Нигарониҳо дар бораи рушди гурӯҳҳои террористӣ аз даруни Афғонистон

Бархе аз кишварҳо дар бораи рушди гурӯҳҳои террористӣ ба вижа ДИИШ дар хоки Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Бархе аз кишварҳо дар бораи рушди гурӯҳҳои террористӣ ба вижа ДИИШ дар хоки Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Ахиран Қазоқистон ҳушдор дод, ки таҳдиди терроризм аз дохили Афғонистон ҳамчунон побарҷо аст ва ин кишвар маркази ҷазби гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ мебошад.

Расонаи Индипендет ҳам дар ин бора гузориш дод, ки муовини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ҳушдор дод, ки имкони густариши таҳдиди терроризм аз Афғонистон ба кишварҳои узви Созмони Шангҳаи вуҷуд дорад. Ин мансабдори Қазоқистон дар нишасти чиҳилуми Шӯрои Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай дар шаҳри Остона таъкид кард, ки Толибон пас аз баргашт ба қудрат дар эҷоди системаи ҳукуматдорӣ “номувафақ” будаанд. Вай ҳушдор дод, ки имконоти террористӣ дар Афғонистон боқӣ мондааст.

Вай гуфт: “Толибон, ки дар соли 2021 ба қудрат расиданд, натавонистанд низоми муассири ҳукуматӣ эҷод кунанд ва назорати муносиб бар амниятро тазмин кунанд.”

Муовини Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон илова кард: “шохаи Хуросони ДИИШ бо зарфияти рӯ ба рушди худ дар Афғонистон бузургтарин таҳдид аст. ДИИШ ба намояндагиҳои дипломатики Русия ва Покистон ҳамла кард. Аъзои он шаҳрвандони чиниро дар як ҳутел дар Кобул куштанд. Раҳбарони ин созмон мураттаб ҳам алайҳи ҳамаи кишварҳо аз ҷумлаи алайҳи Русия ва Чину Покистон даъват ба ҷиҳод мекунанд.”

Ӯ гуфт, ки Алқоида дар Афғонистон мустақар аст ва шумораи шебҳинизомиёни он ба 500 тан расидааст: “ДИИШ ва Алқоида бахше аз қаламравро зери султа доранд, аммо комилан қодир ба анҷоми ҳамлаҳои густарда ва печида ҳастанд. Ба таври куллӣ, вазъи кунунӣ таҳдиди воқеӣ барои иҷрои проектҳои бузург дар қаламрави кишварҳои Созмони Ҳамкории Шангҳай аст.”

Ин иддаои мансабдори қаззоқ дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳамзамон ду мақоми аршади амрикоӣ иддао карданд, ки баъид ба назар мерасад шабакаи Алқоида дар Афғонистон ва Покистон дубора эҳё шавад.

CNN ба нақл аз ин ду мақом навишт, ки амалиёти Толибон алайҳи ДИИШ боиси коҳиши ҳузури он гурӯҳ шудааст, аммо таҳдиди ДИИШ ҳамчунон побарҷо аст. Ин ду мақоми амрикоӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон арзёбии хушбинонае аз вазъияти терроризм дар Афғонистон ироа ва иддао карданд, ки бо поён ёфтани ҳузури Амрико дар Афғонистон дар августи 2021, ҳузури гурӯҳҳои террористӣ рӯ ба коҳиш ёфтааст. Ин ду мақоми амрикоӣ иддао карданд, ки ДИИШ зери фишори Толибон аст ва ба ҳамин иллат бисёре аз раҳбарони калидии ин гурӯҳ дар моҳҳои ахир аз Афғонистон гурехтаанд.

ДИИШ барои нахустинбор дар январи 2015 дар навори тасвирӣ ташкили шохаи вилояти Хуросони худ дар Афғонистон ва Покистонро ба шакли расмӣ эълон кард. Ин гурӯҳи террористӣ дар нимаи нахусти соли 2015 муваффақ шуд контроли манотиқи васеъе аз сарзаминҳои шарқи вилояти Нангарҳорро дар даст бигирад. Аммо қудратгирии ДИИШ дар солҳои 2015 ва 2016 бо вокуниши давлати марказии пешин ва гурӯҳи Толибон мувоҷеҳ шуд. Давлати собиқи Афғонистон бо кумаки нируҳои НАТО ҳамлаҳои худ алайҳи ДИИШ-ро дар соли 2019 густариш дод ва тавонист бисёре аз аносири онро ба ҳалокат бирасонад. Ба тавре, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар ноябри 2019 шикасти ДИИШ дар Афғонистонро эълон кард.

Аммо ин гурӯҳи террористӣ тавонист бо баҳрабардорӣ аз танишҳои дохилӣ фаъолиятҳои худро аз соли 2020 аз сар бигирад. Дар ҳамлаи августи 2020 ДИИШ ба зиндони Нангарҳор, наздик ба 300 зиндонӣ фирор карданд, ки бештари онҳо аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ буданд. Дар ҳамла омили интиҳории ДИИШ ба фурудгоҳи Кобул дар августи 2021, ки аз ин ҳодиса ба унвони хунинтарин ва хашинтарин ҳамлаи террористӣ баъд аз ҳаводиси 11 сентябр ёд мешавад, ҳудуди 103 нафар аз ҷумла 13 сарбози амрикаоӣ кушта шуданд.

Бо ин ҳол Толибон пас аз расидан ба қудрат эълон кард ба зудӣ гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар саросари Афғонистон решакан хоҳад кард.

Толибон борҳо иддао кардааст, ки ДИИШ дар Афғонистон тавоноии тахриби худро аз даст додааст, аммо таҳаввулоти моҳҳои ахир нишон медиҳад, ки гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамчунон аз қудрати кофӣ барои ноамн ва бесуботсозии Афғонистон бархурдор аст. Тайи ду моҳи гузашта ҳамлаҳои террористии гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон шиддати бештаре ба худ гирифтааст. Дар охирин ва муҳимтарин маворид, гурӯҳи ДИИШ бо як ҳамлаи интиҳорӣ, Нисор Аҳмад Аҳмадӣ, муовини волии Толибон дар Бадахшонро террор кард. Ду рӯзи баъд дар маросими хатми Нисор Аҳмад дар Бадахшон, гурӯҳи ДИИШ бори дигар муҳоҷими интиҳориро ба ин маросим фиристод, ки дар натиҷаи он Сафиюллоҳ Самим, фармондеҳи пешини ин гурӯҳ дар Бағлон кушта шуд. Илова бар он, манобеи маҳаллӣ таъкид карданд, ки дар ин ҳодиса 18 фарди дигар низ кушта шуда ва беш аз 30 нафари дигар захмӣ шуданд.

ДИИШ ҳамчунин масъулияти куштани волии Толибон дар Балх ва ду ҳамлаи дигар дар муқобили Вазорати хориҷаи Толибон дар Кобулро низ ба ӯҳда гирифтааст. Илова бар ин, ДИИШ дар ду соли ахир, масъулияти чандин ҳамлаи маргбор ба марокизи омӯзишӣ, масоҷид ва маросими мазҳабии шиъаёни Афғонистонро низ ба ӯҳда гирифтааст.

Ду моҳи пеш ҳам Вашингтон Пост дар гузорише бо истинод ба асноди ифшошудаи Вазорати дифои Амрико (Петагон) муддаӣ шудааст, ки Афғонистон ба маркази ҳамоҳангии ДИИШ табдил шудааст ва ин гурӯҳи террористӣ талош дорад, то ҳамалотеро аз хоки Афғонистон дар саросари Аврупо ва Осиё барномарезӣ кунад ва тавтеаҳоеро алайҳи Амрико анҷом диҳад.

Тибқи ин гузориш, ёфтаҳои иттилоотии Иёлоти Муттаҳида дар шабакаи паёмрасони Discord, ки ба берун дарз карда ва ба дасти Вашингтон Пост расида, муддаӣ шудааст, ки талошҳои хоссе тавассути ДИИШ барои ҳадаф қарор додани сафоратхонаҳо, келисоҳо, марокизи тиҷорӣ ва мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футболи соли гузашта дар Қатар сурат гирифтааст.

Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар вокуниш ба ин хабар навишт: “Иморати исломии Афғонистон мӯҳтавои асноди маҳрамонаи низомии Амрико дар хусуси истифодаи ДИИШ аз хоки Афғонистон барои ҳамла ба Амрико ва муттаҳидони ин кишварро рад мекунад.”

Сухангӯи Толибон зимни ҷаълӣ хондани ин аснод, ин мавзӯъро таблиғоти Амрико алайҳи ин гурӯҳ унвон кард ва афзуд, ки азҳони мардум бо чунин талошҳое фиреб намехӯрад.

Сергей Лавров, Вазорати умури хориҷаи Русия низ дар бораи фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон гуфтааст, ки Амрико аз гурӯҳҳои террористӣ монанди ДИИШ ва Алқоида дар Афғонистон ҳимоят мекунад.

Вазири умури хориҷаи Русия, суханони ахири сафири Амрико дар Тоҷикистон дар бораи адами ҳимояти ин кишвар аз гурӯҳҳои низомии мухолифи Толибон дар Афғонистон вокуниш нишон дода ва гуфт: “баёни ин маворид ба забони дипломосӣ, изҳороти нодуруст аст.”

Муҷоҳид дар ҳоле бархе кишварҳоро ба бузургнамоии ДИИШ дар Афғонистон муттаҳам кардааст, ки пеш аз ин фармондеҳи марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дода буд, ки ДИИШ шаш моҳ баъд тавоноии ҳамла алайҳи кишварҳои хориҷӣ аз хоки Афғонистонро хоҳад дошт.

Ба назар мерасад беҳтар аст мақомоти аршади Толибон ба ҷойи китмону инкори ҳақиқатҳо, воқеиятҳои ҳузури гурӯҳҳои террористӣ ба вижа ДИИШ-ро пазируфта ва алайҳи он иқдоми ҷиддӣ ба амал оваранд ва аз таҷрибаи муваффақи кишварҳои дӯсти минтақа дар ин муқобила истифода кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад