75 дарсади шуҳадои Ғазза занон ва кӯдакон ҳастанд

Режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар сояи сукути ҷаҳонӣ ва арабӣ ва ҳимоятҳои бешармонаи Ғарб ба вижа Амрико ба ҷиноёти худ дар Навори Ғазза ва куштори ғайринизомиёни фаластинӣ дар ин борика идома медиҳад.

Бар ҳамин асос сандуқи ҷамъияти Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) эълом кард, ки ҳудуди 75 дарсади шуҳадои Ғазза аз замони оғози ҷанг токунун занон ва кӯдакони мазлум ва бедифоъ ҳастанд.

Сандуқи ҷамъияти Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) бо ишора ба инки ҳудуди 75 дарсади шуҳадои Ғазза занон ва кӯдакон ҳастанд, хостори барқарории оташбас дар Навори Ғазза шуд.

Дафтари иттилоърасонии давлати Ҳамос дар Ғазза эълом кардааст, ки режими ҷинояткор ва ваҳшии саҳюнистӣ беш аз як ҳазор ва 300 ҳамла алайҳи сокинони Навори Ғазза анҷом додааст, ки дар пайи он, 12 ҳазор ва 415 нафар ба шаҳодат расидаанд. Ин дафтар бо ишора ба инки беш аз панҷ ҳазор кӯдак ва се ҳазор ва 300 зан токунун шаҳид шудаанд, таъкид кард: «дар ин ҳамалот, болиғ бар 32 ҳазор нафар захмӣ шудаанд, ки 75 дарсад аз онҳо, занон ва кӯдакони мазлум ва бедифоъ ҳастанд».

Ба навиштаи рӯзномаи “Раъюл Явм”, сандуқ ҷамъияти Созмони Милал дар шабакаи иҷтимоӣ “Х” навишт: “Занон ва кӯдакон мустаҳиққи зиндагӣ ҳастанд ва онҳо аҳдофи низомӣ нестанд… ҳамин алон ҷангро мутаваққиф кунед”.

Давлати Фаластин низ зимни эъломи тозатарин омори шуҳадои фаластинӣ гуфт, ки дар ҳамалоти режими Исроил 150 масҷид бомбаборон шуданд ва ҳанӯз ҳазорон нафар аз ҷумла ду ҳазор кӯдак мафқуд ва беному нишон ҳастанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати беҳдошти Фаластин, эълом кард, ки аз оғози ҳамлаи ҳамаҷониба ва ваҳшиёнаи режими ҷинояткор ва ғосиби саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ дар 7 октябри гузашта, теъдоди шуҳадо ба 12 ҳазор ва 415 нафар ва захмиҳо ба ҳудуди 32 ҳазор ва 500 нафар расидааст.

Ин вазоратхона бо баёни инки дастёбӣ ба омори ҷадид ба далели қатъӣ хадамоти иртиботӣ дар Навори Ғазза душвор шудааст, гуфт: теъдоди шуҳадо дар Ғазза беш аз 12 ҳазор ва 415 нафар аст, ки аз ин теъдод шаҳид, беш аз панҷ ҳазор нафар кӯдак ва се ҳазор ва 300 нафар зан ҳастанд ва 29 ҳазор ва 500 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Ҳазорон нафар ҳанӯз мафқуданд

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз беш аз чаҳор ҳазор шаҳрванд дар омори мафқудин ҳастанд, ки ду ҳазор нафари онҳо кӯдак ҳастанд, оворагоне ҳам, ки аз шимол ба ҷануби Ғазза рафтаанд, мегӯяанд, ки пайкарҳои зиёде аз шуҳадо дар хиёбонҳо пароканда ҳастанд.

Дар хусуси коркунони пизишкӣ ҳам 205 нафар шаҳид ва 215 нафар маҷрӯҳ шуданд ва беш аз 60 худрави омбулонс ҳам ҳадафи ҳамалоти режими ҷинояткори Исроил қарор гирифт, ки 55 дастгоҳ аз он комилан аз байн рафтанд ва дигар қобили истифода нестанд.

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Ғазза ҳамчунин эълом кард, ки 26 бемористон аз ҷамъи 35 бемористони Ғазза ба далели ҳамалоти Исроил ё камбуди сӯхт аз кор афтоданд ва 52 маркази дармони сарипоӣ ҳам аз ҷамъи 72 марказ яъне беш аз ду севуми он фаъолияташон мутаваққиф шудааст.

Ин вазоратхона бо баён инки дар ҳоли ҳозир дар шимоли Навори Ғазза аз ҷамъи 24 бемористон танҳо бемористони “Ал-Маъмадонӣ” фаъол аст, гуфт: танҳо дар се рӯзи гузашта се бимостони Ан-Наср, Ар-Рентесӣ ва Ал-Қудс дар шимоли Навори Ғазза баста шуданд.

Адами ҳимояти Созмонҳои байналмилалӣ аз Фаластин

Яке аз чолишҳое, ки ин рӯзҳо кӯдакони фаластинӣ бо он рӯ ба рӯ ҳастанд адами ҳимояти Созмонҳои байналмилалии марбута аз ҳуқуқи онҳост. ЮНИСЕФ (UNICEF) як Созмони ҷаҳонӣ аст, ки ба умури кӯдакон мепардозад. Беш аз 60 сол аз таъсиси ин ниҳод мегузарад ва ба марҷаъи аввали Созмонҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ табдил шудааст ва беш аз ҳар созмони дигаре ба ҷамоварии иттилоот ва таҳқиқ дар мавриди кӯдакон саъю кушиш дорад.

Аммо гурӯҳҳо, давлатҳо ва афроди бисёре ЮНИСЕФ-ро ба хотири амалкарди заифи он дар баробари мушкилоти кӯдакон мавриди интиқод қарор додаанд. Яке аз аҷибтарин амалкарди ин Созмон дар баробари куштори кӯдакони фаластинӣ дар Ғазза аст.

Бунёди омӯзиш беш аз ҳама (EAA) яке дигар аз созмонҳои ҳомии кӯдакон дар ҷаҳон аст. Ин Созмон низ амалкарди ба маротиб бадтар аз ЮНИСЕФ дошта ва кор ба ҷое расида, ки Шайха Мавза бинти Носир, модари Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, ки риёсати ин бунёдро бар ӯҳда дорад ба далели нотавонии ин Созмон дар ифои нақши худ ва ҳимоят аз кӯдакони фаластинӣ дар Навори Ғазза, аз симати худ ба унвони сафири ҳусни нияти ЮНИСЕФ канорагирӣ кард.

Оё кӯдаккушӣ як амали систематикии режими саҳюнистӣ аст?

Яке аз мавзӯъоти муҳимме, ки дар чанд даҳаи ахир дар робита бо режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ матраҳ шуда куштори систематикии кӯдакони фаластинӣ аз сӯи ин режим аст. Кӯдаккушӣ на мутааллиқ ба имрӯз, имсол ё ин даҳа аст. Ин раванде аст, ки ҳафтоду чанд сол аст, ки идома дошта ва авҷи онро метавон дар ҷанги кунуни Навори Ғазза ва дар муқобили чашми ҷаҳониён мушоҳида кард.

Барои сарони Телавив як кӯдаки фаластинӣ як неруи билқувва барои муқовимат аст ва куштани он дар воқеъ аз байн бурдани як узве аз неруҳои муқовимат аст пеш аз онки аслиҳа ба даст бигирад.

Дар яке аз барномаҳои телевизионӣ аз кӯдаки фаластинӣ савол мешавад, ки агар бузург шудӣ чӣ кора хоҳи шуд? Ӯ дар посух ба хабарнигор, ки ин пурсишро матраҳ мекунад посухи бисёр ҷолибе медиҳад, ки баёнгари умқи фоҷиае аст, ки дар сарзаминҳои ишғолӣ дар ҷараён аст. Кӯдак бо оромиши мисолзаданӣ мегӯяд: Як кӯдаки фаластинӣ ҳеҷвақт бузург намешавад ва қабл аз инки ба марҳалаи интихоби шуғл бирасад мемирад!”

Куштори кӯдакони фаластинӣ ба ҳадде даҳшатнок ва ғамангез аст, ки садои дабири кулли Созмони Милал ва дигар ниҳодҳои ҳуқуқи башариро ҳам дароварда ва онҳо ба сурати пайваста дар чанд рӯзи ахир куштори кӯдаконро наслкушӣ ё ҳаракати Исроил дар масири наслкушӣ хонда ва хостори таваққуфи ин куштор шудаанд.

Ҷангандаҳои режими ҷинояткори саҳюнистӣ аз 7 октябр токунун бепарво навори 25 майлии Ғаззаро бомбаборон кардаанд. Раванд Абдулфаттоҳ, муҷрии радио миллии Амрико “NPR” дар матлабе, ки дар Атлантика ба чоп расонда менависад: Ҳеҷ кӯдаке дар Навори Ғазза вуҷуд надорад. Ин чизе аст, ки модарам мегӯяд. Ҳеҷ кӯдаке вуҷуд надорад. Фақат рӯҳҳои пир дар баднҳои миниатюрӣ вуҷуд дорад. Зеро чигуна метавонед кӯдак бошед вақте, ки аз лаҳзаи таваллуд бо чашмандози марг рӯ ба рӯ мешавед?

Бинобар ин дар тамоми ин 45 рӯз аз ҳамлаи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ токунун 35 миллион килограм бомб бар сари мардуми мазлум ва бедифои Ғазза рехта шуда ва мардум ҳамчунон дар хонаҳо мондаанд ва муқовимат мекунанд ва Ғазза гӯристони либирал демокрасӣ шудааст ва ҳар чӣ секулори ғарбӣ буд ҳама беасар шуд ва абзорҳои расонаӣ Ғарб алайҳи худашон шудаанд ва ҳар ончи доштанд дар Ғазза доданд ва зулми онҳо бармало шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад