Афзоиши аҳолии Русия муҳтоҷи муҳоҷирони меҳнатист

Ҷамъиятшиносони рус дар як пажӯҳиши худ таъкид кардаанд, ки афзоиши аҳолии Русия бидуни муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин кардан ғайриимкон аст. 

Ҷамъиятшиносони рус дар як пажӯҳиши худ таъкид кардаанд, ки афзоиши аҳолии Русия бидуни муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин кардан ғайриимкон аст.

Ба гузориши манбаъ:

Мактаби олии иқтисодии Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ ҳисоб кард, ки Русия ба чӣ қадар муҳоҷири меҳнатӣ ниёз дорад.

Дар ин бора кори илмӣ ва тадқиқоти Институти демографияи ба номи А.Г. Вишневский дар маҷалаи “новая экономическая ассоциация” бахшида шудааст.

Коршиносон ба хулосае омадаанд, ки барои нигоҳ доштани аҳолӣ дар кишвар бояд солона аз 390 ҳазор то 1,1 миллион муҳоҷир ҷалб карда шавад.

Онҳо ҳамчунин зикр карданд, ки вобаста ба нақшаҳои гуногуни таваллуд ва марг афзоиши солонаи муҳоҷирон аз соли 2021 то 2023 бояд ба 460-1200 ҳазор нафар мувофиқат кунад.

Олимон қайд карданд:

“Ин назар ба нақшаҳои воқеии муҳоҷират 2-6 маротиба ва ҳатто аз нақшаҳои баланд 1,5-4,5 маротиба зиёдтар аст”.

Муҳаққиқон таъкид карданд, ки бидуни муҳоҷирон афзоиши аҳолӣ дар Русияро таъмин кардан ғайриимкон аст.

Ҳамин тавр, зарурати ба ҷараёни муътадили муҳоҷирон то соли 2036 идома хоҳад ёфт. Дар ҳамин ҳол, коҳиши аҳолӣ то соли 2026 идома хоҳад ёфт.

Дар аввали соли 2023 шумораи аҳолӣ дар Русия 146,45 миллион нафарро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли гузашта 0,5 миллион нафар камтар аст.

Қаблан ҷомеъашиносон коҳиши нерӯи корӣ дар Русияро арзёбӣ карда буданд.

Тибқи пешгӯиҳои онҳо, то охири соли 2030 Русия 1,9 миллион нафарашро аз даст медиҳад.

Аз хама бештар кам шудани вазни киёсии аҳолии қобили меҳнат дар 4 минтақа: Маскав, Санкт-Петербург, вилоятхои Маскав ва Ленинград пешбинӣ шудааст.

Ин ба афзоиши шумори аҳолии онҳо аз ҳисоби муҳоҷирони ҷавон марбут аст, аммо дар даҳсолаи ҷорӣ онҳо ба гурӯҳҳои синну соли калонтар мегузаранд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар Русия пешниҳод шуд барои муҳоҷирони корие, ки қаблан ба далели иртикоб ҷурмҳои кӯчак аз ин кишвар ихроҷ шудаанд, афв эълон шавад.

Думаи давлатии Русия ба ҷиҳати рафъи мушкили неруи кор дар бахши сохтмони ин кишвар, хостори афви бархе муҳоҷирони кории ихроҷшуда шуд.

Иртиём Кирёнов, муовини кумитаи сиёсати иқтисодии думаи давлатии Русия пешниҳод дод бархе муҳоҷирони кории қаблан ихроҷшуда аз ин кишвар, афв шаванд.

Бинобар суханони вай, ин иқдом дар амре, ки муҷтамаи сохту сози Русия ба он алоқаманд аст, бо ҷазби даҳҳо то 200 ҳазор коргари хориҷӣ ба бозори кори ин кишвар кумак мекунад.

Пешниҳод мешавад афв барои муҳоҷироне, ки муртакиби тахаллуфҳои ҷузъӣ шудаанд, иҷроӣ шавад. Инҳо афроде ҳастанд, ки ба мавқеъ санади лозим дарёфт накарданд ё замони хуруҷ аз ин кишвар таъхир кардаанд.

Намояндаи думаи давлатии Русия илова кард дар чорчӯби ин иқдом ҳамчунин имкони рафъи муҷозот барои он даста аз шаҳрвандони хориҷие, ки ҳанӯз ихроҷ нашудаанд, вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир ин ибтикор дар дасти баррасии ҷомеаи ҳирфаии ин кишвар қарор дорад.

Ҳамасола теъдоди зиёде аз муҳоҷирони корӣ ба таври умда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кор ба Русия сафар мекунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад