Нетанёҳу наметавонад Ҳамос ва муборизони онро нобуд кунад

Ҷанги Ғазза дар ҳоле вориди саду шасту дувумин рӯзи худ шудааст, ки пас аз поёни тавофуқи оташбас байни Ҳамос ва Исроил, ҳамалоти режими ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза оғоз гашта ва ҳамчунон идома дорад ва дӯрнмои мушаххасе барои поёни ҷанг вуҷуд надорад.

Имрӯз, пас аз шаш моҳ амалиёти низомии режими ҷинояткори Исроил дар Ғазза, ки мунҷар ба кушта шудани беш аз 31 ҳазор нафар ва захмӣ шудани чанд ҳазор ғайринизомӣ аз ҷумла занон ва кӯдакон ва вайронии зерсохтҳои ҳаётии Ғазза шуд, ошкор шудааст, ки Нетанёҳу наметавонад бар ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ (Ҳамос) пирӯз шавад ва онро нобуд кунад.

Шояд аҳдофи ҷанг дар Навори Ғазза, дар сатҳи токтикӣ қобили таваҷҷуҳ ба назар бирасад, аммо ба таври муассире натанҳо ҳадафи стратегии Телавив яъне аз байн бурдани Ҳамос, ки ҳадафи эъломии шумораи яки ҷанг буд муҳаққақ накардааст, ки баракс, гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки 80 дарсад аз зерсохтҳои калидии низомии муқовимати Фаластин даст нахурда боқӣ мондааст ва ин амр Бенёмин Нетанёҳуро бо як буҳрон рӯбарӯ кардааст.

Дар воқеъ дастёбӣ ба дастовардҳои токтикӣ ҳазинаи бисёр зиёдеро барои давлати Бенёмин Нетанёҳу ба ҳамроҳ дошта ва дастёбӣ ба аҳдофи стратегии ӯро бо хатар мувоҷеҳ сохтааст.

Чунонки ҳамлаи режими ишғолгари саҳюнстӣ ба Ғазза мунҷар ба куштори густурдаи ғайринизомиёни фаластиние, ки умдатан занон ва кӯдакон буданд шуда ва дар канори маҳкумияти густурдаи ҷаҳонӣ барои ин режим ҷинояткор, ҳазорон афсар ва сарбоз кушта ва захмӣ рӯи дасти Бенёмин Нетанёҳу ва давлати ӯ боқӣ гузоштааст. Ин куштори ваҳшёна виҷҳаи Исроилро барои ҳамеша хадшадор карда ва ривоятҳои мутаваҳҳимонае ҳамчун «демократик будан» ва «қурбонӣ будани» ин режимро тазъиф карда ва Телавивро ба унвони омили аслии терроризми давлатӣ дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст.

Дар ҳамин робита рӯзномаи Ёдиот Аҳаронот ба нақл аз баровардҳои амниятии режими саҳюнистӣ навишт ҳанӯз байни 4 то 6 ҳазор муборизи Ҳамос дар марказ ва шимоли Навори Ғазза ҳузур доранд.

Баровардҳои асҳюнистӣ ҳушдор дод, ки коҳиши неруҳои ишғолгар дар Ғазза ва набуди неруе барои пур кардани ин халаъ мунҷар ба контроли муҷаддади низомӣ ва идории Ҳамос бар Навори Ғазза хоҳад шуд.

Дар феврали гузашта, рӯзномаи Ҳааретс аз манобеи низомӣ, расонаӣ ва сиёсии режими саҳюнистӣ навишт, ки гузоришҳо дар рӯзҳои ахир дар мавриди аз саргирии даргириҳо дар шаҳри Ғазза ва манотиқи шимолии Навори Ғазза афзоиш ёфтааст, ки ишора дорад ба инки Ҳамос ва бақияи гурӯҳҳои фаластинӣ тавонои худро дар он манотиқ таҷдид кардаанд.

Ин рӯзнома афзуд: Ҳамос дар талош аст то даргириҳоро дар ин манотиқ, ки Исроил муддаӣ аст кантроли онро ташдид кардааст, афзоиш диҳад то ин ҷунбиш битавонад тавоноииҳои созмонӣ ва амалиётии худро нишон диҳад ва дар айни ҳол фишори низомии Исроил бар ҷануби Навори Ғаззаро коҳиш диҳад.

Гурдонҳои Ал-Қисом, шохаи низомии ҷунбиши исломии Ҳамос, дар видёе ба таърихи ҳафтуми март партобгари ҷадидеро бо номи шаҳидон Хайрӣ Ал-Қам ва Аддӣ Ат-Тамимӣ рӯнамоӣ кард.

Генерал-майор Файз Ад-Давирӣ, коршиноси низомӣ ба Алҷазира таъкид кард, ки ончи дар ин видиё нишон дода мешавад ин аст, ки мумкин аст шабеҳ созии мушаки Катюша 122 мили метрӣ бошад, ба ин маъно, ки бурди он ба 14 километр мерасад ва он ба ин маъно аст, ки тамоми шаҳракҳои атрофи Ғазза дар тирраси он хоҳанд буд.

Ин партобгар ҳашт мушак ҳамл мекунад ва ба гуфтаи Файз Ад-Давирӣ, ки гуфта буд аз тариқи муҳандисии маъкус сохта шудааст, мумкин аст яке аз дастовардҳои набарди феълӣ бошад.

Дар ҳамин робита яке аз аъзои парлумони режими саҳюнистӣ таъкид кард кобинаи кунунии Нетанёҳу хатари ҷиддӣ ва фаврӣ алайҳи мавҷудияти режими саҳюнистӣ аст ва ҳар рӯзе, ки ин давлат дар он ба фаъолияти худ идома медиҳад, як гом моро ба нобудии ин манзил наздик мекунад.

Гуфтнӣ аст, ки гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва муқовимати исломии Ҳамос оташ баси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфае барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими ҷинояткори Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа аввали декабри 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими кӯдаккуш барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад