Содироти 20,5 дарсади барқи тавлидшуда дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ беш аз 307 миллион киловатт соъат неруи барқ содир кард, ки ин шумор 20,5 дарсади ҳаҷми барқи тавлидшуда дар кишвар дар ин моҳ мебошад.

Дар гузориши Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии “Назорат ва огаҳсозии қаблӣ дар Тоҷикистон” гуфта мешавад, ки моҳи гузашта дар кишвар беш аз 1,5 миллиард киловатт соъат барқт тавлид шуд.

Дар моҳи сентябр ба Узбакистон 165 милллион квт соъат, ба Афғонистон 130 миллион квт соъат ва ба Қирғизистон беш аз 12 миллион квт соъат барқ содир гардид.

Бо ин ҳол Тоҷикистон дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба ин се кишвар дар кул беш аз 2,8 миллиард квт соъат барқ содир кард.

Бар асоси додаҳои Ожонси омори ҶТ, Тоҷикистон аз содироти барқ 85,4 миллион доллар даромад касб кард.

Тоҷикистон дар ин сол содироти ҳудуди 3,5 миллиард киловат соъат неруи барқро барномарезӣ кардааст.

Дар зимн, гуфта мешавад, ки аз оғози норасоии барқ содироти он ба хориҷа мутаваққиф мегардад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад