Раҳбари инқилоби Яман: Барои зарботи бештар ба душман барнома дорем

Раҳбари инқилоби Яман гуфт, ки кушторе, ки душмани саҳюнистӣ бо мушорикати Амрико дар Ғазза муртакиб мешавад, ҳадафманд, барномарезӣ ва амдӣ аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, раҳбари инқилоби Яман панҷшанбе шаб гуфт, ки куштор ва қатлиоме, ки душмани саҳюнистӣ бо мушорикати Амрико дар Ғазза муртакиб мешавад, ҳадафманд, барномарезӣ ва амдӣ аст.

Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман афзуд: ин куштор ва қатлиомҳои дастаҷамъӣ, шоҳиди зиндае бар ҷинояткории саҳюнистҳо аст.

Ӯ бо ишора ба инки куштор дар Навори Ғазза нишон медиҳад, ки саҳюнистҳо хатаре барои ҳамаи башарият ба шумор мераванд, изҳор дошт: саҳюнистҳо аз кӯдакӣ бо афкор ва шеваҳои омӯзиш мебинанд, ки бар асоси он, ошиқи куштори арабҳо ва мусулмонон ҳастанд.

Раҳбари инқилоби Яман куштор дар Ғаззаро шоҳиде бар инҳитоти ахлоқӣ ва фурӯпошии инсонии Амрико донист ва афзуд: Амрико муддаии раҳбарии ҷаҳони мутамаддин аст. Ин ҷиноёт занги ҳушдоре ба хатари иқдомоти Амрико дар қиболи соири миллатҳост.

Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман афзуд: вазъияти беҳдоштӣ дар Ғазза ба сабаби нобудии системи беҳдоштӣ тавассути режими ишғолгари саҳюнистӣ бисёр фоҷиабор аст.

Душмани саҳюнистӣ натавониста ҳеҷгуна пирӯзие дар Ғазза ба даст биёварад ва танҳо ба ҷиноёти худ алайҳи ғайри низомиён ифтихор мекунад.

Душмани саҳюнистӣ ба лутфи пойдории миллат ва муқовимати Фаластин бо бузургтарин расвоии таърихии худ мувоҷеҳ шудааст.

Фалаҷ шудан бандари “Уммур-рашрош”, ки душман онро Илот меномад, бар иқтисоди ин режим таъсиргузор буда ва қарор аст ниме аз коркунони он барканор шаванд.

Зиёнҳои иқтисодии душмани саҳюнистӣ, ки вазири дороии ин режим онро фоҷиабор хонда, ҳар лаҳза бештар мешавад.

Тайи ҳафтаи ахир дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза 18 мушаки баллистик ва паҳподро партоб кардем. Токунун дар ҳимоят аз Ғазза 479 мушак ва паҳподро дар амалиётҳои худ дар ҳимоят аз Ғазза шиллик кардаем.

Амрикоиҳо моро барои таваққуфи амалиётҳои худ дар ҳимоят аз Ғазза таҳти фишор қарор доданд. Амрико бузургтарин қотил ва вайронгар дар тӯли таърих аст.

Мо тарҳҳо ва барномаҳое барои ворид кардани зарботи шадидтар ба душмани саҳюнисӣ дар оянда дорем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад