Коршиносон : Иқтисоди ҷаҳонӣ ру ба суқут аст

Молияшиноси амрикоӣ фалокати иқтисодиеро, ки боиси фоҷиаи ҷаҳонӣ мегардад, пешбинӣ кард.

Молияшиноси амрикоӣ фалокати иқтисодиеро, ки боиси фоҷиаи ҷаҳонӣ мегардад, пешбинӣ кард.
Ҷаҳонро ҷанги Иёлоти Муттаҳида ва Чин таҳдид мекунад, ки метавонад ба фалокати иқтисодии ҷаҳонӣ оварда расонад, гуфт Рэй Далио.
Дар ин бора муассиси ширкати сармоягузории “Bridgewater Associates” дар мусоҳиба бо CNBC гуфт.
Ба гуфтаи коршинос, ИМА дар робита ба фарҳанги Чин сиёсати амрикоикунониро пеш мебарад, ки метавонад ба паёмадҳои сангине оварда расонад. Агар шиддат идома ёбад, метавонад ҷанги тиҷоратии байни кишварҳоро пурзӯр кунад.
Коршинос гуфт
Ҳатто агар рӯёрӯии байни Вашингтон ва Пекин иқтисодиётро вайрон накунад, “касе ё чизи дигар ин корро мекунад”.
Қаблан “Saxo Bank” аз оғози ҷанги нави сард миёни Русия, ИМА, Чин, ИА ва Ҳиндустон дар соли оянда ба далели афзоиши рақобат дар соҳаи силоҳи мофавқ-ус-садоӣ ва кайҳон пешбинӣ карда буд.
Бонкдорон ҳамчунин таъсиси артиши занони сармоягузор, ки аз нобаробарии гендерӣ норозианд ва поин рафтани маҳбубияти “Facebook” ва “Spotify”-ро тахмин карданд.
Дар тӯли 19 сол ин бонк борҳо чунин пешгӯӣ ироа кардааст. Аммо коршиносони дигар, чунин пешбиниҳо ва тамаркуз ба рӯйдодҳои эҳтимолиро як роҳи ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорон ба тамоюлҳои асосӣ меҳисобанд.
Ҳарчанд, албатта, агар ин пешгӯиҳо амалӣ шаванд, онҳо ба бозорҳои молиявӣ таъсири ҷиддӣ хоҳанд дошт.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :
Дар сурати муноқишаи Чину Амрико хатари сар задани ҷанги саввуми ҷаҳонӣ вуҷуд дорад, гуфт миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос. Ин иттилоъро РИА Новости дар такя ба сомонаи Market Watch пахш кард.
Ба қавли Сорос, агар Чин зарфияти иқтисоди кишварро на барои содирот, балки барои эҳтиёҷоти дохилӣ масраф кунад, он гоҳ роҳбарияти давлати мардумиро зарур меояд, ки барои боқӣ мондан дар қудрат муноқишаи хориҷӣ эҷод намоянд.
Нашрия бо истинод ба суханони Сорос иқтибос меорад, ки :
“Агар бархурд миёни иттифоқчии Амрико, яъне Ҷопон бо Чин ба вуқӯъ пайвандад, нохудогоҳ мо дар садади ҷанги сеюми ҷаҳонӣ қарор хоҳем гирифт”.
Ягона роҳи бурунрафт аз ин мушкил ин аст: Вашингтон бояд иҷоза бидиҳад, ки Пекин асъори миллиашро (юанро-шарҳ аз идора) ба феҳрасти арзҳои роиҷ дар СБП ворид намояд ва бо ин васила рақобатпазирии долларро коҳиш бидиҳад.
Дар навбати худ Пекин бояд аз таҳаввулотҳои иқтисодӣ даст кашад, идома медиҳад миллиардер. Ба гуфти ӯ, даст ёфтан ба ин кор аз ҳар ду ҷониб талоши бештарро талаб мекунад, аммо алтернативаи он “хеле номақбул” аст.
Дар бораи алтернатива (роҳҳали дигар- шарҳ аз идора) ҳарф зада, миллиардери амрикоӣ иттиҳоди ҶМЧ-ро бо Русия дар назар дорад, ки ба назари ӯ, ин сабабгори ҷанги нав дар ҷаҳон мешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад