Таъкиди Тоҷикистон ва Туркия ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба

Дар дидори вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Туркия ба алоқаи тарафайн нисбат ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф таъкид шуд.

Дар дидори вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Туркия ба алоқаи тарафайн нисбат ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф таъкид шуд.

Дар дидори Сироҷуддин Муҳриддин ва Ҳакан Фидон, вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Туркия бар алоқаи мутақобил нисбат ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф таъкид шуд.

Дар ин дидор, ки дар ҳошияи севумин давраи иҷлоси маҷмаи дипломосии Анталия баргузор шуд, Муҳриддин ва Фидон тавсеаи равобити дуҷониба ба вижа дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва омӯзиширо мавриди баҳс ва баррасӣ қарор доданд.

Муҳриддин ва Фидон иҷрои барномаи ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар барои солҳои 2024-2026-ро, ки дар ибтидои соли ҷории мелодӣ ба имзо расида буд, муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин ду тараф дар бораи масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Севумин давраи иҷлоси маҷмаи дипломосии Анталия бо ҳузури сарон, вазирон ва раисони созмонҳои байналмилалӣ аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад