Рӯзноманигори турк: Эрдуғон бо сухан аз Фаластин бо амал аз Исроил ҳимоят мекунад

Як рӯзноманигори турк аз сиёсатҳои давлати кишвараш дар қиболи режими саҳюнистӣ интиқод карда гуфт, ки Анқара аз Фаластин ба сурати лафзӣ, аммо аз Исроил ба сурати воқеӣ ҳимоят мекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Матин Ҷиҳан, рӯзноманигори туркиявӣ бо интишори тасовире, ки содироти маҳсулоти Туркия ба режими Исроилро нишон медиҳад аз сиёсатҳои Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар қиболи ин режим интиқод кардааст.

Эрдуғон рӯзи чоршанбе дар як суханронӣ дар нишасти ҳизби ҳокими “Адолат ва Тавсеа” аз режими саҳюнистӣ ба унвони як “кишвари террорист” ном бурд.

Раисҷумҳури Туркия гуфт: “Исроил роҳбурди тахриби комили як шаҳр бо мардумонашро дар пеш мегирад. Ман нисбат ба ончи дар дилам мегузарад огоҳ ҳастам ва ошкоро мегӯям Исроил кишвари террорист аст.”

Вай илова кард: “Агар Исроил куштори дастаҷамъонаро ба ин шакл иҷро кунад ман ҳама ҷо инро сабт хоҳам кард, ки як кишвари террорист вуҷуд дорад, ки дар тамоми дунё лаънат шудааст.”

Эрдуғон дар бахши дигаре аз изҳороташ изофа кард: “Ман хитоб ба Нетаняҳу мегӯям: Шумо бомбаи атомӣ доред. Бомбаи ҳастаӣ доред ва бо он таҳдид таҳдид кардаистодаед. Муҳим нест чӣ доред, нобуд мешавед.”

Раисҷумҳури Туркия изофа кард: “Мо иқдомоте анҷом хоҳем дод то ниҳодҳои сиёсӣ ва низомии Исроил, ки ба сурати бераҳмона мардуми мазлуми Ғаззаро мекушанд дар додгоҳҳои байналмилалӣ муҳокима шаванд.”

Бо вуҷуди ин, Эрдуғон бар хилофи ин баёнияҳои оташин ҳануз ҳеҷ иқдоми амалӣ дар ҷиҳати қатъи робита бо режими саҳюнистӣ анҷом надодааст.

Матин Ҷиҳан дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Х бо баёни инки содироти маҳсулоти Туркия  ба Исроил идома доранд феҳристе аз беш аз 200 киштии борие, ки дар ҳоли ҳамли маҳсулоти мухталифи нафти хом, оҳану фулод ба Тел-Авив ҳастандро нашр кардааст.

Эрдуғон

Ӯ дар бахше аз ин паёмаш навиштааст, ки Туркия аз Фаластин дар сухан ҳимоят мекунад, аммо аз Исроил дар воқеият ва амал.

Ӯ дар ин паём навиштааст: “Мо аз бандарҳоямон ба таври мутавассит 7 киштӣ ба Исроил равон мекунем. Рӯзи гузашта 13 киштии дигар фиристодем. Мо аз замони оғози куштори мардуми Ғазза аз Фаластин дар сатҳи сухан ҳимоят кардаем, аммо бо 272 киштии логистика дар ихтиёри Исроил қарор додаем.”

Ҷабҳаи муқовимати исломии Фаластин ба номи Ҳамос дар рӯзи 17-уми октябр барои муқобила бо беш аз 70 сол ишғоли Фаластин ва наздик ба 20 сол муҳосираи Ғазза ва ҳамчунин зиндону шиканҷаи ҳазорон мусалмони фаластинӣ амалиёте ба номи Тӯфони Ақсоро оғоз кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад