Сармоягузории 32 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ дар рустоҳои Тоҷикистон

бинобар гузориши намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ин маблағ дар чорчӯби барномаи озмоишии Анҷумани байналмилалии тавсеа, таҳти унвони “режими коҳиши хатар” ба Тоҷикистон ироа мешавад.

Ян Питерс Олтерс, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро яке аз 4 кишвари ҷаҳон унвон кард, ки аз манобеи Анҷумани байналмилалии тавсеа, ки барои рафъи хатароти ношӣ аз осебҳои муҳитӣ пешбинӣ шуда, баҳраманд мешавад.

Вай афзуд, проекти мазкур аз эҷоди зерсохтҳои муҳим дар ҷавомеи рустоие, ки дар сахттарин шароит дар баландии чанд ҳазор метр болотар аз сатҳи дарё зиндагӣ мекунанд, ҳимоят мекунад.

Олтерс гуфт, дар натиҷаи иттисол ба шабакаҳои маҳаллӣ ва марказии барқ шохисҳои саломати шаҳракҳои рустоӣ дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон беҳбуд ва сатҳи зиндагӣ ва имконоти иқтисодии ин ҷавомеъ ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш хоҳад ёфт.

Ин маблағ дар чорчӯб проекти барқрасонии манотиқи рустоии Тоҷикистон дар ҷиҳати эҳдоси зерсохтҳои тавлид ва тавзеи барқ барои иттисоли ҷавомеи осебпазир ба бахши шарқии вилояти Бадахшон ва бахши ҷанубии вилояти Хатлон дар шабакаи марзии барқ сармоягузорӣ мешаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад