Вокуниши ВКХ ба ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғи Эрон

Вазорати корҳои хориҷа ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғи Эронро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии кишвар дар бораи ҳодисаи Шоҳчароғи Эрон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, ба наздикони фавтидагон сабр ва ба ҷароҳатбардоштагон шифои комил хост.

Ахиран расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки ҳамлаи террористиро шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Наврӯзов анҷом додааст.

Дар робита ба ин, вазир дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ҳанӯз аз ҷониби Эрон вобаста ба ин ҳодиса ягон маълумоти расмӣ дарёфт накардаанд.

Ӯ афзуд, ки дар сурати ироа шудани дархости расмӣ, мақомотҳои марбута дар ин самт ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд.

Зимнан вазир илова кард, ки ин амали мудҳиш ба муносибатҳо миёни Тоҷикистону Эрон ягон зарар ва ё таъсир намерасонад.

Муҳриддин тавзеҳ дод: “Муштаракоти таърихию фарҳангӣ ва дигар пайвандҳои ногусастанӣ миёни кишварҳои мо бештар аз он аст, ки кадом ҷинояти террористӣ тавони таъсир расондан ба онро дошта бошад.”

Рӯзи 14 август раиси кулли додгустарии устони Форс Қозӣ Мусаввӣ, дар робита бо ҷузъиёти ҷадид аз ҳодисаи террористӣ дар Ҳарами Шоҳчароғ изҳор кард, ки то кунӯн 8 нафари гумонбар дастгир шудаанд.

Вай гуфт: “Тамомии афроди боздоштӣ аз атбоъ хориҷӣ ҳастанд.”

Раиси кули додгустарии устони Форс дар робитаи ҳуввияти терруристи аслӣ, ки дар саҳни ҳарам дастгир шуда буд, баён кард, ки ин фард дар таҳқиқоти аввалия худро Раҳматуллоҳ Наврӯзов муаррифӣ карда ва ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Ӯ илова кард, Наврӯзов бо як силоҳи Калашников 11 тир холӣ кард, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расида ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад