Болоравии қимати гази моеъ дар Суғд

Дар вилояти Суғд қимати гази моеъ боло рафт. Дар шаҳри Хуҷанд 1 литр сӯзишвориро нисбати нархи ду се рӯзи пеш 20-30 дирам гаронтар мефурӯшад.

Дар вилояти Суғд қимати гази моеъ боло рафт. Дар шаҳри Хуҷанд 1 литр сӯзишвориро нисбати нархи ду се рӯзи пеш 20-30 дирам гаронтар мефурӯшад.

Дирӯз 1 ноябр дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Хуҷанд 1 литр гази моеъ бо қимати 6,30-6,50 сомонӣ ба фурӯш баромад.

Қобили зикр аст, ки арзиши гази мойеъ ду рӯз пеш аз 6 сомонӣ то 6 сомониву 10 дирамро ташкил медод.

Нархи як литр бензини тамғаи АИ-92 — 9 сомониву 30 дирам ва тамғаи  АИ-95 — 10 сомонӣ аст.

Як литр сӯзишвории дизелиро метавон бо қимати 12сомониву 50 дирам харидорӣ кард.

Гуфта мешавад, аксари ширкатҳои яклухтфурӯшӣ ба далели кам будани арзиши зиёновар аз интиқоли гази моеъ ба ширкатҳои чакана даст кашиданд.

Тоҷикистон маводи сӯхтро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Дар Тоҷикистон асосан  ширкатҳои «Фароз», «Газпром», «Сеганҷ», «Газойл», «Суғднефт», «Роҳи Сомон» бо ворид ва фуруши яклухту чаканаи сузишворӣ машғул ҳастанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Нархи сӯхти дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд пас аз муътадил шудани нархи бензину газ ба таври қобили мулоҳиза боло рафт.

Дар шимоли Тоҷикистон қимати сӯзишвории дизелӣ ба таври қобили мулоҳиза боло рафт, гузориш медиҳад хабаргузории “Sugdnews”.

Дар тоблуҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд 1 литр сӯхти дизелӣ 12,30 сомонӣ (қариб 1,14 доллар) нишон дода мешавад, дар ҳоле ки ҳафтаи қаблӣ қимати он 11,80 сомонӣ (ҳудуди 1,08 доллар) буд.

Ҳамин тариқ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маркази маъмурии вилояти Суғд нархи дизел 50 дирам боло рафтааст.

Дар баробари ин дигар анвои маводи сӯхт – бензин ва гази моеъ бо нархи қаблӣ фурӯхта мешаванд:

бензини АИ-92 – 10,70 сомонӣ (0,98 доллар),

бензини АИ-95 – 11,20 сомонӣ (11,03 доллар),

гази моеъ – 6 сомонӣ (0,55 доллар).

Ба гуфтаи кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд, болоравии қимати дизел мустақиман ба ҳаҷми харидории ин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рабт дорад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад