Афзоиши қурбониёни зилзилаи Марокаш ба 4 ҳазор куштаву захмӣ

Вазорати кишвари Марокаш эълон кард, ки теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар ин кишвар ба 2012 кушта ва 2059 захмӣ афзоиш пайдо кардааст.

Вазорати кишвари Марокаш бомдоди якшанбе эълон кард, ки теъдоди қурбониёни заминларзаи шадиди рӯзи шанбе дар ин кишвар ба 2012 кушта ва 2059 захмӣ афзоиш пайдо кардааст.

Созмони заминшиносии Амрико бомдоди шанбе эълон кард, ки заминларзаи маргбор ва бесобиқае ба қудрати 6.8 риштер дар умқи 8 километрии замин дар наздикии минтақаи тафреҳии Оукаймеден рух дод. Ин минтақа дар кӯҳҳои Атлас воқеъ шуда ва ҳудуди 75 километр бо шаҳри Марокаш, чаҳорумин шаҳри бузурги кишвари Марокаш фосила дошт.

Шабакаи Ал-ҷазира ба нақл аз мудири Маркази миллии жеофизики Марокаш гузориш дод: “мо мутаваҷҷеҳи пас ларзаҳое дар муҷовирати конуни заминларза шудаем ва дар ҳоли баррасии фаровонии онҳо ҳастем. Шиддати ин заминларза қобили тавваҷуҳ буд ва коршиносонро ғофилгир кард зеро қаблан чунин чизе сабт нашуда буд.”

Бомдоди якшанбе ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ эълон кард, ки ҳимояти комили худро аз Марокаш дар пайи ин зилзила ироа карда ва тамаркузи онҳо дар ин марҳила ҳимоят аз мардуми ин кишвар барои сипарӣ кардани паёмадҳои ин фоҷиааст.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар баёнияе эълон кард, ки заминларзаи шадиде, ки Марокашро ларзонд, 300 ҳазор нафарро дар ин кишвар ва манотиқи атрофи он таҳти таъсир қарор дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад