Насруллоҳ: Посухи ҶИЭ ба таҷовузи саҳюнистҳо қатъӣ аст!

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дарбири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс суханронӣ карда ва аз таҳлилҳояш дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа гуфт.

Сайидҳасан Насруллоҳ бо ишора ба таҷовузи ахири саҳюнистҳо ба бахши консулгарии Эрон дар Димишқ ва вокуниши Теҳрон ба ин таҷовуз гуфт: мутмаин бошед, ки Эрон қатъан ба таҷовузи ахир ба консулгарии худ дар Димишқ посух хоҳад дод ва тардиде дар ин бора вуҷуд надорад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар ибтидои суханронии худ аз ҳамаи касоне, ки дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс ширкат кардаанд ташаккур намуда ва гуфт: Рӯзи ҷаҳонии Қудс рӯзе аст, ки мо аз тариқи он тааҳҳуд ва мавзеъ ва муқовимат ва ормонҳои бузурги худро баён мекунем.

Ибрози тасалияти шаҳодати фармондеҳони эронӣ дар ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ

Сайид Насруллоҳ дар идома ба ҷинояти ваҳшиёнаи ахири режими ишғолгар алайҳи бахши консулии сафорати Эрон дар Сурия ишора ва таъкид кард: воҷиб аст дар ин рӯз ёд кунем аз шаҳидоне, ки тайи рӯзҳои ахир дар таҷовузи душмани саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ба шаҳодат расиданд аз ҷумла фармондеҳони бузурги шаҳиде, ки барои мо ва дар масири муқовимат арзиши таърихӣ доранд.

Баргузории маросиме аз сӯи Ҳизбуллоҳ барои гиромидошти шаҳидони Эрон дар Сурия

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: шаҳодати ин размндагони азизро хидмати имом Хоманаӣ ва масъулони шарифи Эрон ба вижа дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Нерӯи Қудс ва хонаводаҳои шарифи шаҳидон табрик ва таслият арз мекунам. Мо рӯзи душанбеи оянда соати 4 маросиме барои ёдбуди шаҳидоне, ки дар таҷовузи режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ба шаҳодат расиданд, баргузор хоҳем кард.

Тамҷид аз шахсияти сардори шаҳид Зоҳидӣ

Вай дар идома баён кард: шаҳодати ин азизон ба вижа сардори шаҳид Муҳаммадризо Зоҳидӣ ба хотири лутфи бузурге, ки тайи солҳои тӯлонӣ ба муқовимати Лубнон доштааст, барои мо мавзуи бузурге аст. Таҷовузи душмани ишғолгар ба консулгарии Эрон дар Димишқ ҳодисае аст, ки қабл ва баъди он баҳси муфассале дорад.

Аҳамияти номгузории Рӯзи ҷаҳонии Қудс аз сӯи Имом Хумайнӣ(рҳ)

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идома ба Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва номгузории он аз сӯи Имом Хумайнӣ(рҳ), раҳбари инқилоби исломии Эрон ишора кард ва изҳор дошт, ки Имом Хумайнӣ(рҳ) қабл аз пирӯзии инқилоб ва аз замон ба ӯҳда гирифтани марҷаъият, мавзеи худро дар баробари Амрико ва Исроил равшан карда буд, муҷаввизе, ки ба мароҷеъ ва олимони бузург барои истифода аз ҳуқуқи шаръии худ дар хидмати муқовимати Фаластин дода шуда, таъкиде бар умқи динӣ ва ахлоқии мавозеи онҳо аст.

Эрон ба далели ҳимоят аз Фаластин дар маърази тавтеаҳо қарор гирифтааст

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт яке аз далелҳои бузурге, ки сабаби оғози ҷангҳо ва душманиҳо алайҳи Эрон шуд, мавзеи Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари Исроил ва ҳимояти Эрон аз Қудс ва муқовимати фаластин буд. Эрон дар ин роҳ фидокориҳои зиёде кардааст ва аз замоне, ки Имом Хумайнӣ қотеона истодан канори ормони Фаластинро эълон кард, Эрон дар маърази тавтеаҳо ва ҷангҳои душманон алайҳи он қарор гирифт.

Эрон бо Амрико бар сари масоили минтақаӣ музокира намекунад

Ин раҳбари бузурги муқовимат дар идома дар бораи баҳси парвандаи ҳастаӣ изҳор дошт, ки Эрон токунун ҳаргуна музокира ва гуфтугӯи мустақим бо амрикоиҳоро дар мавзуи парвандаи ҳастаӣ рад кардааст. Амрикоиҳо доиман мегӯянд, ки омодаи музокираи мустақим бо эрониҳо ҳастанд аммо эрониҳо ҳаргиз фиреб намехӯранд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ идома дод: ҳар касе, ки ингуна таҳлил мекунад ё мегӯяд; “ончи дар Ғазза ва Фаластин ва Ироқ ва Яман рух медиҳад ё парвандаи интихоби раисҷумҳури Лубнон, дар интизори музокироти Амрико ва Эрон аст.”, ҳарфи иштибоҳе мезанад. Эрон ҳаргиз дар бораи парвандаҳои минтақаӣ бо амрикоиҳо музокирае намекунад. Мо бархе сӯҳбатҳои бисёр масхара ва хандаовар аз ҷониби бархеҳо мешунаем, ки мегӯянд; “ҳар ончи дар минтақа мегузарад як намоиши амрикоӣ-эронӣ ва тавзеи нақш байни онҳо аст.”!

Исроил дар минтақа шикаст хӯрдааст

Сайид Насруллоҳ таъкид кард, ки ин афрод наметавонанд чизе дар бораи пирӯзиҳои муқовимат дар минтақа бовар кунанд. Онҳо мутаваҳҳим ҳастанд ва наметавонанд бовар кунанд, ки Исроил дар минтақа шикаст хӯрдааст, аммо воқеият ин аст, ки ақибнишинӣ аз ҷануби Лубнон ва Навор Ғазза ба маънои шикасти Исроил аст.

Раҳбари муқовимати Лубнон афзуд: мавзеи Эрон қотеъ ва равшан аст ва ба хуни шаҳидон вафодор аст. Эрон дар мавзеи худ ҳамвора марҷаи ҳақиқӣ ва аслӣ барои ҳамаи касоне аст, ки дар Фаластин ва Лубнон ва кулли минтақа бо режими ишғолгар меҷнганд ва Эрон бо ҳимояти худ (аз муқовимат) бисёре аз муодилаҳоро тағйир дода ва бисёре аз проектҳои султаҷӯёнаро соқит ва нобуд кардааст.

Эрон ҳаргиз мазлумонро раҳо намекунад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ баён кард: мавзеи росихи Ҷумҳурии Исломии Эрон чизе аст, ки миллати ин кишвар имрӯз бо роҳпаймоии бошукӯҳи худ онро баён карданд ва бар тааҳҳудашон ба ин мавзеъ (ҳимоят аз Фаластин) таъкид карданд. Эрон ҳамон қалъаи росих ва устуворе аст, ки ҳаргиз таслим намешавад ва ҳаргиз имон ва дин ва дӯстони худ ва мазлумонро раҳо нахоҳад кард. Мо бояд аз ин, ки бо Ҷумҳурии Исломии Эрон робита дорем, эҳсоси ғурур ва ифтихор кунем ва ин бароямон мояи ифтихор ва шарофат ва каромат дар ин замон аст.

Сайид Насруллоҳ дар идома бо ба чолиш кашидани режимҳои муртаҷеъ, ки ба Фаластин хиёнат ва дар хидмати душмани ишғолгар амал мекунанд гуфт: касоне, ки бояд хиҷолат бикашанд тарафҳое ҳастанд, ки бо Исроил созиш кардаанд ва аз ин режим дифоъ мекунанд, ҳамчунин аз иртибот бо Амрикое, ки масъули ҳамаи кушторҳо дар минтақа аст, хиҷолат бикашед.

Тӯфони Ақсо бақои Исроилро дар доираи хатар қарор додааст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ иброз кард: бидуни шак Тӯфони Ақсо як ҳодисаи таърихӣ дар минтақаи мо буд, ки давраи баъд аз он ҳаргиз монанди қаблаш нахоҳад буд; чӣ барои дӯстон ва чӣ душманон. Мо аз бисёре аз масъулони исроилӣ шунидем, ки мегӯянд аз соли 1948 токунун чунин ҳодисаеро надида буданд, бинобарин мо дар баробари як иттифоқи таърихӣ қарор дорем, ки бақои Исроилро дар доираи хатар қарор дод ва шиканндагӣ ва заъфи онро ошкор кард.

Саҳюнистҳо ҳеҷ дастоварде дар майдони ҷанг надоштаанд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ идома дод: касоне ҷанг алайҳи Ғаззаро шурӯъ карданд, ки ақл надоранд ва яке аз далелҳои шикасти Исроил дар ин ҷанг он аст, ки ҷангро бидуни ақл мудирият мекунад. Роҳе, ки саҳюнистҳо пеш гирифтаанд ва идомаи ҷиноятҳо ва кушторҳо далел бар он аст, ки ақлашонро аз даст додаанд. Ишғолгарон бо бомбаборон ва вайронии сохтмонҳо ва гуруснагӣ додан ба мардуми бегуноҳ муртакиби ҷиноятҳои зиёде шудаанд ва иллаташ аст, ки саҳюнистҳо ҳеҷ дастоварде дар майдон надоштаанд ва мехоҳанд аз ин тариқ фишорҳои худро афзоиш диҳанд.

Вай гуфт: таҳаввулоти майдонӣ комилан равшан аст ва коре, ки ишғолгарон дар Ғазза мекунанд ҷинояти ҷангӣ аст. Онҳо дар майдон ба ҳеҷ чиз нарасиданд ва дар музокирот ҳам ҳеҷ натиҷае ба даст наоварданд ва ҳеҷ як аз фишорҳо музокирҳкунандагони Фаластиниро аз тааҳҳуди ба ҳуқуқи аслии худ аз ҷумла ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ ба шимоли Ғазза мунсариф накард.

Баъди 6 моҳ Нетаняҳу аз нобудии Ҳамос ва муқовимат дар Ғазза нотавон мондааст

Насруллоҳ изофа кард: аммо дар ниҳоят Нетаняҳу маҷбур аст, ки мутаваққиф шавад ва дар расидан ба аҳдофаш ноком хоҳад буд. Мебинем, ки Нетаняҳу ба ҷойи инки аз дарахт поин биёяд (шикастро бипазирад ва таслим шавад) аз “пирӯзии мутлақ” ҳарф мезанад ва худашро абзори масхараи дигарон кардааст. Баъд аз 6 моҳ Нетаняҳу ҳамчунон оҷиз аз нобудии Ҳамос ва муқовимат дар Ғазза аст ва ҳамчунин асирони саҳюнистро ҳам натавонист аз Ғазза бозгардонад ва ишғолгарон ҳеҷ тарҳе барои рӯзи баъд аз ҷанг надоранд.

80 дарсади шаҳракнишинон намехоҳанд ба маҳалли зиндагии аслии худ бозгарданд

Ин раҳбари барҷастаи муқовимат дар идома ба амалкарди размандагони Ҳизбуллоҳ ва хисоратҳое, ки ба саҳюнистҳо дар шимоли Фаластини ишғолӣ ворид кардаанд ишора намуда ва эълон кард, ки натоиҷи назарсанҷиҳо дар шаҳракҳои шимолии Фаластини ишғолӣ нишон медиҳад, ки 80 дарсади шаҳракнишинон намехоҳанд ба ин минтақа баргарданд ва ҳамин масъала зарбаи бузурге барои проекти шаҳраксозии режими ишғолгар аст.

Сайидҳасан Насруллоҳ бо таваҷҷуҳ ба густариши нафрати афкори умумии ҷаҳон аз режими саҳюнистӣ ва мунзавӣ шудани ин режим дар дунё ёдовар шуд: ин барои аввалин бор дар таърих аз соли 1948 токунун аст, ки Исроил эҳсоси хисорат ва бохт дар сатҳи байналмилалӣ дорад ва бисёре аз кишварҳо шурӯъ ба баҳс дар бораи таваққуфи фурӯши силоҳ ба ин режим кардаанд. Мебинем, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико аз Нетаняҳу мехоҳад, ки фавран ҷангро мутаваққиф кунад; зеро Ӯ (Байден) ҳам ба шиддат дар сатҳи афкори умумии ҷаҳон таҳти фишор қарор дорад ва дар сатҳи байналмилалӣ осеб дидааст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: Амрико ба хотири ҳимояти беҳад аз ҳампаймони худ Исроил, дар вазъияти нигаронӣ ва шармсоре қарор дорад; зеро баъд аз гузашти 6 моҳ аз ҷанг алайҳи Ғазза, ҳеҷ як аз аҳдофи маврид назари Амрико ва Исроил муҳаққақ нашуд ва акнун ҳам интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико наздик аст.

Амалиётҳои муқовимат алайҳи Исроил дар марзи бо Лубнон мутаваққиф намешавад

Сайид Насруллоҳ дар бораи таҳдидҳои сарони саҳюнист барои ҳамла ба Лубнон ҳам изҳор дошт: таҳдид ба оғози ҷанги густарда алайҳи Лубнон ҳаргиз сабаби таваққуфи ҷабҳаи ҷануби Лубнон дар баробари душман нахоҳад шуд ва ҳеҷ як аз фишорҳо мавзеи мо дар ҷабҳаи Лубнон барои ҳимоят аз Ғаззаро тағйир нахоҳад дод. Амалиётҳои муқовимат дар ҷабҳаи ҷануби Лубнон зидди душман идома дорад ва ҷабҳаи мо муртабит бо Ғазза аст.

Вай ҳамчунин дар бораи ҳимояти қотеъ ва шарофатмандонаи яманиҳо аз мардум ва муқовимати Фаластин изҳор дошт: бародарони мо дар Яман тавонистанд бисёре аз киштиҳои душманро мутаваққиф кунанд ва ҳеҷ як аз таҳрикоти ва таҳдидоти Амрико ва Англис ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳам натавонист ҷабҳаи Яман ва дигар ҷабҳаҳои ҳомии Ғаззаро мутаваққиф созад.

Режими саҳюнистӣ дар баробари чолишҳои зиёде пас аз ҷанг қарор дорад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бораи марҳалаи баъд аз ҷанги Ғазза эълон кард: замоне, ки ҷанг мутаваққиф шавад, режими саҳюнистӣ дар баробари чолишҳои гуногун аз ҷумла муҳокимаҳо ва иттиҳомҳо ва истеъфоҳо қарор хоҳад гирифт. Замоне, ки ҷанг мутаваққиф шавад, ин ба худии худ ба маънои пирӯзии муқовимат ва шикасти Исроил аст ва ҳамонтувр, ки Имом Хоманаӣ аз рӯзҳои аввал фармуд; “Исроил шикаст хоҳад хӯрд ва Ғазза пирӯз хоҳад шуд.”

Меҳвари муқовимат пирӯзии бузурге ба даст меоварад

Сайид Насруллоҳ таъкид кард: мо дар ҷабҳаҳои муқовимат бо чашмандози равшани пирӯзӣ меҷангем ва бо вуҷуди ҳамаи ранҷҳое, ки мутаҳаммил мешавем ва фидокориҳое, ки мекунем, ин чашмандоз барои мо равшан аст. Ин бисёр муҳим аст, ки идома диҳем ва устувор бошем ва бо умеди бузург ва равшан ба инки натиҷаи набард, пирӯзии мо хоҳад буд, дар майдон бимонем, меҳвари муқовимат пирӯзии бузурге касб хоҳад кард.

Посухи Эрон ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии ин кишвар дар Димишқ “қатъӣ” аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бори дигар дар идома ба баҳси таҷовузи режими ишғолгар ба бахши консулии сафорат Эрон дар Димишқ ишора ва таъкид кард, ки посухи Эрон ба ин таҷовузи саҳюнистҳо қатъӣ ва ҳатмӣ аст ва Исроил аз тарси вокуниши Эрон ба ҳолати омодабош даромадааст, ин бахше аз набард мост, ки душманро дар сатҳи моддӣ ва равонӣ дар вазъияти фарсоишӣ қарор диҳем, посухи Эрон қатъӣ аст.

Сайидҳасан Насруллоҳ иброз кард: саҳюнистҳо дар омодабош ҳастанд ва ҳамаи нерӯҳои захираи худро фарохондаанд ва акнун бояд Эрон тасмим бигирад, ки посух ба таҷовузи саҳюнистҳоро чӣ замоне хоҳад буд, албатта замон муҳим нест ва ин бахше аз набарди мо мебошад аммо ба ҳар ҳол ҳеҷ шакке дар асли масъала вуҷуд надорад, мо замони посухи Эрон ба ҷинояти режими ишғолгарро намедонем, аммо ҳамаи эрониҳо дар бораи зарурати ин посух иттифоқи назар доранд.

Барои ҳар сенария омодаем

Ин раҳбари муқовимат бо изҳори инки муқовимат барои ҳар эҳтимол ва сенария омодагӣ дорад, ёдовар шуд: ҳама бояд ҳушёр ва боэҳтиёт бошанд ва умури худро танзим кунанд ва ҳамагӣ бояд барои эҳтимолҳо омода бошем ва аҳмақие, ки Нетаняҳу дар ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ анҷом дод, сабаби боз шудани даре барои файсалаи ин набард мешавад.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар идома тасреҳ кард: размандагони мо дар марзҳо ва хатти муқаддам мустақар ҳастанд ва баракоти дастовардҳои мо дар пирӯзиҳои амниятӣ, заминӣ, дарёӣ ва ҳокимиятӣ бар зиндагии миллат Лубнон мунъакис мешаванд. Лозим аст, ки ба ҳамаи дӯстон ва душманон ва касоне, ки беҳуда дар ҳоли таҳрик алайҳи муқовимат ҳастанд, бигӯем, ки муқовимат дар Лубнон аз ҳеҷ ҷанге ҳарос надорад. Муқовимат аз 6 моҳи қабл токунун набардро бо як чашмандози равшан ва роҳбурдӣ мудирият кардааст ва имрӯз ҳам барои ҳар ҷанге, ки душман қасд оғози онро дошта бошад, омода аст.

Ӯ ҳамчунин изҳор дошт: агар душман ба думболи ҷанг аст ба он мегӯем; “бифармоед, хуш омадед!”. Саҳюнистҳо хуб медонанд, ки ҷанг бо Лубнон чӣ маъно ва паёмадҳое барояшон дорад. Набарде, ки мо имрӯз дар он ҳастем, набарде аст, ки фидокориҳои зиёде дар он анҷом додем ва ҳаргиз дар вуруд ба он тардид накардем ва ин набардро идома хоҳем дод ва ин аҳде аст, ки имрӯз дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс мебандем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад