Амрико пуштибони гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон

Коршиносон бо изҳори инки Афғонистони қурбонии терроризм мебошад мегӯянд, ҳамсояҳои Афғонистони Амрикоро пуштибони гурӯҳҳои террористии ҳозир дар ин кишвар медонанд.

Коршиносони афғон дар вокуниш ба изҳороти вазирони дифои Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи афзоиши фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон таъкид мекунанд ин кишвар на маркази тероризм, балки қурбонии он аст.

Сергей Шойгӯ, вазири дифои Русия дар ин нишаст гуфта буд гурӯҳҳои мусаллаҳи мустақар дар Афғонистон ба дунболи афзоиши нуфузи худ дар Осиё Марказӣ ҳастанд ва мумкин аст гурӯҳҳои монанди Ал-қоида, ДИИШ, Ҷумбиши исломии Узбекистон ва Ҷумбиши исломии Туркистони Шарқӣ вориди кишварҳои Осиё Миёна шаванд.

Бо ин ҳол, бархе коршиносони сиёсӣ бо изҳори инки Афғонистон на қаблан ва на дар ҳоли ҳозир маркази тероризм аст, таъкид мекунанд ошиёна, марокизи таълимӣ ва адресҳои таҷҳизкунандаи тероризм маълум аст ва бояд дар муқобили онҳо иқдом шавад.

Як коршиноси афғон бо изҳори инки Русия мехоҳад бо истифода аз номи тероризм ба аҳдофи худ дар Афғонистон бирасад гуфт: нигаронии Маскав, ки гуё марокизи терроризм дар Афғонистон вуҷуд дорад, беасос аст бархе аз кишварҳо аз номи терроризм ба унвони абзоре барои расидан ба аҳдофи худ, ки дар Афғонистон доранд истифода мекунанд. Агар воқеан онҳо эҳсоси хатари терроризмро мекунанд ва ҳадафи мубориза бо онҳоро доранд, адреси таълимӣ ва таҷҳизи онҳо мушаххас аст ва бояд бар онҳо фишор биоваранд.

Фаҳим Ҷаннат, коршиноси масоили сиёсӣ бо изҳори инки агар Русия ё дигар кишварҳо асноди муътабаре дар бораи ҳузуру фаъолияти террористҳо дар Афғонистон доранд, бояд бо Кобул ба иштирок гузорад афзуд: ин нигарониҳои кишварҳои ҳамсоя беасос аст. Дар сурате, ки онҳо мушкил доранд бояд онро бо асноди муътабар бо Иморати исломӣ дар миён гузоранд ва барои муқобила бо терроризм бо Толибон ҳамкорӣ кунанд то ин нигарониҳо хотима ёбад.

Дар ҳамин ҳол бисёре аз коршиносон бар ин боваранд, ки нигаронии асосии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба коргирии гурӯҳҳои террористӣ тавассути Амрико алайҳи манофе онҳо аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад