Нигаронии Пентагон аз қудрати Санъо дар анҷоми муҳосираи баҳрии Исроил

Бо ҷиддӣ шудани доманаи таҳдидоти Санъо бар зидди ишғолгарони саҳюнистӣ дар минтақа, як мақоми Пентагон бо эътироф ба қудрати таслиҳотии Санъо нисбат ба густариши таҳдидоти Яман зидди манофеъи режими палиди саҳюнистӣ дар обҳоии Мидитарона ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар шароите, ки Кохи Сафед ва муттаҳидони ғарбии Амрико аз иродаи пӯлодини мардуми Яман дар ҳимоят аз ормони Фаластин ва муқовимат ва мардуми муқтадири Навори Ғазза огоҳӣ доранд, афзоиши доманаи таҳдидоти артиши Яман зидди манофеъи Амрико ва Исроил дар минтақа, инак ба нигаронии ҷиддии мақомоти Кохи Сафед мубаддал шудааст.

Дар ҳамин иртибот, як мақоми аршади вазорати дифоъи Амрико эълом кард, ки Яманиҳо дорои силоҳҳое ҳастанд, ки бурди он ба дарёи Мидитарона мерасад.

Ин мақоми амрикоӣ, ки хоста номаш фош нашавад ба Блумберг гуфт: Вашингтон нигарон аст, ки Яман ҳамалоти худ ба киштиҳоро ба фаротар аз дарёи сурх ва халиҷи Адан густариш диҳад.

Мақоми Пентагон афзуд: гурӯҳи Ансоруллоҳи Яман силоҳҳои пешрафта дар ихтиёр доранд ва мушакҳои баллистикӣ, ки ба шакли бесобиқае мустақар кардаанд; Илова бар ин онҳо аз паҳподҳо дар ҳамалоти худ истифода мекунанд.

Ин изҳорот пас аз он баён шуд, ки пештар, сартип «Яҳё Сареъ» сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман аз оғози иҷрои марҳалаи чаҳоруми амалиёт дар вокуниш ба идомаи таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза хабар дод.

Яман дар ҳимоят аз Ғазза бо оғози ҳамалоти худ дар 31 октябр ва анҷоми даҳҳо амалиёт пас аз он, талошҳои Амрико ва Англисро барои шикастани муҳосираи таҳмил шуда бар режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар саросари дарёи Сурх ноком гузошта ва ин амалиёт ҳатто аз ноком гузоштани ин талошҳо фаротар рафта ва Санъо дар пайи ҳамоқати эътилофи амрикоӣ бо анҷоми ҳамалот ба манотиқи мухталифи Яман, аҳдофи худро густариш дода ва ҳоло киштиҳои амрикоӣ ва англисиро низ шомил шавад.

Коршиносон дар ин бора мӯътақиданд, ки амалиёти бесобиқаи артиши Яман илова бар инки монеъ аз талошҳои Амрико ва Англис барои шикастани муҳосираи дарёии режими палиди саҳюнистӣ шуд, тавони низомиро нишон дод, ки Вашингтон аз он беиттило буд ва дар воқеъ муодилоти онро ба ҳам рехт.

Ба рағми исрори Санъо барои таҳмили муҳосираи дарёӣ бар режими саҳюнистӣ то поёни муҳосира ва таҷовузоти Ғазза ва ҳадаф қарор додани киштиҳои ин режим ва киштиҳои Амрико ва Англис дар натиҷаи ҳамоқати онҳо бо ҳамла ба Яман, аммо бар ҳифзи амнияти новбрии дарёӣ барои дигар киштиҳо таъкид дорад ва изҳороти мақомоти он гувоҳ ин ният аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад