Боздошти ҷавонзане бо иттиҳоми фарзандфурӯшӣ

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ҷавонзане дар вилояти Суғд хабар дод, ки дар фурзандфурӯшӣ муттаҳам мешавад

Ба иттилои ВКД, боздоштшуда ҷавонзани 27-солаи сокини ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан будааст, ки мехостааст, писари дусолаашро бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ фурӯшад.
Кормандони пулис, ки қазияро пайгирӣ доштанд, ҷавонзанро баъд аз “харидор”- сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов гирифтани 10 ҳазор сомонӣ, дастгир кардаанд.
Гуфта мешавад, ин ҷавонзан аз шавҳараш ҷудо шудааст ва саробонии се фарзандро ба зимма дорад ва писаре, ки мехост, фурӯшад, фарзанди хурдӣ дар оила будааст.
Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои ВКД, аз рӯи ҳодиса бо моддаи 167 кодекси ҷиноятӣ ҶТ нисбати ин ҷавонзан па рвандаи ҷиноӣ оғоз шуда ва гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Бояд зикр намуд, ки мақомот ахиран хабар одааст, ки ҳолатҳои бақайдгирии ҷинояткорӣ дар кишвар тайи 7 моҳи аввали соли равон коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои ожонсии оморӣ тайи моҳҳои январ-июл дар кишвар 13,6 ҳазор ҷиноят сабт шудааст.
Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ наздики 11% камтар аст. Дар ин миён танҳо шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон истисноанд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар он ҷо афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла Ожонси омор афзоиши ҷинояткорӣ дар ВМКБ-ро 29,2% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 арзёбӣ кардааст.
Дар феҳрасти ҷинояти камшуда аз ҷумла куштору дуздӣ мебошанд. Ба иттилои Ожонси омори Тоҷикистон ҳодисаҳои куштор ва сӯиқасд ба куштор 28,8%, таҷовуз ба номус 18,5%, ғоратгарӣ 8,4%, дуздӣ 19,4% кам шудаст.
Аммо ҳодисаҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 9,5%, савдои одамон 22,2% ва ғоратгарӣ 9,1% зиёд шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад