Украина: Хоки худро қурбонии узвият дар НАТО намекунем

Мушовири раиси дафтари раисҷумҳури Украина гуфт, ки ин кишвар ҳаргиз хоки худро қурбонии узвият дар Паймони Отлантики Шимолӣ нахоҳад кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Михаил Подоляк” мушовири раиси дафтари “Владимир Зеленский” раисҷумҳури Украина рӯзи сешанбе ба гузориши бархе расонаҳо дар бораи пешниҳоди раиси дафтари дабири кулли НАТО ба Украина барои сарфиназар аз бахше аз хоки худ дар муқобили пайвастан ба НАТО вокуниш нишон дод.

Вай дар паёме дар шабакаи иҷтимоӣ “X” (Твитери собиқ) таъкид кард, ки Украина хоки худро қурбонии узвият дар Паймони Отлантики Шимолӣ нахоҳад кард.

Рӯзи сешанбе дафтари дабири кулли паймони Отлантики Шимолӣ дар суханоне ин эҳтимолро рад накарда буд дар сурате, ки Украина бо интиқоли бахше аз сарзаминҳои худ ба Русия мувофиқат кунад, метавонад узвият дар НАТО-ро ба даст биёварад.

Михаил Подоляк дар идомаи паёми худ навишт, ки мақомоти НАТО бояд дар бораи ирсоли сареътари таслиҳот ба Украина ва на дар бораи чашмпӯшӣ аз хоки Украина дар баробари Маскав сӯҳбат кунанд.

Дмитрий Медведев, муовини раиси шӯрои амнияти миллии Русия рӯзи сешанбе низ ҳушдор дод Украина барои онки ба паймони Отлантики Шимолиӣ бипайвандад бояд аз Киев, пойтахти худ чашм пӯшӣ кунад.

Вай дар паёме дар сафҳаи худ дар Телеграм навишт: “Идеяи нав барои Украина аз сӯи дафтари паймони Отлантики Шимолӣ матраҳ шудааст, Украина дар сурате, ки аз сарзаминҳои мавриди ихтилоф чашмпӯшӣ кунад метавонад ба НАТО бипайвандад. Идеяи ҷаззобе ба назар мерасад, аммо танҳо саволе, ки боқӣ мемонад ин аст, ки тамоми сарзаминҳои Украина маврид баҳс аст ва дар сурате, ки мақомоти украинӣ ба думболи пайвастан ба НАТО бошанд бояд аз худи Киев, ки пойтахти Русияи қадим буда чашмпӯшӣ кунанд ва пойтахти худро ба Ливов интиқол диҳанд”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад