Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар заминаи кишоварзӣ тавсеа меёбад

Сафири кишварамон Тоҷикистон дар "Ашхобод" бо муовини нахуствазири Туркманистон дар умури муҷтамаи кишт ва санъат дидор ва раванди чигунагии густариши равобити дуҷониба байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Вафо Ниятбегзода” сафири кишварамон Тоҷикистон дар Ашхобод бо “Тангрқили Атахалиов” муовини нахуствазири Туркманистон дар умури муҷтамаи кишт ва санъат дидор кард.

Маркази матбуоти вазорати умури хориҷаи кишвар бо эъломи ин матлаб гуфт, ки тайи ин дидор ду тараф раванди густариши равобити дуҷониба байни кишварҳои якдигарро мусбат арзёбӣ карданд.

Мақомоти тоҷик ва туркаман вазъияти кунунӣ ва фурсатҳо дар заминаи тавсеаи бештари ҳамкорӣ байни ду кишвар аз ҷумла чашмандози густариши равобит дар чунин заминаҳое монанди тиҷорат ва иқтисод, кишоварзӣ, беҳдошт, санъат, илм ва омӯзишро баррасӣ карданд.

Шоёни зикр аст, ки дар чорчуби сафари раисиҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон дар майи соли 2023 байни ду тараф бастаи бузурге аз аснод аз ҷумла тавофуқномҳҳое дар заминаи густариши мушорикат дар ҳавзаҳои беҳдошт ва дармон, тазмини амнияти сайберии байналмилалӣ ва домпизшки ба имзо расид.

Ду тараф ҳамчунин барномаи фаъолитҳои муштарак барои густариши ҳамкориҳои бештар дар заминаи афзоиши ҷараёни бор ва фаъолсозии ҳамлу нақли чанд ҷониба барои солҳои 2023-2025 ба тасвиб расонданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад