Густариши равобити парлумонӣ байни Тоҷикистону Эрон

Раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон бо намояндаи Маҷлиси шӯрои исломии ҶИЭ дар ҳошияи барпоии рӯзҳои фарҳангии Эрон дидору гуфтугӯ кардааст.

Раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон бо намояндаи Маҷлиси шӯрои исломии ҶИЭ дар ҳошияи барпоии рӯзҳои фарҳангии Эрон дидору гуфтугӯ кардааст.

Файзулло Баротзода, раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон бо Маҷиди Насироӣ, намояндаи Маҷлиси шӯрои исломии ҶИЭ дар ҳошияи рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дидор кард.

Зимни ин дидор таъкид шуд, ки пешрафти кунунии ҳамкориҳои ду кишвар собит кардааст, ки дипломосии парлумонӣ дар канори дипломосии ҷорӣ, ҷойгоҳ ва саҳми равшане дар тақвият ва густариши равобити дуҷонибаи Тоҷикистону ҶИЭ дорад.

Ибрози итминон шуд, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишвар дар фаъолиятҳои муассири худ ин маъмуриятро ба шакли матлуб анҷом хоҳанд дод.

Изҳор шуд, ки токунун байни ду кишвар беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст ва бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти сареъи минтақаӣ, ниёз ба баррасӣ ва бознигарии асноди имзошуда ва иҷрои онҳо дар ҷиҳати таҳаққуқи аҳдоф мавриди назар аст.

Дар бахши дигари ин дидор нақши ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон аз назари тақвияти ҳамкориҳои чандҷониба муҳим арзёбӣ шуд.

Пеш аз ин ҳамчунин Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ ва Зулфия Давлатзода, вазирони фарҳанги ҶИЭ ва Тоҷикистон бо якдигар дидор ва байни ду тараф дар мавриди интишори китобҳои адибони ду кишвар, баргузории намоишгоҳҳои китоб, барномаҳои фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва дигар мавзӯъоти муртабит гуфтугӯи дӯстона ва самимона сурат гирифт.

Зулфия Давлатова, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар дидор бо Муҳаммадмаҳдии Исломӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии ҶИЭ баргузории ҳафтаи фарҳангии ҶИЭ дар Тоҷикистонро дар таҳкими муносиботи фарҳангии ду кившар муҳим шумориду гуфт радиои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табодули барномаҳои фарҳангӣ бо Эрон омодагӣ дорад.

Вазири фаҳранг ва иршоди исломии Эрон низ бо қадрдонӣ аз меҳмонавозии мақомот ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории маросими ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эронро барномаи мутанавеъ ва ҷаззоб арзёбӣ карду гуфт, раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора бар таҳкими муносибатҳои ду кившар дар ҳамаи заминаҳо таъкид доранд.

Пас аз ин дидор ду тараф дар нишасте бо намояндагони расонаҳо ширкат карда ва баргузории рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистонро як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ баён карданд.

Гуфтанӣ аст, ки 31 октябр то 6 ноябри соли ҷорӣ рӯзҳои фарҳангии ҶИЭ дар Тоҷикистон дар ҳоли баргузортӣ мебошад.

Дар шаҳри Душанбе ҳам маросими ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури густардаи мардум баргузор шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад