Маҳкумияти ҷаҳонии ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ

 Ҳамлаи террористии шомгоҳи рӯзи якшанбе ба ҳарами Шоҳчароғ бо мавҷи густардаи маҳкумият дар минтақа ва ҷаҳон мувоҷеҳ шудааст.

Ҳамлаи террористии шомгоҳи рӯзи якшанбе ба ҳарами Шоҳчароғ бо мавҷи густардаи маҳкумият дар минтақа ва ҷаҳон мувоҷеҳ шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, Ироқ, Сурия, Русия ва Уммон ҳодисаи террористии рӯйдода дар ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози Эронро маҳкум ва ҳамбастагии худро бо давлат ва миллати Эрон эълон карданд.

Шоми якшанбе, як террористи мусаллаҳ иқдом ба тирандозӣ дар ҳарами Шоҳчароғ дар Шероз кард ва дар ин ҳамлаи ҷинояткорона, ду нафар ба шаҳодат расид ва ҳашт тани дигар захмӣ шуданд. Бар асоси гузоришиҳои аввалия фарди террорист, сокини Русия ва шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ба саффи гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста буд; соате пас аз ҳамла, ҳам ДИИШ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт.

 Аморот ва Қатар

Аморот ва Қатар худ шомгоҳи душанбе ҳамла ба ҳарами Шоҳчароғро маҳкум карданд. Ин маҳкумият дар ду баёнияи ҷудогона тавассути Вазорати хориҷаи ду кишвар, як рӯз пас аз амалиёти террористӣ дар ҳарами Шоҳчароғ содир шудааст.

Дар баёнияи содиршуда аз сӯи Вазорати хориҷаи Аморот таъкид шудааст: “Амороти Муттаҳидаи Араб ин иқдомоти ҷинояткоронаро ба шиддат маҳкум ва тамоми шаклҳои хушунат ва терроризмро бо ҳадафи тазъифи амният ва субот рад мекунад.”

Дар идомаи ин баёния омадааст: “Аморот самимона маротиби тасалият ва ҳамдардии самимонаи худро ба давлат ва мардуми кишвари ҳамсояи Эрон ва хонаводаҳо ва бастагони қурбониёни ин ҷинояти шанеъ эълон ва барои ҳамаи захмиён шифои оҷил талаб мекунад.

Вазорати умури хориҷаи Қатар низ бо интишори баёнияе ба маҳкумияти шадиди ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Шероз таъкид кард.

Ин вазоратхона дар баёнияи худ таъкид кард: “Қатар қотеъона ҳаргуна хушунат ва террористро сарфи назар аз ангезаҳо ва далелҳо рад мекунад.

Вазорати хориҷаи Қатар ин ҳодисаи террористиро ба хонаводаҳои қурбониён ва давлат ва миллати Эрон таслият гуфт ва барои захмиён шифои оҷил талаб кард.

 Баҳрайн

Вазорати хориҷаи Баҳрайн низ тайи баёнияе эълон кард, ки ин кишвар, чунин иқдомоти шанеъро ҳамвора маҳкум мекунад.

Дар идомаи ин баёния омадааст: “Баҳрайн, комилан тамоми шаклҳои хушунат, ифротгароӣ ва терроризмро, ки ҳадаф аз он, бесубот кардани амният ва субот аст ва бо арзишҳо ва усули ахлоқӣ ва инсонӣ носозгор аст, рад мекунад.”

Кувайт

Вазорати хориҷаи Кувайт низ бо судури баёнияе ҳамлаи террористӣ ба Шоҳчароғро ба шиддат маҳкум ва зимни радди комил ва қотеъона ҳамаи шаклҳои хушунат ва терроризм, бар аҳамияти иқдоми муштарак ва ҳамкориҳои чандҷониба барои муқобила бо терроризм ва ​​паёмадҳои он таъкид кард.

Кувайт дар идома самимона бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ ибрози ҳамдардӣ ва ҳамбастагӣ кард.

 Созмони ҳамкории исломӣ

Ҳусайн Иброҳим Тоҳо, дабири кулли Созмони ҳамкории‎ исломӣ мустақар дар бандари Ҷиддаи Арабистон, низ дар паёми худ бо эълон таслияти самимона ба давлати Эрон ва хонаводаи қурбониён, барои маҷрӯҳони ин ҳодиса орзӯи шифои оҷил кард.

Вай дар вокуниши худ иқдомоти террористиро ба сурати куллӣ қотеъона рад кард ва мухолифаташро бо чунин иқдомоти шанеъ мавриди таъкид қарор дод. Ба гуфтаи Иброҳим Тоҳо, мавзеи усулии Созмони ҳамкории исломӣ дар баробари ҳаргуна терроризм бидуни таваҷҷуҳ ба ангезаи онҳо борҳо такрор ва чунин иқдомоте маҳкум шудааст.

 Русия

Федератсияи Русия ҳам дар баёнияе, ки дар веб-сайти расмии Вазорати умури хориҷааш мунташир шуд, ин ҳодисаро маҳкум кард.

Дар ин баёния омадааст: “рӯзи якшанбе дар Эрон ба мақбараи Шоҳчароғ дар шаҳри Шероз як ҳамлаи террористӣ тавассути як фарди мусаллаҳ сурат гирифт, ки дар натиҷаи тирандозии фарди ҷинояткор 10 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки яке аз онҳо ҷони худро аз даст додааст. Тарафи русӣ ин ҳамлаи террористии ваҳшиёна алайҳи мардуми бегуноҳро ба шиддат маҳкум мекунад ва бо хонаводаҳое, ки бастагон ва наздиконашон дар ин фоҷиа осеб дидаанд, ҳамдард аст.

Ин баёния ёдовар шудааст, ки ҷониби Русия умедвор аст, ки масъулон ва омилони ин ҷиноят ба муҷозоте, ки шоистаи он аст, бирасанд.

Вазорати умури хориҷа Русия ҳамчунин таъкид кардааст, ки ин кишвар омодааст ҳамкории худ дар заминаи мубориза бо терроризмро бо шарикони эронии худ афзоиш диҳад.

 Созмони Милал: ҳадаф қарор додани маконҳои мазҳабӣ нафратангез аст

Истифан Дуҷорик, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид низ эълон кард: “Антониу Гуттериш, дабири кулли Созмони Милал, ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғро ба шиддат маҳкум мекунад.

Сухангӯи Созмони Милал рӯзи душанбе дар баёнияе дар ҷамъи хабарнигорон ва дар посух ба саволи хабарнигори эронӣ, ҳадаф қарор додани маконҳои мазҳабиро нафратангез донист.

Дуҷорик афзуд: “дабири кулли СММ низ бар лузуми муҳокимаи омилони ин ҷиноят алайҳи ғайринизомиёне, ки аз ҳаққи худ барои анҷоми озодонаи аъмоли мазҳабӣ истифода мекунанд, таъкид мекунад.”

Вай ҳамчунин гуфт, ки дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид амиқтарин таслияти худро ба хонаводаҳои доғдор ва миллати Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон мекунад ва барои маҷрӯҳон орзӯи шифои оҷил дорад.

Ироқ

Ироқ пеш аз ин ҳамлаи террористиро ба шиддат маҳкум карда буд. Дар баёнияи расмии Вазорати умури хориҷаи Ироқ бар мавзеи ин кишвар дар радди терроризм дар ҳамаи шаклҳо ва мазоҳири он ва истодагии Ироқ дар канори ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобила бо терроризм ва ​ҳимоят аз ҳамаи талошҳои хайрхоҳона бо ҳадафи аз байн бурдани ифротгароӣ ва хушунат таъкид шудааст.

Дар идомаи ин баёния омадааст: “мо дар ғами давлат ва миллати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин айём шарик буда ва аз самими қалб таслият ва ҳамдардии самимонаи худро иброз медорем; барои шаҳидон талаби раҳмат ва омурзиш ва барои маҷрӯҳон низ орзӯи шифои оҷил дорем.

Уммон

Вазорати умури хориҷаи Уммон низ пештар бо интишори баёнияе маротиби таслият ва ҳамдардии худро бо давлат ва мардуми Эрон иброз кард. Дар ин баёния омадааст, ки мо ҳамдардии худро бо кишвари дӯст Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хонаводаҳои қурбониёни ҳамла ба ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шероз эълон мекунем ва самимона орзӯи беҳбудии оҷил барои маҷрӯҳони ин ҳодисаро дорем.

Дар ин баёния бар мавзеи қотеи Уммон дар маҳкумият ва маҳкум кардани терроризм дар ҳамаи шаклҳо ва ангезаҳои он таъкид шудааст.

Сурия

Вазорати умури хориҷаи Сурия низ ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шерозро ба шиддат маҳкум кард.

Як манбаъи расмӣ дар Вазорати хориҷаи Сурия дар баёнияе эълон кард: Ҷумҳурии арабии Сурия ҳамлаи террористӣ ба зоирони ҳарами Аҳмад ибни Мӯсо Алкозим (а) “Шоҳчароғ” дар шаҳри Шерозро ба шиддат маҳкум мекунад. Ин иқдом тавассути як гурӯҳи террористӣ, ки аз сӯи қудратҳои ҷаҳонӣ ҳимоят мешавад, барои барҳам задани оромиш ва амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом шудааст.”

Ин манбаъ афзуд: “Сурия зимни маҳкумияти ин иқдомоти террористӣ, ки сабаби куштори шаҳрвандони бегуноҳ аз ҷумла кӯдакон, занон ва солмандон мешавад, таъкид мекунад, ки ин иқдоми террористӣ амали ҷинояткорона аст, ки аз назари инсонӣ ва ахлоқӣ ғайриқобили қабул буда ва ҳомиёни ин гурӯҳҳо бояд, ҳимояти худро аз ин иқдомот мутаваққиф созанд.”

Ин манбаъ дар поён таъкид кард: “Сурия бори дигар ҳимояти худро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иқдомоте, ки дар қиболи иқдомоти террористӣ анҷом медиҳад, эълон мекунад ва самимона ба хонаводаи қурбониён таслият мегӯяд ва барои маҷрӯҳон орзӯи беҳбудии оҷил дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад