Захираҳои нафт ва гази Тоҷикистон; дар умқи 3 то 5 ҳазор метрии замин

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ахиран дар нишасти хабарии масулони идораи маъданшиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, дар 20 майдон дар қаламрави ин кишвар захираҳои азими нафт ва газ шиносоӣ шудааст,ки ниёз ба сармоягузории калони моллӣ барои истихроҷ дорад.

Аз дидгоҳи вай мизони захираҳои шиносоишудаи нафт 2 миллиард тон ва газ 3 миллиард метри мукааб аст,ки дар умқи 3 то 5 ҳазор метрӣ дар қаъри замин воқеъ шудааст.

Ин дар ҳоле аст,ки ширкати нафтии Газпроми Русия дар соли 2018 эълом кард,бо вуҷуди ковиш дар умқи беш аз 6 ҳазор ва 500 метрӣ дар майдони газииСарқамиш дар ғарби Душанбе ба захираҳои қобили истихроҷи газ даст наёфтааст. Аммо ин ширкати русӣ яке аз далелҳои инсироф аз идомаи ковишҳояш дар майдони газии ёдшударо андози сангин унвон карда буд,ки аз нигоҳи иқтисодӣ мақрун ба сарфа нест.

Аз сӯи дигар коршиносон мизони захираҳои шиносоишудаи нафт ва газ дар 20 майдон дар қаламрави Тоҷикистонро зиёд унвон мекунанд,ки дар умқи 5 то 7 ҳазор метрӣ воқеъ шудааст ва ба сармоягузории калони моллӣ ва таҷҳизоти пешрафта барои истихроҷ ниёз дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад