Ҷоми Осиё-2023: Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” қарор гирифт

Бар асоси қуръакашии Ҷоми Осиё-2023, ки дар Қатар анҷом шуд, Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Қатар, Лубнон ва Чин ҳамгурӯҳ шуд.

Бар асоси қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки 11-уми май дар Доҳаи Қатар баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои миллии Қатар, Лубнон ва Чин бозӣ хоҳад кард.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шуд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи натиҷаҳояшон беҳтари ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Ҳаждаҳумин давраи Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби миллии қора аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар барпо мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, дар бозии ифтитоҳии худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо тими миллии Чин рӯ ба рӯ мешавад. Ин бозии гурӯҳи “А” 13-уми январ доир мегардад.

Футболбозони тоҷик дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ 17-уми январ бо мизбони Ҷоми Осиё-2023 – тими миллии Қатар – рақобат мекунанд.

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон 22-юми январ бо дастаи Лубнон бозӣ хоҳад кард.

 Ҷоми Осиё-2023

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023:

Гурӯҳи “А”: Қатар, Чин, Тоҷикистон, Лубнон

Гурӯҳи “В”: Австралия, Узбекистон, Сурия, Ҳиндустон

Гурӯҳи “С”: Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳонконг, Фаластин

Гурӯҳи “D”: Ҷопон, Индонезия, Ироқ, Ветнам

Гурӯҳи “Е”: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Урдун, Баҳрайн

Гурӯҳи “F”:  Арабистони Саудӣ, Тайланд, Қирғизистон, Умон

Тақвими бозиҳои гурӯҳи “А”:

Даври 1-ум:

12-уми январ (ҷумъа): Қатар – Лубнон,

13-уми январ (шанбе): Чин – Тоҷикистон

Даври 2-юм:

17-уми январ (чоршанбе): Тоҷикистон – Қатар , Лубнон – Чин

Даври 3-юм:

22-юми январ (душанбе): Тоҷикистон – Лубнон, Қатар – Чин

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад