Фоҷиаи инсонӣ дар сурати ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ

Ҳамлаи заминии режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ, фоҷиаи бузурге хоҳад буд, зеро масоҳати Рафаҳ ва атрофи он аз 60 ё 65 километри мураббаъ фаротар намеравад ва беш аз як миллиону 300 ҳазор фаластинӣ дар он сокин ҳастанд.

Ҳамалоти зидди башарии режими ишғолгари саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ дар ҳоле вориди 133 мин рӯзи худ шудааст, ки бомбаборони манотиқи мухталифи Ғазза ба вижа Рафаҳ ва Дайрулбалаҳ ҳамчунон идома дорад ба тавре, ки 24 соати гузашта ба шаҳодат ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо тан аз Фаластиниҳо мунҷар шудааст.

Ҳамалоти ҷангандаҳои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи манотиқи мухталифи Навори Ғазза ба вижа Рафаҳ ва Дайрулбалаҳ ҳамчунон идома дорад ба тавре, ки дар 24 соати гузашта ба шаҳодат ва маҷрӯҳ шудан даҳҳо тан аз фаластин мунҷар шудааст.

Бинобар гузориши хабаргузориҳо дар Ғазза, бар асари бомбаборони Рафаҳ ва Дайрулбалаҳ 7 тан шаҳид ва 12 тан дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳамчунин артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ як муҷтамеи маскуниро дар шаҳраки Ал-Амал воқеъ дар Хон Юунс ба таври комил мунфаҷир кард ва даҳҳо хонаро дар як лаҳза ба вайрона табдил кард.

Дар ҳамин ҳол “Бинёмин Нетаняҳу” нахуствазири режими кӯдаккуш ва хуношоми саҳюнистӣ гуфтааст, ки пас аз хурӯҷи ғайри низомиён аз шаҳри Рафаҳ воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза, амалиёти «қудратманде»-ро дар ин шаҳр анҷом хоҳад дод.

Фоҷиаи инсонӣ дар сурати ҳамлаи заминӣ ба Рафаҳ / 50 дарсади ҷамъияти борикаи Ғазза дар Рафаҳ ҳастанд

Ҳамлаи заминии режими ҷиноякори саҳюнистӣ ба Рафаҳ, фоҷиаи бузурге хоҳад буд, зеро масоҳати Рафаҳ ва атрофи он аз 60 ё 65 километри мураббаъ фаротар намеравад, дар ҳоле, ки беш аз як миллион ва 300 ҳазор фаластинӣ дар он сокин ҳастанд, яъне беш аз 50 дарсад аз ҷамъияти борикаи Навори Ғазза дар Рафаҳ ҳузур доранд ва дар сурати ташдиди амалиёти низомӣ дар Рафаҳ, онон ҷое барои рафтан надоранд зеро барои мисол наздиктарин шаҳр ба Рафаҳ, Хон Юнус аст, ки дар шимол қарор дорад, ҷое, ки амалиёти низомии режими Исроил дар он ҳамчунон идома дорад.

Агар амалиёти низомии бузурге дар Рафаҳ анҷом шавад, теъдоди бисёр зиёде талафоти ғайринизомӣ сабт мешавад, афзуд: ба ҳамин далел мушаххас аст, ки чаро ин ҳама тамос ва талош аз саросари ҷаҳон дар ҷараён аст, ки исроили ҷиноякткор ва хуношом набояд ба Рафаҳ ҳамла кунад ва иқдом низомӣ анҷом диҳад, зеро агар ҷанг ба Рафаҳ кашида шавад, хунҳои бештаре рехта хоҳад шуд.

Дар ҳамин росто сухангӯи “UNRWA” таъкид кард тасмими шуморе аз кишварҳои кумак кунанда барои таълиқи кумакҳои молӣ ба ин ожонсро бисёр аҷулона ва фоқиди оянданигарӣ хонд ва онро монанди зарбаи мӯҳлик ба фаластиниёни Ғазза тавсиф кард.

Вай бо ишора ба инки ин Ожонс дар соли 2023, 800 ва 40 миллион доллар аз ин кишварҳо барои кумак расонӣ ба фаластиниён дарёфт кардааст, ҳушдор дод: нақдинагӣ мавҷуди ин Ожонс фақат то поёни моҳи ҷорӣ ё ҳафтаи аввал ё дувуми моҳи оянда кофӣ аст ва агар вазъият ба ҳамин сурат пеш биравад, сенарияи ваҳшатноке рақам хоҳад хӯруд ва мумкин аст амалиёти худро натанҳо дар Навори Ғазза, балки дар ҳар панҷ минтақаи амалиётӣ дар Фаластин мутаваққиф кунем, ки ин масъала омили муҳимми бар ҳам хӯрдани сабот дар Ховари Миёнаро мунҷар хоҳад шуд.

Сухангӯи ожонси имдод ва кори Созмони Милали Муттаҳид барои оворагони фаластинӣ гуфт: Мо аз ин кишварҳо мехоҳем, ки тасмими худро лағв кунанд ва мунтазири натиҷаи таҳқиқот дар бораи иддаоҳои Исроил бошанд. Ҳанӯз мадорике ироа нашуда ва ҳатто тарафи исроилӣ низ ба сурати расмӣ мадраке ироа накардааст, балки дар яке аз дидорҳои мо бо тарафи исроилӣ иттилооте дар ин маврид нақл шудааст, аммо бархе кишварҳо ба суръат ин кумаки молиро мутаваққиф карданд.

Вай хотирнишон кард: хушбахтона кишварҳое буданд, ки аз Амрико ва дигарон улгу нагирифтанд ва ба ҳимояти худ идома доданд аз ҷумла Белгия, Испания, Норвегия ва Ирландия ва кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс. Ҳамчунон талошҳои дипломатики Урдун, Фаластин ва ҳамчунин Ожонси имдоди Созмони Милал идома дорад, ки ин кишварҳо дар тасмими худ таҷдиди назар кунанд ва ба ҳимоят аз UNRWA идома диҳанд ба хусус, ки ниёз ба он ба вижа дар Навори Ғазза бештар шудааст.

Сухангӯи ожонси имдод ва кори Созмони Милали Муттаҳид идома дод, фалаҷ кардани UNRWA ба маънои фалаҷ кардани тамоми корҳои башардӯстона дар Навори Ғазза аст, зеро соири ниҳодҳо дар Навори Ғазза низ барои кори худ ба мо вобаста ҳастанд… мо ожонсе ҳастем, ки имкони дарёфти кумакҳоро дорем зеро бузургтарин ниҳод ҳастем ва аз назари васоили техникӣ метавонем ин корро анҷом диҳем.

Сухангӯи ожонси имдод ва кори Созмони Милали Муттаҳид дар поён гуфт: фалаҷ кардани Созмони UNRWA, роҳе барои давр задани фишорҳо ба тарафи исроилӣ дар хусуси афзоиши кумакҳо аст, гӯё аз як тараф кумакҳоро каме афзоиш медиҳанд, аммо тавонои тавзеи онро аз байн мебаранд.

Гуфтнӣ аст, ки гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва муқовимати исломии Ҳамос оташ баси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфае барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими ҷинояткори Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа аввали декабри 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими кӯдаккуш барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад