Узбакистон содироти газро қатъ мекунад

Расонаҳои дохилии Узбакистон гузориш додаанд, ки ин кишвар аз соли 2025 итиқоли газро ба кишварҳои хориҷӣ муваққатан қатъ мекунад.

Дар ин бора нахуствазири кишвар хабар дода афзудаст, ки ҷумҳурӣ бо далели зиёд будани талаботи дохилӣ содироти газро муваққатан қатъ мекунад.

Бино бар иттилои манобеъ, нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов далелеи ин иқдоми кишварашро зиёд будани талаботи дохилӣ гуфтааст.

Орипов гуфтааст: Содироти гази ин кишвар аз соли 2025 ба далели истифода дар саноеи дохилӣ қатъ хоҳад шуд.

Вай афзуд: Тавсеаи бахши сӯхти энергия яке аз бахшҳои калидии иқтисод аст ва тибқи барнома, то соли 2025 -и мелодӣ тавлидоти энергия тақрибан ду баробар, фаровардаҳои нафтӣ 1, 8 баробар, истихроҷи гази табиӣ 1, 2 баробар ва кумур 3, 3 баробар афзоиш хоҳад ёфт.

Узбакистон аз лиҳози истихроҷи гази табиӣ мақоми дуввумро дар байни кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ дорад ва яке аз 10 кишвари истихроҷкунандаи гази табиӣ дар ҷаҳон мебошад.

Ин кишвар ҳамчунин солона 61 миллиард метри мукааб гази табиӣ тавлид ва бахше аз онро ба Чин ва Русия содир мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад