Таъсири беҳбуди равобити Эрону Арабистон бар Осиёи Марказӣ

Коршиноси масоили сиёсии минтақа мӯътақид аст, ки беҳбуди равобит байни Эрон ва Арабистон рӯи Осиёи Марказӣ низ таъсир хоҳад дошт.

Коршиноси масоили сиёсии минтақа мӯътақид аст, ки беҳбуди равобит байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ мунҷар ба коҳиши ихтилофҳо ва тазъифи ифротгароӣ хоҳад шуд, ки рӯи Осиёи Марказӣ низ таъсир хоҳад дошт.

Шералӣ Ризоиён, коршиноси масоили сиёсии минтақа мӯътақид аст беҳбуди равобит байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ мунҷар ба коҳиши ихтилофот ва тазъифи ифротгароӣ хоҳад шуд, ки рӯи Осиёи Марказӣ низ таъсир хоҳад дошт.

Вай дар сафҳаи Телеграми худ таҳти унвони «равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ ва таъсири он бар Осиёи Марказӣ» матлабе нашр карда ва ба баррасии ин мавзӯъ пардохтааст.

Ризоиён, Эрон ва Арабистони Саудиро ду кишвари муҳим ва таъсиргузори ҷаҳони Ислом хонда ва гуфтааст, ки азсаргирии равобит байни ду тараф баъд аз 7 сол бо миёнҷигарии Чин баёнгари сатҳ ва кайфияти ҷадиди дипломосии Пекин, Теҳрон ва Риёз аст.

Ба навиштаи Ризоиён, меъмори геополотика Ховари Миёна дар ҳоли тағйир ва таҳаввул буда ва бидуни тардид Чин дар фароянди ин минтақа нақши барҷастае хоҳад дошт.

Вай бо баёни ин нукта, ки беҳбуди равобит байни Эрон ва Арабистони Саудӣ бар хилоф манофеи роҳбурдии Амрико ва Исроил аст, навишт: «бояд дид Теҳрон ва Риёз то куҷо ба тавофуқ байни худ пойбанд хоҳанд монд.»

Ризоиён дар бахши дгире аз ин матлаб ба паёмадҳои эҳтимолии азсргирии равобити дипломатик байни Эрон ва Арабистони Саудӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пардохта ва бар 3 нукта таъкид кард.

  1. Аз ибтидои даҳаи 2010 эҳсос мешуд Эрон ва Арабистони Саудӣ дар фазои иттилоотӣ бо ҳам рақобат мекунанд. Бинобарин, поёни таниш байни ин ду кишвар метавонад фазои иттилоотеии мо (Тоҷикистон ва минтақа)-ро низ таҳти таъсир қарор диҳад, зеро ихтилофоти дигар ба таври барҷаста намоиш дода нахоҳад шуд.
  2. Беҳбуди равобит байни Эрон ва Арабистони Саудӣ роҳро барои коҳиши ихтилоф дар ҷаҳони Ислом боз мекунад. Музокирот ва дар назар гирифтани мавозеъ ва манофеи якдигар эҳтимолан бар буҳронҳои ҷорӣ дар кишварҳои бо аксарияти ҷамъияти мусулмон таъсир бигузорад. Ин нуқта фурсатеро барои коҳиши ифротгароӣ эҷод мекунад, ки таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мерасад.
  3. Равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳтимолан аз назари кайфӣ тағйир хоҳад кард.

Вай дар идома бо ишора ба густариши нуфуз ва таъсири Туркия аз ибтидои соли 2020 дар Осиёи Марказӣ, навишт: «агар Эрон ва Арабистони Саудӣ сиёсатҳои худро дар Осиёи Марказӣ ҳамоҳанг кунанд, пас ин як «посухи чинӣ» ба сиёсатҳои тавсеаталабонаи Туркия дар минтақа хоҳад буд. Зеро гуфтумонҳои дар ҳоли анҷом дар Созмони кишварҳои турк дар мавриди ваҳдати турктаборон таҳдидҳоеро барои якпорчагии Русия, Чин ва Эрон ба бор хоҳад овард.

Ба гуфтаи Ризоиён, эҳтимоли иттихози сиёсатҳои ҳамоҳанги Эрон ва Арабистони Саудӣ дар мавриди вазъияти кунунии Афғонистон ва масъалаи Толибон низ баъид нахоҳад буд. Ҳарчанд ҷузъиёти музокироти Пекин расонаӣ нашуд, вале метавон фарз кард, ки ин музокирот бахши густардае аз мавзӯъоти дастури кори равобит байни ду кишварро фаро хоҳад гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад