15,8 млн зарари офатҳои табиӣ ба Бадахшон

Офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар се моҳи соли ҷорӣ 15,8 миллион сомон хисорот ворид кардаанд.

Офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар се моҳи соли ҷорӣ 15,8 миллион сомон хисорот ворид кардаанд.

Дар ин муддат дар ВМКБ наздикӣ 260 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар се моҳи соли 2023 ва супоришҳои нақшавӣ барои нимсолаи дуюм дар ин бора иттилоъ дода шуда, таъкид гардид, ки ҳоло дар вилоят корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Аз офатҳои табиӣ дар вилоят дар семоҳаи аввали соли 2023 73 хона хароб шуда, аз ин шумора 16 хона пурра ва 19 хона қисман осеб диданд.

Зарари умумии расида 15,8 миллион сомониро ташкил додааст.

Гуфтанист, моҳи январи соли ҷорӣ дар ВМКБ бар асари фаромадани тарма 18 нафар ба ҷони худро аз даст дода ва даҳҳо нафари дигар низ маҷрӯҳ шуданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар пайи ин ҳодиса, дастикам 4-5 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бо ин ҳол, то ҳоло маълум нест, ки онҳо сокинони ин маҳалла ҳастанд ва ё меҳмонон аз манотиқи дигар будаанд.

“Ду нафар аз ҳодисадидагон дар роҳи бемористон ба ҳалокат расидаанд. Аз субҳ боз дар саросари Хоруғ нерӯи барқ ва об нест”.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба гуфтааст, ки ҳодиса субҳи имрӯз дар кӯчаи Носири Хусрав рух дод ва ҳоло наҷотбахшон дар маҳалли ҳодиса қарор доранд.

“То ин соат 7 сокин, бо шумули як кӯдаки 5 сола, аз зери тарма берун кашида шудаанд. Ду нафари дигар ба ҳалокат расидааст. Ҷустуҷӯи сокинони дигар идома дорад”. Гуфта мешавад, тарма ба хатти нерӯи барқ низ осеб расонда, шаҳри Хоруғро бе барқ гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, бинобар гузоришҳои расонаҳо дар 14-уми феврал, дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа низ як мошин бо даҳ мусофир ва ронанда зери тарма мондаанд. Дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набудааст, вале ҳамаи мусофирон ҷароҳат бардоштаву ба бемористон интиқол дода шуданд.

Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур дар деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа рух додааст ва тарма мошини “Toyota-микроавтобус”-ро бо ронанда ва 10 мусофираш ба соҳили рӯди Шоҳдара партоб кардааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан низ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар хабар дода буд, ки бар асари резиши тарма дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, минтақаи Варзоб дар умум 10 нафар ба ҳалокат расидаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад