“Ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ” иттиҳоми Хуршед Фозилов

Муфаттишони идораи амнияти вилояти Суғд таҳқиқи парвандаи рӯзноманигор Хуршед Фозиловро ба поён расондаанд.

Муфаттишони идораи амнияти вилояти Суғд таҳқиқи парвандаи рӯзноманигор Хуршед Фозиловро ба поён расондаанд.

Дар назар аст, парвандаро пас аз тасдиқи додситон ба додгоҳ фиристанд. Бо вуҷуди танқидҳои зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Тоҷикистон Хуршед Фозиловро озод накарданд.

Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи Хуршед Фозилов, 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот як рӯз пеш аз анҷоми тафтиш хабар додаанд.

Вай афзуд:

“Ҳамроҳи Хуршед Фозилов бо маводи парвандаи ҷиноӣ шинос шудем. Айни ҳол парванда барои баррасӣ ба суди марҳилаи якум фиристода мешавад”.

Хуршед Фозилов дар аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд.

Ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар медонанд. Худаш рад кардааст.

Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз панҷ то ҳашт соли зиндонро дар назар дорад. Вакили дифоъ мегӯяд, парвандаи рӯзноманигор бо ҳамин як иттиҳом ба додгоҳ меравад.

Хуршед Фозилов 8-умин рӯзноманигори тоҷик аст, ки дар як соли охир боздошт шудааст. То кунун ҳафт рӯзноманигор бо гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнуъ иттиҳомҳои дигар ба паси панҷара рафтанд.

Баъзе аз хабарнигорони зиндонӣ дар номаҳои ҷудогона аз дохили боздоштгоҳ айбномаро рад карда, гуфтанд, зери фишор ба гуноҳ эътироф карданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон низ дар як соли охир чанд дафъа ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошти рӯзноманигорон танқид карданду озодии онҳоро хостанд, аммо ҳеч акси садое нашуниданд.

Пештар дар хабаҳо омада буд:

Рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузориш менавишт, тақрибан, соати 15:00-15:30-и рӯзи 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шудааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар медиҳад.

Чанд манбаъ, аз ҷумла кормандони Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Панҷакент, ки шоҳиди ҳодиса буданд, дар суҳбат ба расона гуфтаанд, “Хуршед Фозиловро ду шахси номаълум аз дохили утоқ гирифта бурданд”.

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Хуршед Фозилов то моҳи январ тибқи шартнома дар доираи як лоиҳа бо онҳо ҳамкорӣ мекард ва дирӯз, 6 –уми март барои хабаргирии ҳамкорони пешинаш рафта буд.

Як манбаъ ба гуфтааст:

“Субҳи имрӯз, 7-уми март, боз чаҳор нафари дигар бо либоси мулкӣ омада, компютереро, ки ӯ кор мекард, гирифта бурданд. Сабаб ва макони боздошти Хуршедро пурсидем, чизе нагуфтанд”.

Наздикони журналист ҳам тасдиқ кардаанд, ки якшабонарӯз ӯро наметавонанд пайдо кунанд ва хабар надоранд, ки ӯ дар куҷо ва дар кадом ҳолат аст.

Яке аз наздикони рӯзноманигор шарҳ додааст:

“Мо ба ҳамаи идораҳои қудратии шаҳр рафтем. Касе ҳарфи мушаххас намегӯяд. Тавассути чанд нафар фаҳмидем, ки дар идораи амнияти шаҳр аст. Вақте ба ин идора рафтем, тасдиқ карданд, ки Хуршед дар ин идора аст ва баъди бозпурсӣ ҷавоб медиҳанд”.

Хуршед Фозилов қаблан барои ҳамкорӣ бо сомонаи хабарии замоне фаъоли “Ахбор.ком” гумонбар буд. Ӯро ҳамроҳи чанде аз рӯзноманигорони дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон нишон дода буданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад