Кӯшиши Амрико барои коҳиши ширкаткунандагон дар интихоботи президентии Русия

Давлати Амрико барои коҳиши мушорикати мардуми Рeсия дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар талош мекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, сервиси иттилооти хориҷии Русия рӯзи душанбе эълом кард, давлати Амрико кӯшиш мекунад то мизони мушорикати умумӣ дар интихоботи пеши рӯи Русияро таҳти таъсир қарор диҳад.

Бино ба эъломи сервиси иттилооти хориҷии Русия, Кохи Сафед созмонҳои ғайридавлатии амрикоиро муваззаф ба коҳиши мушорикати мардумӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия кардааст.

Сервиси иттилооти хориҷии Русия дар ин росто эълом кард, ки манобеи интерентии мухолифи Русия ба таҳрики Вашингтон паёмҳоеро ба шаҳрвандони русӣ ирсол мекунанд, ки интихоботи раёсатҷумҳуриро нодида бигиранд.

Дар бахше аз баёнияи Сервиси иттилооти хориҷии Русия омадааст: Бо мушорикати мутахассисони барҷастаи фанноварии иттилооти Амрико, қарор аст ҳамлаҳои киберӣ ба системаи ройгирии электроникӣ аз роҳи дури Русия анҷом шавад, ки дар натиҷаи он шумориши оро бахши қобили таваҷҷӯҳе аз раъй диҳандагони Русияро ғайримумкин кунад.

Сервиси иттилооти хориҷии Русия таъкид кард, Вашингтон кӯшиш мекунад то аз тариқи коҳиши мушорикат дар интихоботи Русия, аз ҷумла аз тариқи ҳамлаҳои киберӣ, далоили кофӣ шубҳа андохтан дар натоиҷи интихоботи Русияро барои худ фароҳам кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад