Садамаи даҳшатноки нақлиётӣ бо 3 кушта ва 4 маҷрӯҳ

Садамаи даҳшатноки ду мошин ва трактор дар ноҳияи Рӯдакӣ се қурбонӣ ва 4 маҷрӯҳ дар пай доштааст.

Садамаи даҳшатноки нақлиётӣ, тибқи гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 26 июл, тахминан соати 23:30 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ иттифоқ афтодааст.

Гуфта мешавад дар ин садамаи даҳшатнок нақлиётӣ, ронандаи 36-солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ба самти ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи мазкур дар ҳудуди деҳаи Адолат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад.

Дар натиҷа, ронанда ба чархи чапи трактори тамғаи “МТЗ-82” таҳти идораи ронандаи 40-сола аз шаҳри Ваҳдат бархӯрд. Пас аз бархӯрд, автомашина ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба машинаи тамғаи “Опел-Вектра” бархӯрд. Ин мошинро ронандаи 40-солаи ноҳияи Рӯдакӣ идора мекард.

Манбаъ меафзояд, асно бархӯрдан, ронандаи мошини “Опел-Вектра” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон аз даст дод.

Ҳамзамон мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини 30-солаи шаҳри Ваҳдат низ дар ин садама ба ҳалокат расид.

Мусофирони дигари ин автомашина Ҳаштодова Бибисорои 27-сола, Ҳаштодова Шукронаи 15-сола, Ҳаштодов Хайриддини 9-сола, Ҳаштодзода Сафияи 2-сола, Ҳаштодзода Оминаи 6-сола, ки ҳамагӣ аъзоёни як хонавода мебошанд, шадидан маҷрӯҳ шуданд ва ба бемористон интиқол ёфтанд.

Мутаассифона Ҳаштодзода Оминаи 6-сола дар пайи ин садамаи даҳшатнок дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад