Дубора рӯзи Ошӯрост имрӯз…

Абдуллоҳи Қодирӣ, шоир, нависанда ва таронасарои саршиноси тоҷик шеъреро дар бораи рӯзи Ошӯро сурудааст, ки тақдим мегардад.

Ба муносибати фаро расидани рӯзи Ошӯро, рӯзи шаҳодати Имом Ҳусайн(а) ва ёрони бовафояш ва асорати хонаводаҳояшон, шеъре аз Абдуллоҳи Қодирӣ, шоири шинохтаи тоҷик тақдим мегарданд.

Дубора рӯзи Ошӯрост имрӯз

Замину осмон ғарқи азоянд

Ба ёди куштагони Карбалоянд

Бигирйед, эй мусалмонон, бигирйед

Ки мурғони ҳаво ҳам дар навоянд

Гиребон чок карда аҳли Ислом

Ба хоки поки онон ҷабҳасоянд

Ҳусайну Акбару Аббосу Қосим

Ки моро дар дилу дар дида ҷоянд

Ба теғи хасм агарчи кушта гаштанд

Ҳамеша зиндаанд дар қалби моянд

Хушо онон, ки ҳамҷоми шумоянд!

Дубора рӯзи Ошӯрост имрӯз

Бигӯ мастони раббонӣ биёянд

Бигӯ то дасти моро ҳам бигиранд

Ҳамононе, ки аҳли кибриёянд!

Дубора маҳшари куброст имрӯз

Замину осмон ғарқи азоянд.

Абдуллоҳи Қодирӣ (Мумтоз)

Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз, шоир, нависанда ва таронасарои саршиноси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар  1 январи 1936 дар маҳаллаи Сариосиёи Поёни шаҳри Душанбе ба дунё омад. Соли 1961 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда ва дар муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Маориф», Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Муддате сардабирии шуъбаи табъу нашри Пажӯҳишгоҳи улуми педагогии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.

Маҷмӯъаҳои ашъори ӯ «Риштаи тасвир» (1979), «Хандаи субҳ» (1982), «Боргоҳи ишқ» (1983), «Чамани хаёл» (1985), «Оби нуқра» (1986), «Айёми гул» (1989), «Гулшани роз» (ба ҳуруфи форсӣ, 1992), «Баҳои ҷон» (1993), «Сабзаи мижгон» (2000), «Сукути гиряҳо» (2004), «Меҳроби сухан» (2004) ва ғайра дар нашрияҳои гуногун ба табъ расидаанд.

Абдуллоҳ Қодирӣ 24 майи соли 2009 бар асари сактаи қалбӣ дар 73 солагӣ даргузашт[.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад