Ҳафт вижагии муштараки Исроил ва ДИИШ

Бо баёни 7 вижагии муштараки террористҳо ДИИШ ва Исроил равшан мешавд, ки аҳюнистҳо дар ваҳшигарӣ ва хушунат аз ДИИШ ҳам сабқат гирифтаанд.

Бо баёни 7 вижагии муштараки террористҳо ДИИШ ва Исроил равшан мешавд, ки аҳюнистҳо дар ваҳшигарӣ ва хушунат аз ДИИШ ҳам сабқат гирифтаанд.

Маркази дидабони Ал-Азҳар барои мубориза бо ифротгароӣ ба 7 вижагии муштараки гурӯҳи террористи ДИИШ ва режими саҳюнистӣ ишора ва таъкид кард, ки ин ду тараф ду рӯи як сикка ҳастанд; бо ин тафовут, ки ишғолгарон дар ваҳшигарӣ ва хушунат аз ДИИШ низ сабқат гирифтаанд.

Маркази дидабони Ал-Азҳар барои мубориза бо ифротгароӣ дар баёнияе дар бораи ҷиноятҳои фаҷеи режими саҳюнистӣ алайҳи ғайринизомиён дар Навори Ғазза эълон кард, ки Исроил ва гурӯҳи террористӣ-такфирии ДИИШ, ду рӯи як сикка ҳастанд. Албатта режими ишғолгар таркибе аз фошисм ва нозисмро низ ба рӯйкарди террористии худ изофа карда ва дар натиҷа ин режим аз ҳамаи созмонҳои террористии ҷаҳон бадтар аст.

Ин марказ бо муқоисаи ваҳшигарии ишғолгарон дар Ғазза ва иқдомоти террористии ДИИШ тайи як даҳаи гузашта ба ин натиҷа расидааст, ки шабоҳати зиёде байни ДИИШ бо режими саҳюнистӣ вуҷуд дорад.

Дидабони Ал-Азҳар шабоҳатҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ ва гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ба ин шакл тавзеҳ дод:

– Истифода аз дин барои расидан ба аҳдофи сиёсӣ: Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар тавҷеҳи куштори ғайринизомиён ва занону кӯдакони бегуноҳ дар Ғазза, борҳо ба матнҳои Таврот истинод кардааст.

– Барпоии императорӣ ва густариши он: ҷоҳталабиҳои гурӯҳи террористи ДИИШ барои эҷоди як кишвари “динӣ” таҳт унвони “эҳёи хилофат”, ҳамон рӯёи шуме аст, ки саҳюнистҳои ифротӣ дар сар доранд ва иддао мекунанд, ки мехоҳанд кишвари “Исроили бузург” ё “кишвари Довуд”-ро бар рӯи заминҳои ишғолии Фаластин , Миср, Урдун, Сурия ва Лубнон ва низ дар бахше аз Ироқ ва Арабистон бино кунанд.

– Нажодпарастӣ, ҷинояткор будан ва густариши доираи даргириҳои нажодпарастона: нажодпарастӣ ва иддаои бартарӣ ва ҳақ ба ҷониб будан аз вижагиҳои муштарак дар адабиёти ДИИШ ва режими ишғолгар барои тавҷеҳи корҳои палид ва куштор ва таҷовуз ба дигарон аст. Ҳамчунин дар гуфтумонҳои ДИИШ ва саҳюнисм ба равшанӣ дида мешавад, ки хушунат ва терроризмро ба номи дин таблиғ мекунанд.

– Поксозии нажодӣ ва наслкушӣ: шабоҳати зиёде миёни наслкушие, ки ДИИШ алайҳи Изадиҳо дар Ироқ ба роҳ андохт бо ҷиноятҳои палиди ишғолгарон дар Навори Ғазза ва кулли Фаластин вуҷуд дорад. Навъи бархурди ҷомеа ибайналмилалӣ бо ин ду ҷиноят, сароҳатан стандартҳои дугонаи кишварҳои ғарбиро фош кард.

– Хушунати беҳадду марз ва ваҳшигарӣ: ҷаҳон фаромӯш намекунад, ки ДИИШ чигуна халабони урдуниро зинда-зинда сӯзонд. Ҳамчунин ҷаҳон сарбуриданҳо ва мунфаҷир кардани бадани инсонҳо ва қатъи узви онҳо тавассути ДИИШ-ро фаромӯш намекунад. Аммо мебинем, ки режими ишғолгар имрӯз дар ваҳшигарӣ ба ҳамон равиши ДИИШ амал мекунад; албатта ба шеваи палидтар.

Аъзои бадани кӯдакон дар Навори Ғаззаро мебинем, ки бар асари ҳамлаҳои ваҳшиёнаи саҳюнистҳо чигуна тикка-тикка шуда ва аъзои ҷудошудаи бадани инсонҳо дар киссаҳо гузошта мешавад.

-Истифода аз стратегияи замини сӯхта: сиёсати кӯчондани иҷбории мардуми Фаластин, ки ишғолгарон бар он исрор доранд, дар чорчӯби стратегияи замини сӯхта аст, ки ДИИШ аз ҳамин равиш дар Ироқ ва Сурия истифода мекард. Мушовири давлати Ироқ дар умури зерсохтҳо ба хабаргузории Рӯйтерз эълон кард, ки ДИИШ аз соли 2014 токунун ҳудуди 30 миллиард доллар ба зерсохтҳои Ироқ хисорат ворид кардааст. ДИИШ аз сиёсати тахриби ҳамаҷонибаи таъсисот, корхонаҳо ва сохтмонҳо истифода кард, то бештарин осеби иқтисодиро ба Ироқ ворид кунад.

Вайрон кардани заруратҳои зиндагӣ ва нобудии зерсохтҳои ҳаётӣ ҳамон коре аст, ки ишғолгарон аз 75 соли қабл дар Фаластин анҷом медиҳанд ва имрӯз ин ҷиноятҳо дар баробари чашми ҳамаи ҷаҳониён дар Ғазза рух медиҳад.

-Бетаваҷҷуҳӣ ва инкори қонунҳо ва конвансиюнҳои байналмилалӣ: равшан аст, ки ДИИШ ба унвони як гурӯҳи террористӣ-такфирӣ ҳеҷ эҳтиром ва эътиборе барои қонунҳои байналмилалӣ қоил нест. Дар ин миён ишғолгарони саҳюнист, ки иддаои “демократия” доранд ҳаргиз ҳеҷ як аз қатъномаҳои Созмони Милалро иҷро накарда ва ба ҳеҷ як аз фарохонҳои ҷаҳонӣ барои таваққуфи хушунат таваҷҷуҳе надоранд. Саҳюнистҳо ҳеҷ як аз қатъномаҳо ва конвансиюнҳо ва фарохонҳои ҷаҳониро намебинанд ва намешинаванд; гӯё ки худашонро болотар аз ҳамаи қонунҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои Созмони Милал медонанд.

Аммо бо вуҷуди шабоҳатҳои зиёде, ки ДИИШ ва саҳюнисм доранд, яке аз тафовутҳои бузурги ин ду тараф, ки сабаб шудааст саҳюнисм дар шароити беҳтари нисбат ба ДИИШ қарор бигирад ва аз 7 даҳаи қабл токунун ишғолгарии худро дар минтақа тасбит кунад, ҳимояти ошкори байналмилалӣ аз ин режими ишғолгар аст; ба тавре, ки режими ҷаълии Исроил токунун танҳо ба лутфи ҳимоятҳои беҳадду ҳаср ва албатта ошкори ғарб ва Амрико тавонистааст ба ишғолгарии худ дар заминҳои арабӣ идома диҳад.

Ба ин тартиб метавон гуфт, ки ғарбиҳо ҳатто дар таърифи хушунат ҳам меъёрҳои дугона доранд ва агар ин хушунат бо ҳар шиддате аз ҷониби худи онҳо ё саҳюнистҳо ва дигар муттаҳидонашон бошад, қобили тавҷеҳ аст! Бинобарин ҷои тааҷҷубе нест, ки бубинем меҳвари ғарбӣ-амрикоӣ натанҳо муқобили ваҳшигарии саҳюнистҳо алайҳи кӯдакони Ғазза сукут кардаанд, балки бо ҳамаи абзорҳо ва имконоти мавҷуд аз ин ҷиноятҳо ҳимоят мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад