Истиқболи Ҳамос аз қатъномаи Маҷмаъи умумии СММ

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бо истиқбол аз қатъномаи Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи Ғазза эълон кард, ки аз ин маҷмаъ ва дигар ниҳодҳои зирабти байналмилалӣ мехоҳем тадобири лозимро барои иҷрои фаврии ин қатънома ба иҷро бигузоранд то гузаргоҳҳои Ғазза бозгушоӣ шуда ва сӯхту кумакҳои башардӯстона фаврӣ ба дасти мардуми ин минтақа бирасад.

Се ҳафта пас аз оғози ҳамалоти ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ҷаласае дар бораи таҳаввулоти Ғазза ташкил дод. Дар ин нишаст пешнависи қатъномаи пешниҳоди кишварҳои арабӣ дар мавриди даргириҳои муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистӣ тасвиб шуд ва хостори оташбаси башардӯстонаи фаврӣ ва таваққуфи хусуматҳо дар Ғазза шуд. Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар қатъномаи худ бар «аҳамияти ҷилавгирӣ аз бесуботии бештар ва ташдиди хушунат дар минтақа» таъкид кард. Маҷмаъи умумӣ ҳамчунин эълом кард, ки ҳар гуна талош барои интиқоли иҷбории ғайринизомиёни фаластиниро қотеъона рад мекунад. Ин қатънома бо 120 раъйи мувофиқ дар муқобили 14 раъйи мухолиф ва 45 раъйи бетараф ба тасвиб расид.

Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар шароите ташкили ҷаласа дод, ки Шӯрои амният тайи се ҳафтаи гузашта 4 бор барои тасвиби қатънома ташкили ҷаласа дод, аммо бо ветои Амрико мувоҷеҳ шуд ва ин қатъномаҳо тасвиб нашуд. Нотавонии Шӯрои амният дар тасвиби қатънома эътибори Созмони Миллалро зери савол бурд. Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо тасвиби ин қатънома нишон дод, ки бархилофи Шӯрои амният, маҷмаъи умумӣ ниҳоди ҳуқуқӣ аст на сиёсӣ. Аксарияти аъзои маҷмаъи умумӣ адолатро бар сиёсикорӣ тарҷеҳ дода ва ҳозир нестанд дар куштори мардуми Ғазза шарик бошанд.

Истиқболи Ҳамос аз қатъномаи маҷмаъи умумӣ дорои чанд нуктаи муҳим аст:

Нуктаи нахуст инки; Мавзӯъи Фаластин, мавзӯи мавриди ҳимояти аксарияти кишварҳои ҷаҳон аст ва бо вуҷуди талошҳо ва ҳамчунин фишорҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ, аммо аксарияти кишварҳо аз Фаластин ҳимоят ва режими саҳюнистиро маҳкум мекунанд.

Дувум инки; Ҳамос дар асари ҳамалоти ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ натанҳо аз байн рафтанӣ нест, балки ҳамчунон яке аз пӯётарин ва муҳиммтарин гурӯҳҳои муқовимат аст, ки аз ҳимояти мардум низ бархурдор аст ва дар саҳна ҳузур дорад.

Севум инки; Дар сояи сустии Ташкилоти худгардони Фаластин дар қиболи таҳаввулоти Ғазза, ҷунбиши Ҳамос аз талошҳои ҷаҳонӣ барои поён додан ба ҷанг ва ирсол кумакҳои башардӯстона истиқбол мекунад ва дар айни ҳол, аз омодагии лозим барои муқобила бо ҳамалоти режими саҳюнистӣ аз ҷумла ҷанги заминӣ бархурдор аст.

Чаҳорум инки; Ҳамос ба хубӣ аз моҳияти сиёсӣ ва коркирди ноодилонаи Шӯрои амният огоҳ аст. Қудратҳои ғарбии иддиъои ҳимоят аз ҳуқуқи башар доранд, аммо акнун шарики ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ҳастанд ва ҳатто шаҳодати ҳудуди 3 ҳазор кӯдак ва 1500 зани фаластиниро дар асари ҳамалоти режими саҳюнистӣ намебинанд. Бинобарин, бояд гуфт истиқбол аз қатъномаи Маҷмаъи умумӣ навъе таъна ба коркарди Шӯрои амният дар хусуси ҷинояти ҷангии режими саҳюнистӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад