Сайри мусбати муносиботи Эрон ва Арабистони Саудӣ

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Файсал бин Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ аз сайри мусбати муносиботи фимобайн ибрози хурсандӣ кард ва азми Ҷумҳурии исломии Эронро барои тавсеаи сиёсати ҳамсоягӣ мавриди таъкид қарор дод.

Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар моҳи март бо миёнҷигарии Чин барои эҳёи равобит пас аз ҳафт сол ба тавофуқ расиданд.

Пас аз тавофуқи Пекин, раванди муносиботи Эрон ва Арабистони Саудӣ рӯ ба рушд будаву мақомоти ду кишвар бар тавсеаи равобит таъкид карданд.

Дар ҳамин росто, малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ аз Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон барои сафар ба Арабистон даъват карду мутақобилан Раисӣ низ аз малик Салмон барои сафар ба Теҳрон даъват кард.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён ва Файсал бин Фарҳон, вузарои хориҷаи ду кишвар низ дар чанд навбат бо ҳамдигар гуфтугӯ карданд.

Суфарои Эрон ва Арабистон низ дар бархе кишварҳо бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд.

Ин рафторҳо ва гуфтугӯҳои дуҷониба нишон медиҳад, мақомоти Риёз ва Теҳрон дар ҷиҳати тақвияти равобит гом бар дошта ва аз аҳамияти равобити ду кишвар барои тарафайн ва барои минтақа огоҳ ҳастанд.

Бар ин асос, вазири хориҷаи Арабистон дар гуфтугӯи рӯзи якшанбе бо Амирабдуллоҳиён, зимни таъкид бар лузуми иртиботу дидори мустамари масъулону мақомоти ду кишвар, раванди ҷории иқдомоти ду кишварро мусбату ризоиятбахш хонд.

Яке аз мавзӯоте, ки дар як моҳи гузашта дар равобити ду кишвар муҳим буд, нахустин дидори дуҷонибаи Амирабдуллоҳиён ва Бин Фарҳон буд. Дар гуфтугӯи телефонии рӯзи якшанбе ҳам ду тараф тавофуқ карданд дар рӯзҳои оянда бо ҳам дидор кунанд.

Баргузории нахустин дидори дуҷонибаи вузарои хориҷаи ду кишвар метавонад ба бозкушоии сафоратхонаҳо дар Теҳрон ва Риёз низ мунҷар шавад.

Эҳёи равобити дуҷониба зарфиятҳои зиёдеро ҳам дар ихтиёри Арабистони Саудӣ ва ҳам Ҷумҳурии исломии Эрон қарор медиҳад.

Дар айни ҳол сабаб мешавад, ки аз ҳазинаҳои сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар коста шудаву тавваҷуҳу тамаркузи бештаре бар масоили дохилии худ дошта бошанд.

Қатъи равобити Арабистон ва Эрон дар 7 соли гузашта ҳазинаҳои зиёдеро барои ҳар ду кишвар дар пай доштааст. Мухолифони ин равобит, ба хусус режими саҳюнистӣ низ дар 7 соли гузашта талош карданд бар оташи ихтилоф миёни Эрону Арабистон бидаманду ҳазинаҳои сиёсати хориҷии Риёз бо Теҳронро афзоиш диҳанд.

Бар ҳамин асос низ режими саҳюнистӣ аз тавофуқи Эрон ва Арабистон барои эҳёи равобит асабонӣ аст.

Илова бар ин, эҳёи равобити Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии исломии Эрон сабаби афзоиши амнияту суботи бештар дар минтақаи Ғарби Осиё мешавад. Пас аз тавофуқи Пекин миёни Теҳрону Риёз, бархе аз кишварҳои арабӣ ҳам дар ҷиҳати эҳёи равобит ва бархе кишварҳои дигар низ дар ҷиҳати тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон гом бардоштанд ва талош карданд ҳамсӯ бо Риёзу Теҳрон ҳамкориро бар таоруз арҷаҳият диҳанд.

Гуфтугӯи телефонии Амирабдуллоҳиён ва Файсал Бин Фарҳон нишон медиҳад, Эрон ва Арабистон бо дарки ҷойгоҳи ҳам дар минтақа, масири дурустеро барои равобити дуҷониба дар пеш гирифтаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад