Қатар харидори ҷадиди асал, гӯшт ва оби ошомидании Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз барномаи Қатар барои харид ва воридоти асал, гӯшт ва оби ошомиданӣ аз ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, Хусрав Соҳибзода, сафири Тоҷикистон дар Доҳа бо Абдуллоҳ Ассалотин, раиси ҳайати мудираи гурӯҳи ширкатҳои саноеи кишоварзии Қатар дидор кард.

Дар ин дидор натоиҷи сафари ҳайати гурӯҳи ширкатҳои саноеи кишоварзии Қатар аз Тоҷикистон дар таърихи 8 –уми июл то 12 –уми июл мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тарафи қатарӣ дар ин дидор бо ишора ба зарфиятҳои Тоҷикистон дар ҳавзаи кишоварзӣ, хостори ҳамкории мутақобил дар заминаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ, асал, гӯшт ва оби ошомидании ин кишвар ба Доҳа шуд.

Тарафайн дар ин дидор изҳор доштанд, проектҳои муштараки сармоягузорӣ тавассути гурӯҳи ширкатҳои саноеи кишоварзии “Ассалотин” –и Қатар амалӣ хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад