Таслими Тел-Авив пас аз 47 рӯз ҷангу ҷиноят алайҳи Ғазза

Пас аз 47 рӯз даргирӣ миёни муқовимати Фаластин ва артиши режими саҳюнистӣ, кобинаи Тел-Авив бомдоди имрӯз бо тавофуқи оташбас дар Ғазза мувофиқат кард; Мақомоти давлати Амрико аз миёнҷигариҳои Қатар ва Миср дар ин парванда ташаккур карданд.

Шояд битавон гуфт: хабари дастёбӣ ба тавофуқи оташбаси муваққат дар Навори Ғазза муҳиммтарин хабари сооти гузашта ва балки рӯзҳои гузашта ба шумор меравад. Бо вуҷуди онки тарафҳои фаластинӣ ва саҳюнистӣ ин хабарро таъйид кардаанд бояд дид ишғолгарони мутаҷовиз то чӣ ҳад ба оташбаси эълом шуда поибанд ҳастанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бомдоди имрӯз чаҳоршанбе, 22 ноябр, баъд аз гузашти 47 рӯз аз оғози амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” тавассути ҷунбиши муқовимати исломии “Ҳамос” алайҳи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ва шикасти майдонии артиши ишғолгари Исроил дар ҳамлаи заминӣ ба Навори Ғазза, кобинаи режими ғосиб ба пазириши тавофуқи оташбас бо миёнҷигариҳои давлати Қатар ва Миср мутавассил шуд.

Эъломи ҷузъиёти тавофуқи оташбаси Ғазза аз сӯи дафтари Нетаняҳу

Шабакаи Алҷазира гузориш дод, ки дафтари “Бинёмин Нетаняҳу” нахуствазири режими саҳюнисти ҷузъиёте аз тавофуқи оташбасро эълом кард.

Бар асоси баёния дафтари Нетаняҳу, кобина ба тавофуқе, ки озодии бархе аз усаро дар Ғаззаро тазмин мекунад, раъйи мусбат дод. Ҳамчунин қарор аст 50 зан ва кӯдаки исроилӣ зарфи 4 рӯз озод шаванд ва тайи он даргириҳо дар Ғазза мутаваққиф мешавад.

Тавофуқи оташбас ҳамчунин шомили вуруди садҳо мошин кумакҳои башардӯстона, имдодӣ, пизишкӣ ва сӯхтӣ ба тамоми манотиқи Навори Ғазза бидуни истисно аст.

Ин тавофуқ дар баргирандаи «таваққуфи тамоми иқдомоти низомии артиши Исроил дар тамоми манотиқи Навори Ғазза ва таваққуфи ҳаракати худравҳои низомӣ дар Ғазза аст».

Гуфта шудааст, ки ҳамаи вузарои кобинаи Нетаняҳу ба ҷуз 3 вазири тундрав аз ин тавофуқ ҳимоят карданд.

Нетаняҳу озодии усарои исроилиро таъйид кард

“Бинёмин Нетаняҳу”, нахуствазири режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар суханоне дар бораи оташбас дар Ғазза эълом кард, ки Салиби Сурх бо асироне, ки озод нахоҳанд шуд, мулоқот хоҳад кард.

Нетаняҳу бо таъйиди озодии асирон гуфт, ки асирон дар чандин марҳала озод хоҳанд шуд. Вай ҳамчунин афзуд, ки кобинаи Исроил имшаб бо тасмими сахте мувоҷеҳ буд, аммо ин тасмими дуруст буд, бо ин ҳол ҷанг идома дорад ва то таҳаққуқи тамомии аҳдофамон ба он идома медиҳем!

Соате пеш аз ин, Нетаняҳу дар суханоне эълом карда буд, ки музокироти табодули асирон миёни режими саҳюнистӣ ва ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос пешрафт доштааст.

Пеш аз он низ “Ёаф Галлант” вазири ҷанги режими ғосиби саҳюнистӣ аз наздикбудани тавофуқи табодули асирон хабар дода буд ва бо ишора зимни ба ночорбудани саҳюнистҳо ба қабули шароити матраҳшуда аз сӯи муқовимати Фаластин Ҳамос гуфт: бояд тасмимоти сахт ва муҳимме бигирем.

Афзоиши ихтилофоти дохилӣ дар Тел-Авив дар мавриди асирон ва оташбас

Ихтилофот дар Тел-Авив бар сари оташбас дар ҷанги Ғазза боло гирифта буд ва Итмар Бенгувир вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ баъд аз ҷиддӣ шудани моҷарои табодули усаро бо ин тавофуқ мухолифат кард.

Дар ҷадидтарин ихтилофи дарунӣ дар Тел-Авив бар сари оташбас дар ҷанги Ғазза вазири ифротии кобинаи Нетаняҳу бо тавофуқ барои табодули усаро мухолифат кард.

Итмар Бенгувир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ баъд аз ҷиддӣ шудани моҷарои табодули усаро гуфт: «Бисёр нороҳатам чун онҳо (ишора ба кобинаи ҷанг) дарҳоли ҳозир доранд дар бораи як муомила сӯҳбат мекунанд. Мо якбори дигар шоҳиди тафриқа ҳастем. Онҳо дубора доранд ҳақиқатро аз мо пинҳон мекунанд ва якбори дигар моро нодида мегиранд.

Ҳамос: ба оташбаси инсонии 4 рӯза даст ёфтем

Пас аз эъломи хабари Рейтер, ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос ҳам баёнияе содир кард: пас аз музокироти сахт ва печида ва тӯлонӣ, эълом мекунем, ки ба ёрии Худованди Мутаол ва талошҳои зиёди тарафи қатарӣ ва мисрӣ ба тавофуқи оташбаси инсондӯстона [оташбаси муваққат] ба муддати 4 рӯз даст пайдо кардем.

Дар идомаи ин баёния омадааст: даргириҳо аз сӯи ду тараф, фаъолиятҳои низомии артиши режими саҳюнистӣ дар ҳамаи манотиқи Ғазза ва низ ҷо ба ҷоӣ худравҳои зиреҳии ин режим дар Ғазза мутаваққиф хоҳад шуд. Бар асоси ин тавофуқ, садҳо мошини боркаши вижаи ҳомили кумакҳои башардӯстона, дармонӣ ва сӯхт вориди ҳамаи манотиқи Ғазза бидуни истисно хоҳад шуд.

Бар асоси ин тавофуқ, 50 асири зан ва кӯдаки исроилии зери 19 сола дар муқобили 150 зан ва кӯдаки зери 19 солаи фаластинӣ бар асоси савобиқи асорат озод хоҳанд шуд. Ҳамалот ва парвози ҷангандаҳо ва ҳавопаймоҳои режими саҳюнистӣ тайи чаҳор рӯзи оташбас дар ҷануби Ғазза ва дар шимоли Ғазза низ ба муддати 6 соат аз соати 10 субҳ то 4 баъд аз зуҳр мутаваққиф хоҳад шуд.

Ба мӯҷиби ин тавофуқ, садҳо мошини боркаши вижаи ҳамли кумак ва сӯхт ба ҳамаи манотиқи Ғазза бидуни истисно дар шимол ва ҷануб ворид хоҳад шуд ва тайи он 50 тан аз боздоштиҳои режими ишғолгар, ки занон ва кӯдакон ҳастанд, дар муқобили озодии 150 зан ва кӯдаки асири фаластинӣ озод хоҳанд шуд.

Ҳамчунин ҳамаи таҳаррукоти ҳавопаймоҳои ишғолгарон дар ҷануби Ӯазза ба муддати чаҳор рӯз мутаваққиф хоҳад шуд. Бар асоси ин тавофуқ ишғолгарон мутааҳҳид мешаванд, ки ба ҳеҷ касе дар ҳамаи манотиқи Навори Ғазза мутаарриз нашванд ва рафту омади озоди инсонҳо аз шимол ба ҷануб аз тариқи хиёбони Салоҳуддин тазмин шавад.

Бандҳои тавофуқи оташбас ва табодули усаро бар асоси дӯрнамои муқовимат ва мутолиботи мушаххас мабни бар хидмат ба мардум ва тақвияти муқовимати миллати Фаластин дар баробари ишғолгарон навишта шудааст.

Ҳамос дар ин баёния таъкид кард: алорағми ин оташббус мо эълом мекунем, ки дастамон рӯйи мошаи силоҳ ва омодаи тиргушоӣ ҳастем ва гурдонҳои Изиддин Қисом дар камини ишғолгарон нишастаанд то аз миллати Фаластин ва ормони он дар баробари мутаҷовизон дифоъ кунанд.

Пеш аз он низ ду манбаъи муртабит бо музокироти табодули усаро байни Ҳамос ва режими ҷинояткори саҳюнистӣ гуфта буданд, ки тавофуқи оташбас шомили як оташбаси муваққати панҷ рӯза аст, ки дар идома, оташбаси ҷомеъ ва таваққуфи даргириҳоро низ шомил мешавад.

Умеди мақомоти Вашингтон ба тавофуқи бузургтар

Шабакаи Алҷазира гузориш дод, ки як мақоми амрикоӣ аз нақши Қатар тамҷид карда ва гуфт: тавофуқ дар мавриди марҳалаи аввали муомилаи табодули зиндониён ҳосил шуда ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар сурати пешрафт дар марҳалаи дувум тавофуқ, муддати оташбас тамдид шавад. Давлати Амрико то замоне, ки ҳамаи гаравгонҳо озод нашванд, ба кори бар рӯйи мароҳили баъдии тавофуқ идома хоҳад дод.

Маскав: ҳамвора ба думболи оташбас будем

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия, “Мария Захарова” дар бораи ин тавофуқ хотирнишон кард, ки «Маскав аз тавофуқ байни Исроил ва Ҳамос дар мавриди оташбаси инсонии 4 рӯза истиқбол мекунад.. Ин ҳамон чизе аст, ки Русия аз оғози ташдиди даргириҳо хостори он будааст».

Чашмандози Доҳа барои сулҳи ҳамаҷониба

Нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қатар, “Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ”, ибрози умедворӣ кард, ки оташбас дар Навори Ғазза, мунҷар ба тавофуқи пойдоре шавад, ки ҷангро мутаваққиф кунад ва ба музокироти сулҳи ҷомеъ хатм шавад. Ӯ тасреҳ кард: мо аз шуракои худ барои ҳамкорӣ дар тавофуқи оташбаси Ғазза ба раҳбарии Миср ва Иёлоти Муттаҳида ташаккур мекунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад