“Облава”-и муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Яке аз иттифоқҳо ва рӯйдодҳои муҳим барои Тоҷикистон ва бахшҳои мухталифи пешрафти кишвар, масъалаи рейдҳо нисбати муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик мебошад.

Аз нима ва охири моҳи май дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО дар бораи рейдҳо нисбати муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи бузурги Русия, умдатан дар мегаполисҳо, аз қабили Маскав, Санкт-Петербург, Хабаровск мавод ва сабтҳои видеоӣ нашр шуданд.

Яке аз ин манотиқ, ки пурсарусадотарин боздоштҳои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар он ҷо сурат гирифт, ноҳияи Котелникии вилояти Маскав буд. Дар робита ба ин қазияҳо рӯзи 24 май сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар даъват шуд. Дар ин вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистон аз боздошти дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳар баҳона изҳори нигаронӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, худи мақомоти расмии Русия дар бораи сабабҳои боздоштҳои дастаҷамъӣ изҳори назар намекунанд.

Ба навиштаи ВАО, рейдҳо (облаваҳо)-и пулис нисбати муҳоҷирони тоҷик гӯё пас аз муроҷиати сокинони Котелники “ба бартарияти муҳоҷирони корӣ дар маҳаллаашон” оғоз шудааст. Ин муроҷиатро ҷомеаҳои миллатгаро ва каналҳои YouTube дар Русия дастрас ва паҳн карданд.

Ба иттилои Авеста.tj, дар муроҷиати худ сокинони маҳаллӣ хостори манъи вуруди муҳоҷирон шуда, изҳор доштаанд, ки 70-80%-и аҳолии ноҳияи Котелникиро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Дар пайи рейду дигар чорабиниҳои  баъдӣ чанд автобуси тоҷикистониён боздошт ва бархе аз онҳо лату кӯб шуданд.

Воқеан, боздошти оммавии муҳоҷирони корӣ дар Русия ба таври мунтазам сурат мегирад. Дарвоқеъ, онҳо яке аз тарзҳои назорати вазъ дар бозори меҳнат ва ҷараёни вуруди муҳоҷирони корӣ дар кишвар аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ мебошанд.

Ҳамин тариқ, соли нави 2023 низ бо тафтишу рейдҳои оммавӣ алайҳи муҳоҷирони корӣ оғоз шуд. Ба навиштаи “Известия“, танҳо дар Санкт-Петербург “бо мақсади пешгирӣ” беш аз 2 ҳазор муҳоҷир боздошт шудаанд.

Аммо маҳз ҳамин дафъа масъалаи муҳоҷирон дар расонаҳо ва ҷомеа, ба ҳар сурат, хеле бештар аз маъмулӣ чунин як вокунишро ба бор овард. Инро қисман метавон ба хусусияти вазъияти имрӯзаи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсие, ки дар давоми як соли охир дар фазои пасошӯравӣ ба вуҷуд омадааст, шарҳ дод.

Имрӯз барои муҳоҷирони корӣ махсусан душвор аст, дар шароити буҳрон ва идомаи сафарбарии ҳарбӣ дар Русия, рейдҳои пулис нисбати онҳо аллакай ба таври дигар қабул карда мешаванд.

Илова бар ин, одатан рейдҳои пулис хеле кам танҳо ба як миллат нигаронида мешаванд. Ин дафъа ҳадафи аслӣ тоҷикон шуданд; ҳарчанд дар ҳамин ноҳияи Котельники ба ҷуз диаспораи зиёди тоҷикон, теъдоди зиёди ӯзбекону қирғизҳо ва озарбойҷониҳо низ иқомат доранд.

Ба ин тариқ, дар хобгоҳи донишҷӯёни Хабаровск мардуми зиёде аз ҷумҳуриҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд, аммо тақрибан ҳамаи боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Аз ин рӯ, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин қадар саволҳо (асосан беҷавоб) ба миён омаданд.

Фарзияҳои асосӣ

Агар ба таври мухтасар андешаҳои рӯзноманигорон ва сиёсатшиносонро дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ хулоса кунем, метавон фарзияҳои асосии зерин ва сабабҳои рӯйдодҳоро номбар кард:

Аввал. Ин фарзияи аслии расонаҳои Русия аст, ки дар боло зикр шуд – ҳама гап сари рафтори бади муҳоҷирони тоҷик аст, ки гӯё сокинони азобдидаи Котелникиро маҷбур кардааст ба мақомот муроҷиат кунанд.

Аммо дар ин ҷо якбора ду савол ба миён меояд – аввалан, ки чаро танҳо тоҷиконро тафтиш ва боздошт карданд, аммо ба боқимондаи муҳоҷирон кордор нашуданд.

Сониян, чаро бо муроҷиати гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи хурду начандон маъруф амалиёти пулис алайҳи муҳоҷирони тоҷик ҳамзамон чанд шаҳри бузурги Русияро фаро гирифт?

Азбаски ин фарзия ба саволҳои боло  посух намедиҳад, он танҳо ба фаъолон ва корбарони ҷамъиятҳои миллӣ-ватандӯстии Русия, ба монанди Царград, мувофиқ аст, ки бе ин ҳам ҳама чиз ба онҳо равшан аст.

Фарзияи дуюм дар он ифода меёбад, ки маъракаи феълии боздошти муҳоҷирон дар асл як абзори фишор болои Тоҷикистон аст.

Ин ҷо ҳеҷ чизи тааҷҷубовар нест, зеро чунин маъракаҳои шикор ва ихроҷи оммавии муҳоҷирони тоҷик қаблан, масалан, дар ҷараёни ба истилоҳ “парвандаи халабонон” дар соли 2011 низ сурат гирифта буд.

Дуруст аст, ки ҷонибдорони ин фарзия дар бораи сабабҳои чунин фишорҳо ихтилофи назар доранд – баъзеҳо бар ин назаранд, ки дар ин маврид доир ба вуруди ихтиёрии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) сухан меравад, ки таҳкиму тавсеаи он дар шароити нави геополитикии минтақа ва дунё метавонад барои Маскав муҳим бошад.

Ба ақидаи бархеи дигар, шояд раҳбарияти Русия аз наздикшавии Тоҷикистон бо Чин норозӣ бошад. Гузашта аз ин, Маскав гӯё на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ низ чунин фишорҳо меорад, то ки онҳо ба бастани шартномаҳо аз ҷониби шаҳрвандонашон бо Вазорати дифои Русия ҷиҳати иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Украина монеъ нашаванд.

Ба андешаи ман, аз ҳама гуфтаҳои боло, фарзияи як кӯшиши навбатии мутақоид кардани Душанбе ба узвият дар ИИАО бештар қобили қабул ба назар мерасад.

Гузашта аз ин, тавсеа ва таҳкими ИИАО масъалаи афзоиши нуфузи Чин ва дигар бозигарони геополитикӣ дар минтақаро ба нафъи Маскав ҳал хоҳад кард, ки бешак бо вуҷуди ҳама изҳороти расмӣ, раҳбарияти Русияро нигарон кардааст.

Дар шакли навшуда ИИАО метавонад як навъ монеа дар роҳи густариши нуфузи Чин дар соҳаҳои иқтисод ва сиёсат шуда, мавқеи Маскавро ҳамчун маркази асосии қудрат дар фазои пасошӯравӣ таъмин намояд.

Ғайр аз ин, худи омили фишор болои муҳоҷирони корӣ низ ба бештар воқеӣ будани ин фарзия шаҳодат медиҳад; Маскав гӯё ба Душанбе нишон медиҳад, ки бубинед, ки бо муҳоҷирон чӣ мушкиле доред, ба ИИАО дохил шавед ва ҳамааш бартараф мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад