Омодагии неруҳои Чечен барои истиқрор дар Донетск

Раиси Чеченистон, ки дар канори Русия алайҳи Украина меҷангад, гуфт, неруҳояш барои мустақар шудан дар шаҳри Донетск омодагӣ мегиранд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Рамазон Қодиров” раиси худмухтори Чечен, ки неруҳояш барои артиши Русия алайҳи Украина мубориза мекунанд, рӯзи гузашта (сешанбе) дар паёме, ки дар Телеграм мунташир карда буд тасреҳ кард, ки барои истиқрори муҷаддади неруҳояш дар минтақаи таҳти Русия Ҷумҳурии халқии Донетск воқеъ дар шарқи Украина дастур дарёфт кардааст.

Амалиёти вижаи низомии Русия алайҳи режими Киев дар посух ба талошҳои Украина барои узвият дар НАТО ва ҳамалоти ин кишвар ба рустаборони сокини шарқи Украина оғоз шуд. Русия мегӯяд давлати Украина таҳти нуфузи тафаккуроти неунозӣ аст ва неунозиҳои Украина ва пазириши бетарафии ин кишварро аз аҳдофи амалиёти вижаи низомии худ хондааст.

Бино бар гузориши шабака “CNN”, Қодиров дар паёме дар Телеграм дар ин бора навишт: “дӯстон, ягони вижаи Чечен дастури ҷадиде барои истиқрори муҷаддади неруҳояш дарёфт кардааст. Қаламрави Ҷумҳурии халқи Донетск ба минтақаи масъулият табдил шудааст”.

Вай идома дод: “тибқи дастур, воҳидҳои низомии чеченӣ бояд амалиёти размии фаъолро оғоз карда ва теъдоде шаҳракро озод кунанд”.

Раҳбари Чечен бо таъкид бар ҳамкории Чечен ва Русия алайҳи неруҳои украинӣ тасреҳ кард: “ягонҳои размӣ бо ҳимояти фаъоли вазорати дифо ва ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Русия барои фаъолитҳои таҳоҷумӣ омода мешаванд”.

Қадиров сипас гуфт: “дастуроти мушобеҳи барои оғози ҳамла” аз сӯи дигар ягонҳои Бахмут дарёфт шудааст, ки дар “бахшҳои ҷойгузини хутути тамос байни манотиқи Запорожё ва Херсон” воқеъ шудааст.

Аз тарафи дигар, вазорати Дифои Русия дар хусуси амалиёти артиши Русия дар хориҷ аз Донетск минтақаи Донбасс гуфтааст, ки неруҳои типи 5 ва гурӯҳони Бахмут дар ҳоли анҷоми амалиёти таҳоҷумии муваффақ дар самти Мариинский дар 30 километрии ғарби пойтахти Ҷумҳурии халқи Донетск ҳастанд.

Ягони Бахмут, бахше аз горди милли Русия ва дар Ҷумҳурии Чечен мустақар аст. Номи ин горд аз исми Аҳмад (Бахмут) Қодиров, аввалин раис ва падари Рамазон Қодиров раиси феълии минтақаи Чечен гирифтааст.

Раҳбари Чечен афзуд: “фаъолиятҳои омӯзиши токтикӣ низ дар онҷо анҷом шуд, вазоифи байни фармондеҳон ва муборизон, мутолиаи минтақа ва вазъияти неруҳои душман анҷом шуд”.

Дар соли гузашта, Путин басиҷи бахше аз неруҳоро дар идомаи амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина эълон кард ва пас аз он раисҷмҳури Русия асноди илҳоқи чаҳор минтақа аз Украинаро имзо кард ва сокинони онҳоро шаҳрванди Русия хонд.

Бо вуҷуди ирсоли таҷҳизоти густарда аз сӯи кишварҳои ғарбӣ барои Украина, бисёре аз коршиносон эҳтимоли пирӯзии ин кишвар дар набард бо русҳоро ночиз арзёбӣ мекунанд. Украина ахиран шаҳри Бахмутро дар мувоҷиҳа бо неруҳои як ширкати хусусии низомӣ бо номи Вагнер аз даст дод ва илова бар он мутаҳаммили даҳҳо ҳазор нафар талафот шуд. Номи шаҳри Бахмут акнун ба  Артемовск тағйир кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад