Ҳамалоти беамони Ҳизбуллоҳи Лубнон ба манотиқи мухталифи Исроил

Бо оғози амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" тавассути гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ростои саргарм кардани бахши умдае аз низомиёни саҳюнистӣ дар шимоли Фаластин ва коҳиши фишор бар муқовимат дар Ғазза, иқдом ба анҷоми амалиётҳои рӯзона ва сангин алайҳи аҳдофи режими саҳюнистӣ дар дохили хоки Фаластин кардааст.

Ба тозагӣ рӯзномаи “Ал-Ахбор” навишт, ки муқовимати Лубнон ба токтикҳои хоссе рӯй овардааст, ки душман тавони рӯёрӯӣ бо онро надорад.

Бар ин асос, фармондеҳи муқовимат ба размндагони ихтиёроте дода, ки онҳоро қодир ба анҷоми иқдомоти зиёде мекунад ва муқовимати Лубнон муваффақ ба ворид кардани хисороти мустақим ба мавозеъ, ҷангафзорҳо ва системаҳои душман шудааст.

Дар ин бора расонаҳои саҳюнистӣ низ мӯътақиданд, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон дар шимоли сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳамчунон дасти бартарро дорад ва артиши Исроил дар ин минтақа ба дом афтодааст ва мутаҳаммили заработи шадиде шудааст.

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки бахши густурдае аз сохтумонҳо дар шаҳракҳои саҳюнистнишин дар минтақа Ал-Ҷалил дар шимоли Фаластини ишғолӣ дар пайи ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ осеби зиёде диданд.

Ба гузориши рӯзномаи саҳюнистии «Haaretz», дар пайи ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон бо мушакҳои зидди зиреҳӣ аз ҳаштуми октябр токунун, 120 сохтумон дар шаҳраки саҳюнистнишини «Ал-Мутла» хисорат дидааст.

Дар шаҳраки саҳюнистнишини «Ал-Манора» низ 80 сохтумон аз маҷмӯъи 155 сохтумон осеби шадиде дидааст.

Манобеи хабарӣ рӯзи гузашта аз мавҷи ҷадиди ҳамалоти мушакии густурдаи муқовимати исломии Лубнон ба мавозеи артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд.

Шабакаи Ал-Ҷазира дар ин бора гузориш дод, ки чандин мушак аз хоки Лубнон ба самти мавозеи режими ишғолгари саҳюнистӣ шиллик шуд ва ожири хатар дар даҳҳо шаҳрак дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ба садо даромад.

Ҳамчунин ба гуфтаи манобеи мутталеъ, чанд мушак ба бархе аз ин шаҳракҳо исобат кардааст.

Дар ҳамин росто, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълом кард, ки маҳалли таҷаммӯъи низомиёни артиши режими саҳюнистӣ дар наздикии подагони «Адмит»-ро бо мушак ҳадаф қарор дода ва мушакҳои партоб шуда ба таври мустақим ба аҳдофи мавриди назар исобат карданд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин дар баёнияи дигаре аз ҳадаф қарор додани мавзеи низомии «Ройсатул-Қарн» бо чанд мушак хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи саҳюнистии Haaretz навишт, ки беш аз ниме аз хонаҳои шаҳраки саҳюнистнишини Ал-Манора дар минтақаи Ал-Ҷалил ба далели исобати мушакҳои ҳидоятшавндаи зидди зиреҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба сурати ҷузъӣ ва ё куллӣ осеб дида ва тахриб шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзномаи «Yedioth Ahronoth» ба нақл аз мақомоти вазорати дороӣ режими палиди саҳюнистӣ гузориш дод бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти пешомада барои шаҳракҳои тахлия шуда дар шимоли Фаластини ишғолӣ, барои ёфтани роҳиҳал барои онҳо дар будҷаи соли ҷорӣ талош хоҳем кард.

Як расонаи саҳюнистии дигар низ ба воковоии ҳамлаи мушакии сангини Ҳизбуллоҳ ба пойгоҳи муҳимми стратегии Меруни режими Исроил дар шимоли Фаластини ишғолӣ пардохт ва навишт, ки ҳамлаи сангин ба ин пойгоҳ пешдаромади як ҷанг бо шиллики ҳазорон мушак аст. Расонаи саҳюнистии Вала навишт, ки воқеият ин аст, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон мушакҳоро ба самти минтақаи мушаххасе шиллик кард то корро барои душмани худ ба вижа дар дифоъ сахт кунад.

Ин расонаи саҳюнистӣ афзуд, ки ин ҳамлаи шадиди мушакӣ, ки субҳи шанбе анҷом шуд, дар воқеъ пешдаромаде барои ҷанге аст, ки тайи он Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳазорон мушак шиллик хоҳад кард ва тамаркузаш рӯи марокизи роҳбурдӣ ва ҳассос монанди зерсохтҳо ва пойгоҳҳои низомӣ ва ниҳодҳои мо хоҳад буд. Вала идома дод: «ин мушакборон бо ҳадафи он аст, ки корро барои сомонаи дифои ҳавоӣ артиши Исроил бисёр сахт кунад ва бо шиллики анбӯҳе аз мушак, чанд мушак ба ҳадаф исобат кунад.

Дар ҷанги тамомаёр, даҳҳо ва балки садҳо мушак шиллик хоҳад шуд.» албатта бояд афзуд, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон дирӯз низ дар баёниая эълом кард: «бо мушак маркази таҷаммӯъи низомиёни саҳюнистиро дар ҷануби Ал-Манора ҳадаф қарор додем.» Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин бо10 мушак Ал-Ҷалилро мавриди ҳамла қарор дод ва низ дарҳамлае бандари Ҳайфоро зери оташи шадиди худ қарордод.

Бинобар ин, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин амалиётҳо аз маҷмӯаи мутанаввеъ аз таслиҳот истифода кард, ки танҳо ба моҳияти бахше аз онҳо ишора кардааст. Аз ҷумлаи ин силоҳҳо метавон ба тӯпҳои 57 милиметрӣ ва мушакҳои раҳгир ва ракет ва тӯпхона ва мушакҳои замин ба ҳаво ва мушакҳои Град ва Баркан ва паҳподҳои ҳуҷумӣ ишора кард. Гарчи режими ҷинояткори саҳюнистӣ саъй карда хисорот ва талафоти худ дар натиҷаи ҳамалоти муқовимати Лубнонро махфӣ нигаҳ дорад; Аммо дӯрбинҳои расонаи ҷангии Ҳизбуллоҳ бисёре аз талафоти душмани саҳюнистӣ дар тӯли марзҳоро сабт кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад