроҳ шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад