Русия: беҳтарин омӯзгоронро ба Тоҷикистон мефиристем

Мақомоти Русия қабл аз фиристодани мутахассисон ба Тоҷикистон онҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳанду беҳтаринҳо, аз ҷумла ҷоизадорҳоро мефиристанд.

Мақомоти Русия қабл аз фиристодани мутахассисон ба Тоҷикистон онҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳанду беҳтаринҳо, аз ҷумла ҷоизадорҳоро мефиристанд.

Ба гузориши манбаъ:

Талаботи низоми маорифи Тоҷикистон ба мутахассисони рус зиёд ва онҳо низ омадаанд беҳтарин таҷрибаашонро табодул кунанд.

Ин нуктаро мушовир-фиристодаи сафоратхонаи Русия Вера Хуторская дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошта, афзуд, ки хоҳишмандони иштирок дар лоиҳаҳо дар ҷумҳурӣ низ зиёд шуда истодаанд.

Вай афзуд, ки мақомоти Русия танҳо беҳтарин омӯзгоронро мефиристанд ва дар байни онҳо як озмуни хеле ҷиддӣ мегузаронанд.

Хуторская шарҳ дод:

“Ба ин ҷо бештар мутахассисони соҳибмалака, барандагони ҷоизаҳои гуногун меоянд. Дидани он хеле хуш аст ва мо омодаем бо шарики худ – бо Тоҷикистон ҳама чизҳои беҳтаринро мубодила кунем. Табиист, ки муаллимони мо низ”.

Маврид ба зикр аст, ки Русия тайи солҳои охир даҳҳо омӯзгорро барои таълим дар макотиби Тоҷикистон мефиристад.

Ноиби раиси Шӯрои Федератсияи Русия, Николай Журавлев ахиран гуфт, аз соли 2017, вақте, ки 29 омӯзгори аввал ба Тоҷикистон рафтанд, то ҳол теъдоди омӯзгорони ширкаткунанда дар лоиҳа, тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.

Таъкид гардид, ки дар Точикистон ба таълими забони русӣ диққати калон дода мешавад ва дар кишвар кори мактабҳои нав аз рӯи стандартҳои таълими русӣ инро тасдиқ мекунад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба сокинон тавзеҳ додааст, ки чӣ гуна метавон фарзанди худро ба навтаъсиси мактабҳои русӣ дар кишвар дохил кард.

ба интихоби мактаббачагон ба муассисаҳои нави таълимӣ – мактабҳои русии шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Душанбе, Кӯлоб ва Турсунзода Вазорати маорифи Тоҷикистон машғул аст.

Дар ин бора иттилоъ додааст сафорати Русия дар Тоҷикистон ва мушаххас кард, ки ба ин раванд ҳеҷ иртиботе надорад.

Изҳороти мазкур пас аз муроҷиатҳои сершумори волидайн ба сафорати Русия дар Душанбе расонаӣ шуд.

Манбаъ афзуд

“Тибқи мувофиқаи тарафайн масъалаи интихоби мактаббачагон дар салоҳияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мебошад”.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба дохилшавӣ ба мактаби русии ба номи Ю. Гагарини шаҳри Душанбе, сафорат қайд кардааст, ки ин масъаларо метавон бевосита бо рохбарият ин мактаб ҳал кард.

Директори муассисаи таълимӣ Владимир Гудков шурӯъ аз рӯзи 16 сентябр ҳар рӯзи ҷумъа бо волидон дар масъалаи дохилшавии кӯдакон мулоқот хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки ҷониби Русия, дар симои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой бо дархости Вазорати маорифи Русия ба интихоби омӯзгорон ва риояи стандартҳои таълимии Русия ҷавобгар мебошад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад