Нигоҳи таҳлилӣ ба суханронии Сайидҳасан Насруллоҳ – панҷ нуктаи муҳим

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи гузашта дар суханони худ ба тарси саҳюнистҳо аз шӯълавартар шудани набард дар ҷабҳаи шимолӣ таъкид кард.

Суханони рӯзи гузаштаи Сайидҳасан Насруллоҳ дар 5 паҳлӯ қобили баррасӣ ва таҳлил аст, ки иборатанд аз: моҳиятт амалиёти Тӯфони Ақсо, улгуи рафтории режими саҳюнистӣ, улгуи рафтории Амрико ва кишварҳои Аврупоӣ, рӯйкарди кишварҳои арабӣ ва таҳаввулоти ҷабҳаи шимолӣ.

  1. Моҳияти амалиёти Тӯфони Ақсо

Қариби 4 ҳафта аз Тӯфони Ақсо ва ҳамчунин ҷангу ҷинояти режими саҳюнистӣ алайҳ борикаи Ғазза мегузарад, ҷинояте, ки токунун ҳудуди 9 ҳазору 300 шаҳид ва ҳудуди 24 ҳазор захмӣ доштааст. Дар рӯзҳои ибтидоии пас аз ин амалиёт, режими саҳюнистӣ талош кард ибтикори размандагони Қассомро кӯчак ҷилва дода ва аз сангинии шикасте, ки мутаҳаммил шуда буд, бикоҳд. Бар ин асос, режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, ки амалиёти Тӯфони Ақсо бо огоҳӣ ва ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом шуд. Бо ин ҳол, раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ танҳо се рӯз пас аз ин амалиёт, ин иддаоро зери савол бурда ва расман баён намуд, ки ҷавонони фаластинӣ ин амалиётро анҷом доданд. Дар идома, амрикоиҳо ҳам гуфтанд, ки Эрон аз ин амалиёт иттилоъ надоштааст.

Бинобарин, тактикаи режими саҳюнистӣ дар кӯчак нишон додани Тӯфони Ақсо бо шикаст мувоҷеҳ шуд. Акнун Сайидҳасан Насруллоҳ ҳам бар моҳияти комилан фаластинии Тӯфони Ақсо таъкид кард ва гуфт : “ҳеҷ як аз бозигарони меҳвари муқовимат аз ин амалиёт иттилоъ надоштанд. Ҳам тасмим ва ҳам иҷрои амалиёти бузурги Тӯфони Ақсо 100% аз сӯи фаластиниён буда ва тарроҳон, ин нақшаро аз ҳама ҳатто аз гурӯҳҳои муқовимати мустақар дар Ғазза пинҳон карда буданд.” Ин изҳори назари дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон беш аз ҳама бо ин ҳадаф баён шуд, ки бори дигар таҳқири режими саҳюнистӣ аз сӯи размандагони фаластиниро ёдовар шуда ва мавриди таъкид қарор диҳад.

  1. Улгуи рафтории режими саҳюнистӣ

Бахши дигари суханони Сайидҳасан Насруллоҳ таҳлили улгуи рафтории режими саҳюнистӣ буд. Режими саҳюнистӣ, ки дар амалиёти Тӯфони Ақсо дучори бузургтарин ғофилгирии таърихи худ шуд, ба ваҳшигарӣ ва ҷинояти худ алайҳи мардуми Ғазза идома медиҳад. Дар воқеъ, куштори мардуми бегуноҳ ва мазлуми Ғазза танҳо роҳбурде аст, ки ин режим дар баробари Тӯфони Ақсо ба кор гирифтааст.

Режими ишғолгари Қудс дар талоши ин буд, ки бо куштори мардуми Ғазза, онҳоро маҷбур кунад аз ҳимояти муқовимат даст бардоранд ва битавонад Ҳамосро аз байн барад, аммо ҳам мардуми Ғазза ҳамчунон аз Ҳамос ҳимоят мекунанд ва ҳам инки режими саҳюнистӣ тавоноии аз байн бурдани Ҳамосро надорад, мавзӯе, ки ҳатто Ричорд Ҳос, раиси шӯрои равобити хориҷии Амрико низ пеш аз ин ба он ишора карда ва гуфта буд Ҳамос як ҷунбиш ва як тафаккур аст, ки аз байн рафтанӣ нест. Ба таъбири Сайидҳасан Насруллоҳ, режими саҳюнистӣ, ки дар дастёбӣ ба аҳдофи аввалияи худ аз ҷумла аз байн бурдани Ҳамос ноком буд, акнун бо тадовуми куштори мардум саъй дорад Ҳамосро барои озодии асирони исроилӣ таҳт фишори қарор диҳад, аммо ин ҳадаф низ барои ин режими ҷинояткор бо куштори мардуми мазлуми Ғазза дастнаёфтанӣ хоҳад буд.

  1. Улгуи рафтории Амрико ва кишварҳои аврупоӣ

Яке дигар аз паҳлӯҳои суханони дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ин буд, ки ончи режими саҳюнистӣ дар 75 соли гузашта ва дар як моҳи ахир алайҳи фаластиниҳо анҷом дод, ҳосили роҳбурди Амрико ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ аст. Воқеият ин аст, ки мавҷудияти режими саҳюнистӣ дар минтақаи ғарби Осиё натиҷаи сиёсати қудратҳои ғарбӣ аст. Биритониё бо эъломияи фаврӣ заминаи таъсиси режими саҳюнистӣ ва ба таъбири Сайидҳасан Насруллоҳ “таҳмили режими саҳюнистӣ бар минтақаи ғарби Осиё”-ро фароҳам кард.

Барои ҳифзи ин режими ҷаълӣ ва таҳмилӣ низ аз ҳаргуна ҷинояти он алайҳи мардуми мазлуми Ғазза дар 75 соли гузашта ҳимоят кардаанд ва ин ҳимоят имрӯз низ дар қолаби мудирияти ҷанги Ғазза ва мухолифат бо оташбас идома дорад. Сайидҳасан Насруллоҳ дар ин бора таъкид кард: “Амрико масъули комили ҷанги кунунӣ дар Ғазза аст ва Исроил абзор аст ва Амрико намегузорад таҷовузҳо мутаваққиф шаванд ва оташбасро рад мекунад. Ин Амрикост, ки ҷанги Ғаззаро мудирият мекунад.” Режими ишғолгари саҳюнистӣ бо кумак ва ҳимояти Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар талош аст аз шиддати шикаст дар Тӯфони Ақсо бикоҳад, аммо воқеият ин аст, ки “амалиёти Тӯфони Ақсо заъф ва сустии ин режим ва инки саҳюнистҳо ҳақиқатан сусттар аз хонаи анкабут ҳастандро нишон дод.”

Давлати Амрико ва раисҷумҳур, вазирон ва генералҳои он ҳамагӣ шитофтанд, то ин режимро ҳифз кунанд; режиме, ки меларзид ва зилзилае дар он рух дода буд, то балки ҳадде аз ҳушёриро ба он бозгардонанд ва боис шаванд дубора рӯи поҳояш беистад; аммо то ин лаҳза ҳанӯз натавонистааст ибтикори амалро ба даст бигирад. Ин шитобзадагии Амрико барои ба оғӯш гирифтани Исроил заъф ва сустии ин режимро нишон дод.

  1. Улгуи рафтории кишварҳои арабӣ

Қисмати дигари суханони Сайидҳасан Насруллоҳ, интиқод аз кишварҳои арабӣ буд. Режими саҳюнистӣ дар ҳоли куштори мардуми Ғазза ва наслкушӣ аст. Аксари афроде, ки шаҳид мешаванд, зан ва ғайринизомӣ ҳастанд. Ба таъбири Сайидҳасан Насруллоҳ “ҳеҷ ҳурмате дар кор нест ва Исроил маҳаллаҳоро комилан вайрон мекунад.” Бо ин ҳол, кишварҳои арабӣ токунун иқдоми ҷиддӣ дар ҳимоят аз мардуми Ғазза мазлум анҷом надоданд ва сирфан ҷиноятҳои режимро маҳкуми каломӣ карданд. Дар суханони дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон навъе тафкик аз вокуниши кишварҳои арабӣ анҷом шуд.

Вай дар ҳоле, ки аз иқдоми муқовимати Ироқ ва Яман дар ҳамла ба мавозеи Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳимоят ва тамҷид кард, аз сукути кишварҳои арабӣ интиқод кард. Дар воқеъ, Сайидҳасан Насруллоҳ иқдомҳоеро, ки кишварҳои арабӣ метавонанд анҷом диҳанд, низ ба онҳо ёдоварӣ кардааст ва таъкид кард: “шумо бояд барои таваққуфb таҷовузот ба Ғазза талош кунед, маҳкумияти кофӣ нест ва равобитро қатъ кунед ва сафирони худро фаро бихонед. Содирот ба Исроилро мутаваққиф кунед. Каме қудрат надоред, ки гузаргоҳи Рафаҳро боз кунед?”

  1. Таҳлили вазъияти ҷабҳаи шимолӣ

Бахши панҷуми суханон Сайидҳасан Насруллоҳ, таҳлили шароит дар ҷабҳаи шимоли буд. Аз замони оғози ҳамалоти режими ишғолгари Қудс алайҳи борикаи Ғазза, ин режим нигарони вокуниш дар ҷабҳаи шимолӣ аз сӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон буд. Режими саҳюнистӣ пас аз ҷанги 33 рӯза соли 2006 талош кард бо Ҳизбуллоҳи Лубнон вориди ҷанг нашавад. Дар 24 соати гузашта ҳам тарсу ҳарос аз суханон ва вокуниши Сайидҳасан Насруллоҳ сабаб шуд артиши режими саҳюнистӣ дар марзи Лубнон ба ҳолати омодабоши комил дарояд. Бардошт ин буд, ки пас аз суханони Сайиди муқовимат, ҷанг дар ҷабҳаи шимолӣ шадидтар шавад, аммо дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханони худ дар ин замина ба чанд нуктаи муҳим ишора кард.

Аввал инкӣ, муқовимати Лубнон дар 4 ҳафтаи гузашта ба муқовимати Фаластин дар ҷанг бо саҳюнистҳо кумак карда ва ин кумакҳо идома хоҳад дошт. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон расман эълон кард муқовимати Лубнон вориди як набарди воқеӣ шуда ва танҳо афроде онро дарк мекунанд, ки дар манотиқи марзӣ ҳузур доранд. Ба иборати дигар, Сайидҳасан Насруллоҳ аз эълони ҷанг алайҳи режими саҳюнистӣ натанҳо ҳаросе надошта, балки расман низ онро эълон кард.

Дувум инки; ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳ аз ҷабҳаи шимолӣ агарчи густарда набуд ва қудрати воқеии Ҳизбуллоҳ набуд, аммо сабаб шуд режими саҳюнистӣ бахши зиёде аз неруҳои худро аз ҷабҳаи ҷанубӣ бикоҳад ва дар ҷабҳаи шимолӣ барои муқобила бо таҳдидҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон мавриди истифода қарор диҳад. Сайидҳасан Насруллоҳ дар ин бора гуфт: “ҷабҳаи Лубнон бахши бузурге аз неруҳоеро, ки барои ҳамла ба Ғазза мавриди истифода қарор мегирифтанд, костааст. Як чаҳоруми неруи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба марзҳои шимолӣ ирсол шуда ва ҳудуди ниме аз қудрати падофандӣ низ дар ҷиҳати Лубнон мустақар аст. Агар мавзеи мо сирфан ҳамбастагӣ ва тазоҳур кардан буд, Исроил хаёлаш аз марзҳои шимолӣ роҳат мебуд ва неруҳояшро ба Ғазза мефиристод.”

Севум инки ҳамчунон тарс аз ҷабҳаи шимолиро дар дили саҳюнистҳо ҳифз кард ва бар ин нукта таъкид кард, ки ҳамчунон эҳтимоли густариши ҷанг вуҷуд дорад. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин бора гуфт: “душман нигарон аст, ки ин ҷабҳа (ишора ба ҷабҳаи шимолӣ) иқдомоти худро ташдид кунад ва ҷанги густардае рӯй диҳад. Ин як эҳтимоли воқеӣ аст ва ин метавонад рӯй диҳад.”

 Ҷамъбандӣ

Суханони Сайидҳасан Насруллоҳ сабаби густариши ҷанг нашудааст, аммо эҳтимоли онро ҳам рад накардааст. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунон саъй дорад авоқиби густариши ҷангро ба саҳюнистҳо ва ҳимоятгарони он гӯшзад кунад. Дар ҳамин ҳол, Сайидҳасан Насруллоҳ низ монанди раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ расман бар ин нукта таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ дар сояи ҳимояти ҳамаҷонибаи ғарб, ба вижа Амрико ба ҷинояти худ алайҳи мардуми Ғазза идома медиҳад ва Вашингтон ва кишварҳои аврупоӣ шарики ҷиноятҳои ваҳшиёна алайҳи мардуми Ғазза ҳастанд.

Агар ин ҳимоят набуд, муқовимати Фаластин метавонист зарбаҳои сангинтаре ба ин режим ворид кунад, ки сусттар аз хонаи анкабут аст. Кишварҳои арабӣ дастикам барои ҳувияти арабии худ бояд иқдомҳои ҷиддӣ алайҳи режими саҳюнистӣ анҷом диҳанд ва нигарони оддисозии равобит набошанд, чароки манофеи онҳо аз ин раванд таъмин нахоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад