Баррасии масоили марзӣ байни Э. Раҳмон ва вазири хориҷии Қирғизистон

Президенти Тоҷикистон ба вазири хориҷаи Қирғизистон идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намудааст.

Президенти Тоҷикистон ба вазири хориҷаи Қирғизистон идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намудааст.

Ба гузориши манбаъ:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон бар аҳамияти рушди фаъолтари муколамаи сиёсӣ ва таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои ду кишварро, ки бар арзишҳои чандинасраи дӯстӣ ва анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, таъкид кардааст.

Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои пешбурди музокироти дуҷониба оид ба муайян намудани хати сарҳади давлатҳоро баррасӣ кардаанд.

“Таъкид гардид, ки тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмӯъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд”,- афзудааст манбаъ.

Кишвардори Тоҷикистон дар ин самт идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намуданд.

Дар ин дидор ҳамчунин масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ, парлумонӣ ва дар дигар самтҳои ҳамкории байни ду кишвар баррасӣ шуданд.

Зимни мулоқот ба мавзӯъҳои алоҳидаи дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд:

Тоҷикистон ва Қирғизистон боз сари қисме аз тақсимоти сарҳади давлатӣ ба мувофиқа расиданд.

Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

“Дар вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 3,71 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд”,- афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ин мувофиқа дар нишасти якҳафтаинаи гуруҳҳои гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматӣ, ки аз 30 январ то 5 феврал дар шаҳри Бодканд доир шуд, ба даст омад.

Таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, аз натиҷаи мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Тибқи нақша, ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод.

Масъалаи тақсимоти марз имрӯз 5 февра аз мавзӯи меҳварии мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷииҚирғизистон Жээнбек Кулубаев шуд.

Дар ин дидор таъкид гардидааст, ки тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмӯъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд.

Раҳбари Тоҷикистон аҳамияти дар ин маҷро идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад