Сабабҳои оғози амалиёти Тӯфони Ақсо ва ояндаи он

Бархе аз мақомоти Ҳамос ва таҳлилгарон сабабҳои пирӯзии Ҳамос ба режими палиди саҳюнистиро дар Тӯфони Ақсо баён кардаанд.

Намояндаи Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар ҶИЭ зимни ташреҳи далелҳои оғози амалиёти Тӯфони Ақсо бар машрӯъ будани муборизаҳои мардум ва муқовимати Фаластин барои бозпасгирии сарзамини худ таъкид кард.

Носир Абӯшриф, намояндаи Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ дар ҶИЭ дар нишасти тахассусии Тӯфони Ақсо, илал ва чашмандози он ба ҳаҷми сангини бомбаборони ваҳшиёнаи манотиқи маскунӣ борикаи Ғазза ва шаҳиду захмӣ шудани шумори зиёде аз мардуми бедифои ин минтақа тайи панҷ рӯзи ахир ишора кард ва афзуд, ки агар як меъёр дар зеҳнамон аз ҳаҷми бомбаборон бихоҳем дар назар бигирем миқдори се килограм бомба ба изои ҳар метри мураббаъ бар сари мардуми Ғазза рехта ва бархе аз маҳаллаҳо ба таври комил вайрон шуд.

Абӯшриф илова кард вақте Созмони Милал, як минтақаро ба унвони минтақаи ишғолӣ эълон мекунад, дифоъ аз он ва мубориза барои бозпасгирии он машрӯъ аст ва мардуми он сарзамин ҳақ доранд барои сарзамини худ биҷнаганд, аммо фаластиниҳо ҳақ надоранд алайҳа саҳюнистҳо тазоҳурот кунанд, чун боздошт мешаванд ва ҳақ надоранд бо саҳюнистҳо биҷанганд, чун ба унвони террорист тавассути онҳо кушта хоҳанд шуд.

Вай ба панҷ далели шурӯъи амалиёти Тӯфони Ақсо ишора кард ва гуфт: аввал инки 72 дарсади фаластиниҳое, ки ба Ғазза омаданд, оворагони соли 1948 ҳастанд, ки аз манотиқи Асқалон ва Биъруссабъ омаданд ва ба иҷбор аз онҷо ихроҷ шуданд.

Дувумин далел, муҳосираи 17 солаи борикаи Ғазза аст. Ин минтақа аз 17 соли қабл муҳосира шуда ва кумакҳо ба сурати қатрачакон ба тавре, ки мардум фақат зинда бимонанд, вориди ин минтақа мешавад. Дар мавриди авзоъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ 60 дарсади фаластиниҳои сокини Ғазза бекор ҳастанд ва 40 дарсад ҳам кӯдак ва навҷавонон ҳастанд.

Севумин далел, талоши Исроил барои вуруд ба Масҷидулақсо ва Халил буд ва саҳюнистҳо мехоҳанд ҳамин корро дар Қудс анҷом диҳанд ва бар онҳо сайтара пайдо кунанд.

Чаҳорум инки 6000 фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил асир ҳастанд ва ҳатто аз ниёзҳои аввалия ҳамчун обу ғизо маҳруманд.

Панҷумин далел, зулм ва ситами шаҳракнишинҳои саҳюнист аст, ки аз ҷинояткортарин ва манфӯртарин афрод ҳастанд ва ин афрод ҳатто барои масеҳиён ҳам эҳтиром қоил нестанд.

Ризо Миробиён, коршиноси аршади масоили ғарби Осиё ба унвони суханрони дувуми ин нишаст ба ояндаи раванди ин ҷанг пардохт ва гуфт: режими саҳюнистӣ  наметавонд вориди Ғазза шавад ва мехоҳад бо бомбаборони навори Ғазза, тарафи муқобилро ба мизи музокира бикашонад, аммо Ҳамос зери бори чунин ҳарбае нахоҳад рафт.

Вай идома дод: Ҷон Кирбӣ, ҳамоҳангкунандаи шӯрои роҳбурдии Кохи сафед дар охирин изҳори назари худ эълон кард, ки ирсоли нови ҳавопаймобар ба наздикии сарзаминҳои ишғолӣ барои муқобила бо ташдиди даргирӣ ва таъмини амнияти саҳюнистҳо аст.

Ин коршиноси масоили ғарби Осиё илова кард: Байден, раисҷумҳури Амрико ҳамон рӯзи аввали ҷанг бо мубарро донистани Эрон дар амалиёти Тӯфони Ақсо худро осӯдахотир кард ва гуфт, ки Эрон дар ин амалиёт нақше надоштааст. Аз як тараф Амрико бо рафъи иттиҳом аз Эрон хостори ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ҷанги густарда дар минтақа аст, чун соли оянда, дар Амрико интихоботи президентӣ пеши рӯ аст.

Вай афзуд: аз тарафи дигар, Байден барои розӣ нигаҳ доштани саҳюнистҳо ва ҳимоятгарии онҳо аз вай, дар интихоботи соли оянда як нови ҳавопаймобар ба минтақа эъзом кард, то ба кишварҳо ҳушдор диҳад, ки оташи ҷанг густариш пайдо накунад ва режими саҳюнистӣ  ба роҳатӣ битавонад ба ҷиноятҳои худ дар Ғазза идома диҳад ва лозим ба зикр аст, ки усулан вуҷуди нови ҳавопаймобар ҳам ҳазинабар ҳаст ва ҳам Амрико намехоҳад осебе ба ин новҳо ворид шавад.

Дар поёни ин нишаст Ҳусайни Рӯйварон, таҳлилгари масоили ғарби Осиё дар ишора ба абъоди дигари ин амалиёт матраҳ кард, ки ин амалиёт ҳосили як ҷанги электиронники дақиқ буд ба ин далел, ки девори ҳоил, ке чандин миллион доллар ҳазина бардошта буд ва масъулони режими саҳюнистӣ эълон карда буданд ҳатто агар як ҳайвони кӯчак ҳам наздики ин девор шавад, мо мутаваҷҷеҳ мешавем ва авоили насби ин девор бо убури як харгӯш ва ҳушдори ин девор, артиши режими саҳюнистӣ се рӯз омодабош буд, аммо бо иҷрои ин амалиёт як расвоӣ барои режими саҳюнистӣ ба бор омад.

Вай идома дод: ин набард, се хатти қирмизи режими саҳюнистиро зери по гузоштааст. Аввалин хатти қирмизи он талафоти ҷонӣ аст, ки барои саҳюнистҳо зиёд буда, дувумин хатти қирмиз амнияти Телавив аст, ки Телавив ба хатар афтода ва севумин хатти қирмизи он зарбаи иқтисодӣ ба режими сҳиунистӣ аст, ки агар ин ҷанг тӯлонӣ шавад ин хатти қирмизи саҳюнистҳо зери по гузошта мешавад ва режими саҳюнистӣ, тавони осеби иқтисодиро дар замони тӯлонӣ надорад.

Бар асоси гузориши Қудсуно, Рӯйварон дар поёни ин нишаст, ки ба мизбонии Ҷамъияти дифоъ аз миллати Фаластин баргузор шуд, илова кард, ки артиши режими саҳюнистӣ  ба иллати коҳиши тобоварӣ дар ҷангҳои ин чанд сола, агар ба таври мустақим бо неруҳои муқовимат даргир шавад, ин ҷанг ҳарчи зудтар бо шикасти саҳюнистҳо поён меёбад, чун дар ин чанд ҷанги ахир, ки саҳюнистҳо мутаҳаммили шикаст шуданд ва тавони ҷангидан бо вуҷуди таҷҳизоти пешрафта ва имконоти боло надоранд.

Як мақоми аршади дигари Ҷунбиши Ҳамос бо баёни инки муқовимат аз муддатҳо пеш барои ин набард омода шуда буд, аз кишварҳои созишгар хост, то бо режими саҳюнистӣ қатъи робита кунанд.

Исмоил Ризвон аз мақомоти аршад ва баландпояи Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, чанд иллат ва сабабро далели умда ва асосии шикасти иттилоотӣ ва амниятии саҳюнистҳо дар амалиёти Тӯфони Ақсо зикр кард.

Ӯ гуфт: «ин пирӯзӣ дар қадами аввал тавфиқи Худованди Субҳон таоло буд ва ҳеҷ пирӯзие нест, магар инки аз ҷониби Худо бошад; нуктаи дувум инки Худованди Мутаол тарс ва ваҳшатро дар қалбҳои саҳюнистҳо афканд».

Ризвон дар баёни севумини далели ин пирӯзии муқовимати Ҳамос бар режими саҳюнистӣ чунин гуфт, ки муқовимат аз муддатҳо пеш барои чунин рӯзе худро омода ва тавони худро арзёбӣ ва ҷамъ карда буд ва далели чаҳорум инки неруҳои муқовимат мӯъминоне ҳастанд, ки пазирои шаҳодат ҳастанд ва аммо дар муқобил, ин ишғолгарон ҳастанд, ки аз марг меҳаросанд.

Ин мақоми аршад ва баландпояи Ҳамос афзуд: «панҷумин маврид ба буҳронҳо ва шикастҳои дарунии режими ишғолгар ва кӯдаккуши саҳюнистӣ боз мегардад, ба вижа, ки дар нақс ва камбудиҳои фаровон ба сар мебарад ва сокинонаш аз кишварҳои дигар ба Фаластини ишғолӣ оварда шудаанд; онҳо соҳиби ҳеҷ ҳаққе нестанд».

Исмоил разавн гуфт, ки тамоми ин авомил дар канори сабр ва суботи қадам, истодагӣ ва доро будани пойгоҳи мардумии муқовимат сабаби таҳаққуқи ин пирӯзӣ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад