Ғарб масъули наслкушӣ дар Ғазза аст

Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: Масъалаи Ғазза Исломро ба дунё муаррифӣ кард ва маълум шуд, ки Ислом ва омили дин, боиси иқтидору муқовимату таслим нашудани мардум дар муқобили ин ҳама бомбаборон ва фоҷеаофаринии саҳюнистҳост.

Ин масъала ҳақиқати фарҳангу тамаддуни ғарбиро ҳам ба ҷаҳониён нишон дод ва мушаххас шуд, ки сиёсатмадорони баромада аз ин фарҳанг ҳатто ҳозир ба эътироф ба иқдоми саҳюнистҳо дар наслкушии фаластиниҳо нестанд ва бо вуҷуди бархе ҳарфҳо, дар амал бо ветои қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал пеши таваққуфи ҷиноятҳоро мегиранд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи дирӯз (28/02/2024) дар дидор бо ҳазорон нафар аз раъйи аввалиҳо ва ҷамъе аз хонаводаҳои шаҳидон, ҳузури пуршӯр ва қавии миллати Эронро дар интихобот, таҷаллии қудрати миллӣ, тазминкунандаи амнияти миллӣ ва маъюскунандаи душманони чашмдӯхта ба Эрон хонда ва бо шуморидани вижагиҳои номзади солеҳтар таъкид кард, ки интихоботи пуршӯр, заминасози рафъи мушкилот, пешрафти Эрон ва аз аркони идораи дурусти кишвар аст ва ҳар касе Эрон, Ҷумҳурии Исломӣ , Инқилоби Исломӣ, қудрати миллӣ ва пешрафтро дӯст дорад, рӯзи ҷумъа ба пои сандуқи раъй бияёд.

Ишон насли ҷавони баъд аз пирӯзии Инқилоби Исломиро бисёр бештар аз ҷавонони қабл, аҳли таҳқиқу истидлол ва мантиқу ростиозмоӣ дониста ва афзуд: Ҷавонони азиз бидонанд, ки сандуқи воқеии раъй ва ҳузури боангеза, бошинохт, ботаваққуъ ва умедворонаи мардум дар интихобот, осон ба даст наёмада ва ҳосили муҷоҳидатҳо ва фидокориҳои тӯлонии миллат дар мубориза бо истибдоду режими тоғӯт аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба навиштаҳои бархе аносири тоғӯт дар бораи зоҳирӣ будани интихобот қабл аз Инқилоби Исломӣ гуфт: Ҳамон тавр ки онҳо ҳам эътироф карданд, листи барандагони интихобот аз қабл дар дарбор ва ҳатто гоҳе дар бархе сафоратхонаҳои хориҷӣ баста мешуд ва бояд ҳамин лист аз сандуқҳо берун меомад.

Ишон бо ишора ба ҳокимияти гурӯҳҳои диктаторӣ баъд аз инқилобҳои бузурге монанди инқилоби кабири Фаронса ва инқилоби Шуравии собиқ афзуд: Имом Хумайнӣ (рҳ) бо эътимоди комил ба мардум ва аҳамият додан ба сандуқи интихобот, танҳо ҳудуди 50 рӯз пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ, навъи ҳукуматро ба ҳамапурсӣ гузошт то миллат ба унвони соҳибони кишвару инқилоб, тасмимгири ҳамаи масоили муҳим шаванд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: Баъд аз ҳамапурсии 12 фарвардини 1358 ҳ.ш., дар ҳамон соли аввали Инқилоби Исломӣ, 4 интихобот ва ҳамапурсии дигаре ҳам баргузор шуд то аркони кишвар бо хосту орои миллат шакл ва ҷиҳат бигирад.

Ишон бо нафй ва радди дидгоҳе, ки муътақид ба ширкати қавии мардум дар интихобот нест ва мегӯяд, ки интихобот бо ҳузури ҷамъе баргузор шавад ва маҷлису давлате ҳам рӯи кор биёянд, таъкид кард: Аммо мо мегӯем, ки интихобот бояд пуршӯр бошад, зеро ҳузури пуршӯри мардум, нишонаи ҳузури миллат дар саҳнаҳои муҳими идораи кишвар ва сарвати бузурге барои Эрон аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба маҳсус шудани нишонаҳои шӯру нишоти интихоботӣ дар саросари кишвар, ҳузури миллати Эрон дар саҳнаро муъҷизаофарин хонд ва бо ишора ба душманони хабисе, ки чорчашмӣ муроқиби Эрони азиз ва интихоботи рӯзи ҷумъа ҳастанд, гуфт: Амрико сиёсатҳои ағлаби аврупоиҳо, саҳюнистҳои хабис, сармоядорону компанияҳои бузурге, ки бо ангезаҳо ва ба далоили гуногун бодиққат масоили Эронро пайгирӣ мекунанд, беш аз ҳар чизи дигаре аз ҳузури мардум дар интихобот ва қудрати мардумии Эрон бимноканд.

Ишон афзуд: Душманон дидаанд, ки ҳамин қудрати мардумии таъинкунанда, режими тоғӯтии мавриди ҳимояти Амрико ва Англисро аз байн бурд ва дар ҷанги таҳмилӣ Саддомро бо вуҷуди ҳомиёни ғарбӣ ва шарқӣ ва минтақаиаш, залилу хокнишин кард, ба ҳамин иллат интихобот мазҳари ба рух кашидан қудрати миллии кишвар аст.

Раҳбарии олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳузури қавии мардум дар интихоботро таҷаллии қудрати миллӣ ва қудрати миллиро тазминкунандаи амнияти миллӣ хонда ва гуфт: Бе амнияти миллӣ, ҳеҷ чиз вуҷуд нахоҳад дошт ва душман агар дар заминаи қудрати миллӣ заъфе дар эрониён бибинад аз завоёи мухталиф, амнияти миллиро таҳдид хоҳад кард.

Ишон мухолифатхонии душманонро аз фарвардини имсол, нишонаи нигаронии онҳо аз ҳузури миллати Эрон дар интихобот дониста ва гуфт: Бадхоҳон моҳҳост, ки дар радио-телевизионҳо ва дар фазои маҷозӣ саъй мекунанд, ки мардумро аз ҳузуру асарбахшии интихобот маъюс кунанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба беилтифотии бархе дар дохил ба интихобот афзуд: Касеро муттаҳам намекунем, аммо ба ҳама ёдовар мешавем, ки бояд ба интихобот аз зовияи амнияти миллӣ ва на гурӯҳӣ ва ҷиноҳӣ нигоҳ кард ва ҳар кас кишвару миллат ва амнияти миллиро дӯст дорад бидонад, ки агар интихобот заъиф баргузор шавад, ҳама зарар мекунанд ва ҳеч кас суде нахоҳад бурд.

Ишон дастоварди муҳими интихоботи қавӣ ва пуршӯрро интихоби афроди қавӣ, ташкили маҷлиси қавӣ ва дар натиҷа рафъи мушкилот ва пешрафти кишвари Эрон хонда ва афзуд: Маҷлиси қавӣ қодир ба анҷоми корҳои бузург ва бардоштани гомҳои баланд хоҳад буд, ҳамчунон ки интихоботи қавӣ ва пуршӯри раёсатҷумҳурӣ дасти раисҷумҳурро барои анҷоми корҳои бузург боз мекунад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ рушди сиёсии ширкаткунандагон ба хусус ҷавононро дастоварди дигари интихобот дониста ва гуфт: Рушди сиёсӣ ва афзоиши қудрати таҳлили ҷавонон дар давраи интихобот, бисёр арзишманд аст, чун боиси шинохти душман ва шеваҳо ва иқдомоти ӯ ва дар натиҷа шинохти роҳҳои муқобила ва хунсо кардани татеаҳои бадхоҳон хоҳад шуд.

Ишон хитоб ба ҳамаи мардум таъкид кард: Бидонед, ки андохтани раъй дар сандуқ, ки кори осон аст, натоиҷи бузурге дар пай дорад, бинобар ин аз ин фурсат бояд истифода кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ёдоварии бовар ва эътиқоди худ ба нақши пешрону пешрави ҷавонон дар майдонҳои мухталиф, нақшофаринӣ ва шавқангезии онҳо дар майдони интихоботро низ зарурӣ дониста ва гуфт: Ҷавонҳо ҳам дар интихобот ширкат кунанд ва ҳам бо истидлолу баёни мантиқӣ, падарону модарон ва атрофиёни худро ба ширкат дар интихобот ташвиқ кунанд.

Ишон бо таъкид бар ин ки мо бо афроде, ки ба ҳар далеле воқеан қодир ба ширкат дар интихобот нестанд, ҳарфе надорем, дар мавриди касоне ки нисбат ба интихобот изҳори бемайлӣ мекунанд гуфт: Аммо муттаассифона бархе афрод нисбат ба интихобот изҳори бемайлӣ мекунанд ва дигаронро низ ба ширкат накардан дар интихобот ташвиқ мекунанд, ба назари ман ин афрод беҳтар аст қадре фикр кунанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ хитоб ба ингуна афрод афзуд: Раъй надодан ҳеҷ фоида ва натиҷае надорад, аммо ҳадди ақал дар раъй додан эҳтимоли фоида вуҷуд дорад, агарчӣ мо муътақидем, ки раъй додан ҳатман фоида ва дастовард дорад.

Ишон дар табйини як асари айнии раъй надодан гуфт: Раъй надодан ҳеҷ мушкилеро аз кишвар ҳал намекунад, зимни ин ки барои худ фард ҳам зарар дорад, чун агар раъй надиҳад, дигарон раъй медиҳанд ва фардеро, ки шумо моил ба интихоби ӯ нестед, интихоб мешавад дар сурате ки шумо бо раъйи худ метавонистед пеши интихоби ин фардро бигиред.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини меъёрҳои номзадҳои солеҳтар, номзадҳои таъйидшуда дар Шӯрои нигаҳбон ва дастгоҳҳои назоратиро солеҳ хонда ва гуфт: Аслаҳ касест, ки дар пойбандӣ ба дин ва амал беҳтар ва пештар бошад, ба истиқлоли кишвар ва вобаста нашудан ба қудратҳо исрори бештаре дошта бошад, ба мубориза бо фасод ақидаи ҷиддӣ дошта бошад ва нисбат ба манофеи миллӣ ҷиддитар бошад, яъне манофеи миллӣ ва асбоби иззату осоишу пешрафти кишварро бар манофеи шахсӣ ва таассуботи ҷиноҳӣ тарҷеҳ диҳад.

Ишон роҳи шинохти аслаҳ ва татбиқи ин мелокҳо бо номзадҳои интихоботро мутолиа, таҳқиқ, диққат дар изҳорот ва шунидан аз афроди огоҳ ва машварат бо онон хонда ва гуфт: Ин кори сахт ва нашуданӣ нест. Масалан дар Теҳрон феҳристҳои мухталифе вуҷуд дорад, ки бархеро мешиносем, баъзеро аз дигарон пурсуҷӯ мекунем ва бархеро ҳам ба афроде, ки муаррифӣ кардаанд, эътимод мекунем ва номашонро дар баргаи раъй менависем. Бинобар ин ҳар миқдоре ки мумкин аст бояд дар ин замина талош кард.

Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки Худованд барои миллати Эрон интихоботи матлубу шоиста муқаддар фармояд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома масъалаи Ғаззаро масъалаи асосии дунёи Ислом баршумурда ва гуфт: Масъалаи Ғазза Исломро ба дунё муаррифӣ кард ва маълум шуд, ки Ислом ва омили дин, боиси иқтидору муқовимату таслим нашудани мардум дар муқобили ин ҳама бомбаборон ва фоҷеаофаринии саҳюнистҳост. Ин масъала ҳақиқати фарҳангу тамаддуни ғарбиро ҳам ба ҷаҳониён нишон дод ва мушаххас шуд, ки сиёсатмадорони баромада аз ин фарҳанг ҳатто ҳозир ба эътироф ба иқдоми саҳюнистҳо дар наслкушии фаластиниҳо нестанд ва бо вуҷуди бархе ҳарфҳо, дар амал бо ветои қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал пеши таваққуфи ҷиноятҳоро мегиранд.

Ишон худсӯзии афсари неруии ҳавоии Амрико дар эътироз ба ҷиноятҳои режими саҳюнистиро нишонаи авҷи расвоӣ ва фазоҳати сиёсатҳои хилофи башарии Амрико ва фарҳанги фосиду золими ғарбӣ дониста ва гуфт: Ҳатто ин фард, ки дар фарҳанги ғарбӣ парвариш ёфта буд, умқи фазоҳати ин фарҳангро дарк кард.

Ишон ибрози умедворӣ кард: Худованд ба Ислом ва муслимин ва Фаластин ба хусус Ғазза нусрати комил ато кунад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён ба аҳамияти моҳҳои шаъбон ва рамазон ва зарурати талош барои наздикӣ ба Худои Мутаол ишора карда ва афзуд: Айёми боқиимонда аз моҳи шаъбон ва баъд аз он моҳи рамазон фурсати муғтанаме барои дуо, муноҷоту тақвияти иртибот бо Парвардигор аст ва тавсияи ман ба хусус ба ҷавонон, ки дилҳои поку зулол доранд ин аст, ки аз дуоҳои воридшуда аз аиммаи атҳор, истиғфору салавот ғафлат накунанд, зеро ин дуоҳо мутазаммини маорифу мазомини олӣ аст ва унси шуморо бо холиқи ҳастӣ афзоиш медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад