Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз афзоиши амалиёт зидди муҳоҷирон дар Қазоқистон

Муҳоҷирони тоҷик аз афзоиши амалиёт ё рейди зидди коргарони хориҷӣ дар Қазоқистон шикоят доранд.

Муҳоҷирони тоҷик аз афзоиши амалиёт ё рейди зидди коргарони хориҷӣ дар Қазоқистон шикоят доранд.

Яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳабдаҳ сол боз дар Қазоқистон кор мекунад, аммо бори аввал чунин маъракаро мебинад. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, барои пешгирӣ аз қонуншиканӣ амалиёти “Участок” мегузаронанд.

Азамат, яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон, рӯзи 27-уми сентябр гуфт, масъулони бахши муҳоҷират ҳамроҳи сарбозон ва нерӯҳои амниятӣ дар бозори “Барахолка” муҳоҷиронро бо худ бурданд.

Азамат мегӯяд:

“Сарбозон омаданд, ҳама борашро гузошта гурехт. Ҳуҷҷат дошта бошӣ ҳам, гирифта мебаранд. Аз хавфи рейд камтар ба кор меравем”.

Ин муҳоҷири тоҷик афзуд, худи ӯро ба боздоштгоҳи “Бегалина 101” бурда, қариб як рӯз нигоҳ доштаанд.

Дар аксу наворҳое, ки муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ фиристоданд дида мешавад, ки сарбозони Горди миллии Қазоқистон дар рейди зидди муҳоҷирон ширкат доранд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ин амалиёт зидди муҳоҷирати ғайриқонунист, ки дар аввали сентябр оғоз ёфта, қариб 3 ҳазор қонуншиканиро ошкор кард. 64 нафарро аз ин кишвар рондаанд.

Дар хабарномаи бахши муҳоҷирати Қазоқистон аз 14 шаҳрванди Тоҷикистон мисол оварда шудааст, ки “дар сохтмоне ғайриқонунӣ кор мекарданд ва ҳам ҳуҷҷат надоштанд.” Дар ду ҳафтаи охир эҳтимол шумораи муҳоҷироне, ки дар Қазоқистон боздошт ё ихроҷ шуданд, бештар шуда бошад.

То ин вақт муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба чунин рейдҳо зиёд рубарӯ мешуданд ва то андозае ба чунин вазъ одат кардаанд. Ҳанӯз аз Қазоқистон чунин хабаре нарасидааст, вале дар тақлид ба Русия, одатан чунин амалиёт ба зӯроварӣ ва фасоду ришвагирӣ мекашонад ва дурустии ҳуҷҷатҳо монеъ шуда наметавонанд.

Инро ҳам бояд гуфт, ки муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон зиёд нестанд, дар атрофи даҳуним ҳазор нафар тахмин зада мешаванд. Аммо Қазоқистон баъди Русия дувумин самти муҳоҷирати кории тоҷикон аст.

Бо афзоиши таъсири таҳримҳои байнулмилалӣ болои Русия ва коҳиши иқтисоди ин кишвар, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба Қазоқистон рӯ оварданд. Муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон асосан дар бозор ва сохтмонҳо кор мекунанд.

Муҳоҷирон қаблан аз он хушҳол буданд, ки дар муқоиса ба Русия, дар Қазоқистон таъқиби пулис ва бегонаситезӣ камтар аст. Ҳоло мегӯянд, вазъият ба Русия монанд мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар ҷараёни як амалиёт дар Қазоқистон даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дастгиру тафтиш кардаанд. Мақомот ҳадафро “пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ” медонанд.

Чанд зодаи Тоҷикистон аз боздоштҳои, ба гуфтаашон, беасос ва нигоҳдорӣ дар “утоқҳои тангу бидуни шароит” шикоят доранд.

Ба нақли чанд муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон, даҳҳо маъмури интизомӣ рӯзи 21-уми феврал “камаш 52 нафарро” ба мошинҳо бор карда бурдаанд.

Яке аз муҳоҷирон гуфт:

“Ҳуҷҷати аксариятро гирифта, худашонро дар боздоштгоҳи пулис ҷой карданд”.

Ӯ (номаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст) иддао кард, ки онҳоро дар боздоштгоҳ дар шароити бад ва бо шиками гурусна чанд рӯз нигоҳ доштанд.

Вай илова кард:

“52 муҳоҷир дар утоқе шабро рӯз мекарданд, ки аслан барои 16 нафар пешбинӣ шуда буд. Як нон ва як коса хӯрокро бояд чор кас бо ҳам медиданд”.

Пулиси шаҳри Алмато рӯзи 27-уми феврали имсол дар сомонааш дар бораи амалиёти “Муҳоҷир” ва натиҷаҳои аввалини “назаррас” хабар дод.

Дар он гуфтаанд, дар давоми чаҳор рӯз 689 нафарро ба гуноҳи нақзи қонунҳои муҳоҷират ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 83 нафарро аз кишвар ронданд. Навори чӣ гуна берун кардани зиёда аз 30 муҳоҷири тоҷику узбек аз ин кишвар низ дар ҳамин сомона нашр шудааст.

Кӯшишҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани мавқеи пулиси Алмато дар робита ба шикояти муҳоҷирон бенатиҷа анҷом ёфт. Евгений Лисенко, корманди пешини хадамоти матбуоти пулиси Алмато, гуфт, “дар гузашта низ нисбат ба муҳоҷирон амалиёти густурда гузаронида мешуд”.

Ҳамсуҳбати мо ҷой доштани мавридҳои боздошт ва интиқоли беаососи муҳоҷиронро ба боздоштгоҳҳо ғайриимкон номид, чун ба гуфтааш, “ҳамаи ин раванд аз ҷониби додситонӣ шадидан назорат мешавад.”

Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Бар асоси ҳисобҳои гуногун, дар ин кишвар аз 10 то 12 ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунад.

Тафтиши муҳоҷирон дар Қазоқистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки аз аввали имсол шарти додани иҷозаи иқомат ба хориҷиён дар ин кишвар сахттар шуд.

Бар пояи тағйироте, ки 6-уми январ қабул шуд, хориҷиён бояд шиносномаеро пешниҳод кунанд, ки муҳлати эътибораш “на камтар аз 180 рӯз бошад”. Инчунин, барои дарёфти иҷозаи иқомати муваққатӣ ҳузури соҳиби хона ва ё ризояти нотариалии ӯ зарур аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад