Шумори қурбониёни инфиҷори бомб дар Бағдод ба 30 нафар расид

Шумори қурбониёни инфиҷори бомб дар бозоре дар шарқи Бағдод, пойтахти Ироқ ба 30 нафар расид .

 

 

Ба гузориши як мақоми огоҳи идораи тандурустии Бағдод, шумори қурбониёни инфиҷори бомб дар бозори “Ал-Ваҳилот”-и шаҳраки Садр ба 30 нафар ва шумори маҷрӯҳон низ ба 60 нафари расид .

Мақомоти Ироқ бо ишора ба идомаи амалиёти имдоду наҷот дар маҳали ҳодиса, аз эҳтимоли афзоиши шумори қурбониён ва маҷрӯҳон хабар доданд .

Вазорати тандурустии Ироқ, дар пайи ин инфиҷор, тамоми кадри дармонӣ дар бемористонҳоро барои кӯмак ба ин маҷруҳон басиҷ кард .

Мустафо Ал-Козимӣ, нахуст вазири Ироқ низ дастур дод то фармондаҳи масъӯли минтақаи вуқуъи инфиҷор дастгир ва дар робита бо ин ҳодиса таҳқиқот оғоз шавад .

Фард ё гурӯҳе ҳануз масъӯлияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст .

Барҳам Солеҳ, раиси ҷумҳури Ироқ низ тайи паёме дар Тветар, бо ишора ба вуқуъи ин ҳамла дар остонаи иди саиди Қурбон эълом кард : намехоҳанд мардуми Ироқ ҳатто лаҳзае ҷуръаи хушбахтиро бичашанд .

Солеҳ, ҳамчунин таъкид кард, ки давлати Ироқ ба мубориза бо тероризм то реша кан кардани комили он идома хоҳад дод .

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад