Агар ҳимояти Амрико набуд, гуруснагӣ ва куштор алайҳи Ғазза идома намеёфт

Усома Ҳамдон, аз раҳбарони Ҳамос гуфт: истифодаи Амрико аз ҳаққи вето барои севумин бор нишонаи мушорикати Вашингтон дар куштори мардуми Ғазза аст. Агар ҳимояти Амрико набуд ҷанг, гуруснагӣ ва қатлиом дар Ғазза идома намеёфт.

Ба гузориши “Ал-Олам”, Усома Ҳамдон, сухангӯ ва узви аршади дафтари сиёсии ҷунбиши исломии Ҳамос шомгоҳи ҷумъа тайи суханоне гуфт: тамоми ширкаткунандагон ва ҳомиёни ҷанг алайҳи Ғазза масъули ҷиноёте ҳастанд, ки дар ин ҷанг анҷом мешавад.

Вай тасреҳ кард: Байден ва давлаташ ҳамроҳ бо кабинаи режими Исроил масъули ҷиноёт дар Ғазза ҳастанд. Ин ҷанг дар шимоли борикаи Ғазза алайҳи беш аз 700 ҳазор фаластинӣ дар ин минтақа идома дорад. Ҷанги гуруснагӣ алайҳи мардуми Ғазза бино ба дастури мустақими Нетанёҳу ва вазири ҷанги ӯ анҷом шудааст.

Вай гуфт: аз тасмими барномаи ҷаҳонии ғизо барои таълиқи таҳвили кумакҳо дар шимоли Ғазза ғофилгир шудем.

Ин фармондеҳи муқовамат изҳор дошт: аз бародаронамон дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ мехоҳем иқдоми фаврӣ барои шикастани муҳосираи Ғазза ва кумак ба аҳолии он анҷом диҳанд.

Ӯ таъкид кард: душмани аҳюнистӣ ҳар тарҳе дошта бошад ҳаргиз сайтара ё ҳокимият бар Масҷидулақсо нахоҳад дошт. Беҳурматии душмани саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо ё нақзи озодии ибодат дар он ҳаргиз бидуни бозхост боқӣ нахоҳад монд.

Ҳамдон гуфт: кабинаи Нетанёҳу ҳанӯз нисбат ба хостаҳои Ҳамос ва муқовамати Фаластин лаҷоҷат мекунад. Нетанёҳу вақткушӣ ва фиребкорӣ мекунад ва ҳадафаш таваққуфи дастёбӣ ба тавофуқ аст. Мо бо рӯҳияи мусбат бо пешниҳодоти миёнҷигарон дар бораи таваққуфи ҷанг ва рафъи муҳосира бархурд кардем.

Сухангӯ ва узви аршади дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос изҳор дошт: аҳдофи шахсии Нетанёҳу бо тарҳҳои пешниҳодӣ таоруз дорад. Ҳадафи душмани саҳюнистӣ дар бораи истирдоди асиронаш бо истифода аз зӯр, ҳаргиз муҳаққақ нахоҳад шуд ва Қассом ба муқобила бо мутаҷовизон идома хоҳад дод.

Ҳамдон гуфт: хостори таҳқиқи байналамллии мустақил ва сареъ дар бораи гузориши Созмони Милали Муттаҳид пиромуни нақзи ҳуқуқи фаластиниён тавассути душмани саҳюнистӣ ҳастем.

Вай тасреҳ кард: истифодаи Амрико аз ҳаққи вето барои севумин бор нишонаи мушорикати Вашингтон дар қатлиом дар Ғазза аст. Агар ҳимояти ҳукумати Амрико набуд ҷанги гурусна нигаҳ доштани мардуми Ғазза ва қатлиоми онон идома намеёфт. Ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба таври 24 соата дар осмони Ғазза парвоз карда ва иттилоотро мустақиман барои артиши саҳюнистӣ ирсол мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад