Шахсияти барҷастаеро аз даст додем/ Ҳамкориҳо бо давлати Ироқ идома пайдо хоҳад кард

Дар пайи даргузашти шаҳодатгӯнаи раисҷумҳури Эрон ва ҳамроҳонаш, сарвазири Ироқ, рӯзи гузашта дар дидор бо Оятуллоҳ Хоманаӣ ба намояндагӣ аз давлату миллати ин кишвар, ин мусибатро ба Оятуллоҳ Хоманаӣ ва миллати Эрон таслияту таъзият гуфт.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Муҳаммад Шиа Ас-Суданӣ, сарвазири Ироқ дар ин дидор хитоб ба раҳбар Инқилоби Исломии Эрон гуфт: Дар ин шароити мутаассиркунанда ба дидори ҷаноби олӣ омадам то ба давлат ва миллати Эрон изҳори ҳамдардии амиқи давлат ва миллати Ироқро баён кунам. Ончи мо аз ҷаноби Раисӣ, раисҷумҳури шаҳиди Эрон дидем чизе ҷуз ростӣ, ихлос, покӣ , кору талош ва хизмат ба мардум набуд.

Сарвазири Ироқ ҳамчунин бо ишора ба ҳузури миллионҳо нафар дар маросими гиромидошти раисҷумҳури шаҳид Эрон гуфт: Тасовире, ки ман имрӯз аз телевизион дидам паёмҳои равшане дошт, ки муҳимтарин паёми он, умқи иртиботи мустаҳками мардум бо масъулон дар Ҷумҳурии Исломӣ Эрон, бо вуҷуди ҳамаи фишорҳову таҳримҳо ва ин ҳодисаи ногувор аст.

Ас-Суданӣ таъкид кард: Паёми дигари ҳузури миллионии мардум дар маросими гиромидошт ин аст, ки бояд ба мардум хизмат кард ва ин маросими бошукӯҳ, натиҷаи хизмат ба мардум аст ва ин дарс бояд сарлавҳаи мо дар Ироқ низ бошад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, бо қадрдонӣ аз сафари сарвазири Ироқ ба Теҳрон барои ибрози ҳамдардӣ, гуфтанд: Мо шахсияти барҷастаеро аз даст додем. Ҷаноби раисҷумҳур бародари бисёр хуб ва масъуле самаранок ва бо кифояту самимӣ ва ҷиддӣ буд.

Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон афзуданд: Акнун ҷаноби Мухбир бар асоси қонуни асосӣ масъулияти сангинеро бар уҳда гирифтаанд ва ба хости Худованд ҳамон масири ҳамкориҳову тавофуқҳо бо давлати Ироқ идома пайдо хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад