Шумори шуҳадои Фаластин ба 1572 нафар расид

Тибқи гузориши Вазорати беҳдошти Фаластин, омори қурбониёни ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба мардуми мусулмони ин кишвар дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ба 1572 шаҳиду 7262 маҷрӯҳ расид.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати беҳдошти Фаластин субҳи имрӯз ҷумъа, 13-уми октябр эълом кард, ки теъдоди қурбониёни таҷовузоти ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ ба мардум дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ба 1572 шаҳиду 7262 маҷрӯҳ расидааст.

Ин вазоратхона дар иттилоияаш эълом кард, ки теъдоди қурбониёни Навори Ғазза ба 1537 шаҳид ва ҳудуди 6612 захмӣ расидааст. Ин дар ҳоле аст, ки талафот дар Каронаи Бохтарӣ ба 35 шаҳид ва беш аз 650 захмӣ расида ва 210 нафар аз маҷрӯҳон ба бемористонҳо мунтақил шудаанд.

Набарди Тӯфони Ақсо бо идомаи даргириҳо ва ҳамалоти мушакии муқовимат ба Ҳайфа ва бекор шудани фурудгоҳи Бен Гурион вориди ҳафтумин рӯзи худ шуд; дар ҳоле ки теъдоди кушта шудагони исроилӣ ба беш аз 1300 нафар расид.

Бомдоди имрӯз, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ даҳҳо ҳамлаи шадид ба манотиқи мухталифи Навори Ғазза бо тамаркуз бар шимоли ғарбӣ ва шимоли ин минтақа анҷом доданд. Тупхонаи артиши режими ишғолгари Исроил ҳамчунин манотиқе дар ҷануби Навори Ғаззаро бомбаборон кард.

Фаластин

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад